Дар ин гузориш, ки 16-уми май пахш шуд, омадааст, Тоҷикистон дар баробари чанд кишвари дигар дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ, нархҳои баланди маҳсулоти ғизоӣ ва паёмадҳои шадиди тағйироти иқлим, осебпазир аст.
Бо нишони норизоиятӣ аз тахриби хонаву мағозаҳояшон гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд чанд рӯз боз таҷаммӯъ мекунанд. Иддаои онҳо ин аст, ки бар ивази манзилашон як ширкати сохтмонӣ ҷуброни кам медиҳад ва хостаҳояшонро ба инобат намегирад.
Дар ҳоле, ки ронандагони баъзе ширкатҳои таксиронӣ дар Душанбе аз гирифтани рақамҳояшон шикоят доранд, пушти дари ширкати «Эко такси» ин шабу рӯз серодам аст. Ронандагоне, ки аз дигар ширкатҳои таксиронӣ ронда шудаанд, бо умеди идомаи кор ба «Эко такси» муроҷиат кардаанд.
Беш аз 400 тоҷири бозори «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, баъди қариб се моҳ ба дуконҳои худ баргаштанд. Бозори “Ҳулбук” моҳи феврали имсол бо дастури мақомот муваққатан баста шуда буд ва акнун корашро азсар гирифтааст.
Сун Ҷи Бин, як соҳибкори чинӣ дар Тоҷикистон иддао дорад, ки коршарикони тоҷикистониаш ӯро фиреб карда, тиҷораташро аз худ кардаанд, аммо ниҳодҳо ба додаш нарасидаанд. Тарафи дигари баҳс ин иддаоро рад мекунад.
Гузориши нави Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ки як идораи вобаста ба СММ мебошад, мегӯяд, соли 2024 аз хориҷа ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар маблағ (ё 45% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар) ирсол шудааст. Пулҳои интиқолӣ 27% бештар назар ба соле аз он пеш мебошад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 28-уми апрел бо имзои як фармони иҷроӣ талаб кард, ки ҳамаи ронандагони мошинҳои борбар дар ин кишвар бояд пеш аз шурӯи кор имтиҳони дониши забони англисӣ супоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом бо ҳадафи “таъмини амнияти оилаҳои амрикоӣ дар роҳҳо” анҷом дода мешавад.
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда аз 7,4 дарсади ҳозира ба 6,8 дарсад поин хоҳад омад. Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нест ва мегӯяд, тавсеаи иқтисод дар ду соли оянда аз 8 дарсад кам нахоҳад буд.
Ба дасти Радиои Озодӣ чанд видео расид. Дар онҳо мақомот деҳқононро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Рӯзи 21-уми апрел дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои шарҳи мавзуъ мактуби расмӣ талаб намуданд.
Гурӯҳе аз ронандагони ширкати "Рахш Такси" дар Душанбе шикоят доранд, ки аз оғози моҳи апрел нозирони БДА (ГАИ) бе пешниҳоди далеле рақами мошинҳояшонро мусодира мекунанд.
Ёфтҳои бештар