Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ки барои поён додани ҷанг дар Украина ин кишвар бояд аз баҳри баъзе аз қаламравҳояш бигзарад. Ба қавли ӯ, гуфтугӯи ҳамин ҳафта бо Владимир Путин, президенти Русия нишон медиҳад, ки то куҷо Маскав омодааст, созиш кунад ва ҷангро поён диҳад.