Деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон панҷ рӯз боз мотамхонаро мемонад. Шаш сокини деҳа рӯзи 20-уми май дар роҳ ба Русия ва дар ҳудуди Қазоқистон ба садама дучор шуда, ҷонашонро аз даст доданд. Панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштанд, ки аҳволи ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад.
Марги тифли дусола дар як кӯдакистони Душанбе вазорати маорифро водор кард, ки бо нашри баёнияе паҳн кардани видеои дилхароши ҷон кандани кӯдакро маҳкум кунад. Худи кӯдакистони хусусии “Саволу ҷавоб” баста аст ва таҳқиқи фоҷиа, ба гуфтаи мақомот, идома дорад.
Як таҳқиқ маълум кардааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ чандин сохтори ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи рахнагарони вобаста ба Русия қарор гирифтаанд.
Се рӯз баъди боздошти нӯҳ сокини Кӯлоб, мақомоти ҳифзи қонун 15 нафари дигарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин - яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, шумори чунин боздоштшудаҳо ба 24 нафар расидааст.
Ҳафтаи гузашта, дар Душанбе ҳамоиши навбатии ҳайати Шӯрои кишварҳои узви тарҳи энержии CASA-1000 баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистону Афғонистон ширкат карданд.
Тоҷирони бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон интизори омадани харидор аз кишварҳои ҳамсояашон ҳастанд. Дар яке аз бозорҳои воқеъ дар Тоҷикистон, бо гузашти ду моҳ аз боз шудани марз боре ҳам мизоҷҳои қирғизтаборро надидаанд.
Ёфтҳои бештар