Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) гузариши футболбозон ба дастаи “Равшан”-и Кӯлобро ба муҳлати се марҳила ё равзанаи тарансферӣ манъ кард. Дар ин бора сомонаи ФИФА хабар додааст. Намояндагони тими “Равшан” қарорро ноодилона номиданд.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 рӯзи якшанбеи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - баргузор мегардад.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ бори аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
Ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкати худро дар Бозиҳои III ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешаванд, тасдиқ карданд.
Бозии марказии даври ҳаштуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Вахш”-и Бохтар, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 9-11-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона - доир гардид, бе медал монданд.
Ёфтҳои бештар