Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар Узбекистон гуфт, ки аз пулҳои Гулнора Каримова, ки аз Швейсария баргардонида шудаанд, 20 миллион доллараш барои беҳтар кардани шароити мактабҳои деҳоти ин кишвар равона хоҳад шуд.
Як шаҳрванди 20-солаи Қирғизистон, ки дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард, дар тамрингоҳе дар вилояти Луҳански Украина пайдо шуд. Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон дар зери шиканҷа шартномаи рафтан ба ҷангро имзо кард.
Дар арафаи интихоботи порлумонии Молдова саҳифаҳои фейкии тарафдорони Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, ки бо ёрии ҳуши маснӯъӣ хабарҳои иғвобарангез дар миёни ҷомеаи ин кишвар паҳн мекунанд.
Доналд Трамп, президенти ИМА бо раҳбарони Узбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми 12 миллиард доллар созишномаи тиҷоратӣ имзо кардааст, ки баёнгари амиқтар шудани робитаҳои Кохи Сафед бо минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо ҳадафи суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кардааст.
Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд. Интизор меравад, ки ин ҳафта Фаронса ҳам ин корро анҷом диҳад. Давлати Исроил аз ин тасмим интиқод карда, онро туҳфае ба гуруҳи “Ҳамос” хондааст.
Моҳи ноябри соли 2024-ум давлати Австралия ғайримунтазира дастур дод, ки тамоми наврасони аз 16-сола поин аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум карданд.
Бовар меравад, ки беш аз як миллион аққалиятҳои мусалмон ба мисли уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизу тоҷикон ва узбекҳо дар 8 соли гузашта дар шабакаи густардаи урдӯгоҳҳои зиндоншакл дар Шинҷон нопадид шудаанд.
Як дучархарони фаронсавӣ, ки сафари тӯлонии 13-ҳазоркилометриро аз кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла Тоҷикистон тай карда ба Камчаткаи Русия расид, ба ҳабс гирифта шудааст.
President Donald Trump said the United States is attempting to get Bagram Airfield back from Afghanistan’s Taliban rulers, citing the extremist group’s need for US help and the facility’s nearness to China’s nuclear assets.
Ёфтҳои бештар