Додгоҳе дар вилояти Хатлон як афсари пешини милисаро бо иттиҳоми даст доштан дар марги як боздоштшуда ба 7 сол зиндон ва 105 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Додгоҳ Маҳмадулло Идиевро ба он гунаҳкор кардааст, ки дар вақти боздошти Толибҷон Дӯстов аз ҳадди ваколати хизматиаш берун баромадааст.
Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ, аз мақомот хостааст, барои ҳузури варзишгарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Бозиҳои Исмоилӣ иҷозат диҳад. Бозиҳои Исмоилӣ рӯзи 20-уми июл дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз шуд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии Алишер Махсудов, як ҷавони 22-соларо, ки бо ваъдаи бахшида шудани гуноҳаш аз хориҷа ба кишвар омад, вале ба зиндон маҳкум гардид, баррасӣ кард, вале онро бетағйир гузошт.
Мақомоти Тоҷикистон таъриф кардаанд, ки дар муддати кутоҳе ба онҳо муяссар шуд, талафоти беҳудаи нерӯи барқ дар кишварро кам кунанд. Коре, ки солҳои дароз анҷом дода наметавонистанд.
Хонаводаҳое, ки дар ин гармои тоқатфарсо кондитсионер надоранд, гарморо чӣ гуна пуштисар мекунад ва худу фарзандонашро чигуна аз гармӣ эмин нигаҳ медоранд?
Ёфтҳои бештар