Онҳое, ки соли 2010 маҷбурӣ ё довталабона саҳмияҳои “Роғун”-ро харида буданд, ҳанӯз умед доранд, ки рӯзе аз даромади ин нерӯгоҳ барояшон фоидае хоҳад расид. Ба назар мерасад, чунин рӯз чандон наздик ҳам нест.
Ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар марги чаҳор зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда, ҳамзамон аз мақомот хостаанд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд.
Фарзонаи Эмомалӣ, духтари 27-солаи президент Эмомалӣ Раҳмон, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мансаб гирифтааст.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, даҳҳо “майнинг-ферма”-ро ошкор кардаанд, ки “ғайриқонунӣ ба тавлиди асъори рақамӣ (криптовалюта) машғул буданд”. Ба иттилои Ҳабибулло Волҳидзода, соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро пинҳонӣ истифода бурдаанд.
Як тасмими “Толибон” сабаб шудааст, ки Тоҷикистон як бозори муҳими содироти ангиштро аз даст бидиҳад. Ин гурӯҳи ҳоким бар Афғонистон аз Душанбе хостааст, барои ҳар тонна ангишти содиротӣ 40 доллар “таърифаи транзитӣ” бипардозад. Хабарро Шералӣ Кабир, вазири саноат дар ҷамъи хабарнигорон эълон кард.
Амриддин Холмуродов, яке аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи даҳуми август дар Боздоштгоҳи Словакия гуруснанишинӣ кардааст. Холмуродов рӯзи 11-уми август дар паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасмимашро “эътироз аз бепарвоӣ ба қазияаш” донист.
“Як бор дар ин роҳ рафта биёям, ба мисли латтакӯҳна мешавам. Бисёр хаста мешавам. Вақти хоб тамоми аъзои баданам дард мекунад." Ин тасвири Абдусаломи ҳафтодсола аз вазъи роҳи байни шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт аст.
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки баъд аз марги 5 кӯдак ба дасти модаронашон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 20 ҳазор хона рафтаанд. Зариф Назрӣ, раиси ноҳияи Фархор аввали моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ин гуруҳ намояндаи пулис, кишоварӣ ва бахши кор бо занон шомил буданд.
Бузургтарин полоишгоҳи оби рӯдхонаи Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо кӯмаки молии Бонки Осиёии Рушд сохта шуда, масоҳати он 36 гектарро ташкил медиҳад.
Ёфтҳои бештар