Се рӯз баъди боздошти нӯҳ сокини Кӯлоб, мақомоти ҳифзи қонун 15 нафари дигарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин - яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, шумори чунин боздоштшудаҳо ба 24 нафар расидааст.
Ҳафтаи гузашта, дар Душанбе ҳамоиши навбатии ҳайати Шӯрои кишварҳои узви тарҳи энержии CASA-1000 баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистону Афғонистон ширкат карданд.
Тоҷирони бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон интизори омадани харидор аз кишварҳои ҳамсояашон ҳастанд. Дар яке аз бозорҳои воқеъ дар Тоҷикистон, бо гузашти ду моҳ аз боз шудани марз боре ҳам мизоҷҳои қирғизтаборро надидаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҷаласаи дуюми худ, бархе аз фарзандони чеҳраҳои сиёсиву давлатии маҳкумшуда дар парвандаи табаддулотро муваззаф кардааст, ки амволи мусодирашударо ба ихтиёри давлат бисупоранд.
Манъи корҳои таъмиру бозсозӣ дар масҷиди ба номи Умари Форуқ, ки дар Душанбе бо номи "Масҷиди Аминҷон" маъруф аст, боиси нигаронии бархе сокинону намозгузорон шудааст.
Ёфтҳои бештар