Як муассисаи байналмилалии молӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта ва имсол рушди қавие доштааст, вале идомаи ин раванди мусбат ба азми ҳукумат барои идомаи ислоҳот вобаста аст.
Солона садҳо ҳазор нафар аз мардуми Тоҷикистон барои кор ба хориҷ ва бахусус ба Русия мераванд ва аксаран аз ноилоҷӣ. Ҳукумати Тоҷикистон чӣ кор мекунад, то пеши роҳи муҳоҷирати оммавиро бигирад ва ё онро ба раванде табдил бидиҳад, ки муҳоҷир худаш огоҳона биравад ва ҳуқуқаш ҳам зери по нашавад?
Раиси Кумитаи сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, нархи хона дар шаҳри Душанбе ба таври назаррас боло рафтааст. Ба омори расмӣ, нархи миёнаи як метри мураббаъ манзил дар пойтахти Тоҷикистон феълан 800 доллар аст. Сокинон мегӯянд, харидани манзил дар пойтахти Тоҷикистон рӯз то рӯз мушкил мешавад.
Деҳқонони Ашт иддао доранд, ки сол то сол вазъи обёрӣ дар ноҳия бадтар мешавад. Ба гуфтаи онҳо ба сабаби камобӣ заҳмати чандинсолаашон барбод меравад ва муҳимтарин манбаи даромади онҳо, яъне ҳосили зардолу кам мешавад.
Моҳи январи имсол дар фурудгоҳи Кӯлоб ҳавопаймои Ан-28 бо садои карнайу сурнай пешвоз гирифтанд. Дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб, ки 30 сол пеш ҳеч ҳавопаймое дар он парвоз намекард.
Дар ҷараёни сафари давлатии Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл миёни ду ҷониб 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки баъди созиш бо ширкати литвонии "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймоаш дар Маскав аз ҳабс озод шудааст.
Қарор аст, дар шимоли Тоҷикистон калонтарин корхонаи коркарди маъданро сармоягузорони Чин дигарбора фаъол намоянд. Корхонаи Адрасмон 15 сол пеш аз кор монд ва садҳо сокини маҳал аз кору даромад маҳрум шуданд.
Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар нимсоли гузашта тақрибан 1300 ҷинояти иқтисодиро ошкор кардааст ва 442 ҷиноят фасод ва ришвахорӣ будааст.
Ёфтҳои бештар