Дар ҳоле ки ҳукумат ва бисёре аз мансабдорони Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, як намояндаи Вазорати нақлиёт дар Суғд ба ихтиёри кадом тараф гузаштани чанд қитъаҳои роҳи минтақаро шарҳ дод.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро то моҳи июни соли 2027 дароз кард. Намояндагони додгоҳ гуфтанд, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи бонкро фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд.
Як гурӯҳ аз намояндагони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ҷунбиши наверо таъсис додаанд. Раёсати “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро Муҳаммадиқболи Садриддин, мунтақиди тундлаҳни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонзад аст.
Хисрав Одинаев, писари 15-солаеро, ки баъди шиканҷа шудан ба ҳалокат расид, дар қабристони деҳаи Шибанай дар ноҳияи Темурмалик дафн кардаанд. Дар зодгоҳи падараш Парвиз Одинаев, ки дар марги ӯ муттаҳам мешавад ва ҳоло дар боздошт аст.
Пас аз он ки ҳукумати Тоҷикистон раванди боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз кишвар оғоз кард, шуморе аз онҳо мегӯянд, аз тарси боздошт, ҳатто барои хариди маводи мавриди ниёз аз хонаҳои худ берун намераванд.
Рӯзи 4-уми август дар Маскав баррасии парвандаи гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус” оғоз шуд. Дар ин ҳамла, ки шаби 22-юми марти соли 2024 рух дод, 149 кас кушта шуда, 609 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тасмими ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм”, додани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, шоиру донишманди асри понздаҳ, дар як филми муштарак бо Узбекистон (Ҷомӣ ва Навоӣ) баҳс барангехт.
Дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Остона ва Тошканд ҳатто дар рӯзҳои одӣ низ ҳаракат дар кӯчаҳои серодам метавонад душвор бошад. Аммо дар вақти сафари шахсони воломақом, зиндагӣ дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилтар мешавад.
Аксари мардуми Тоҷикистон аз шодии поёни маҳдудияти зимистонии барқ сер нашуда, ба ғами бебарқиҳои тобистонӣ гирифтор шудаанд. Масъулони бахш аз гармо то тарҳу лоиҳаҳои навро баҳонаҳое баро ин бебарқӣ метарошанд.
Ёфтҳои бештар