Наздикони Юлдуз Бозорова, зани 24-сола аз ноҳияи Қубодиён, ки се кӯдакашро бо зарбаи корд захмӣ кардааст, мегӯянд, ки ҳолати равонии ӯ хуб набуд, вале бо шавҳараш зиндагии орому осуда дошт.
Дар ҷараёни сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми июл байни ду тараф 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст.
Дар Душанбе, ки ҳарорат то марзи 40 дараҷа мерасад, сокинони баъзе аз биноҳои истиқоматӣ об надоштаанд. Сокинони чанде аз маҳаллаҳои пойтахт аз он шикоят доранд, ки дар хонаҳои баландошёна об намерасад ва хонаҳои болотар аз табақаи дуюм соатҳо беоб мемонанд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади яке дигар аз кӯдаконеро пайдо кардаанд, ки модарашон онҳоро ба ҳамроҳ бо худ ба рӯдхона андохт.
Гуруҳе аз фаъолони тоҷикистонӣ, рӯзи 7-уми июл дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин тазоҳурот карда, хостори озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев шуданд. Ин ду паноҳҷӯи тоҷик дар солҳои 2023 ва 2024 аз Олмон ихроҷ шуда, дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.
Хешовандони Насима Сӯфишоева, яке аз кормандони собиқи милиса аз ноҳияи Роштқалъа мегӯянд, пас аз истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ҳеч хату хабаре аз ӯ надоранд ва бисёр нигарон ҳастанд.
Имсол шикоят аз камбуди об дар ноҳияҳои наздик ба марзи Қирғизистон садо намедиҳанд. Кишоварзон мегӯянд, беҳбуди муносибатҳо мушкили обро ҳал кард, ҳарчанд на ба таври комил. Солҳои гузашта чандин ҳазор гектар заминҳои кишоварзии наздимарзӣ аз беобӣ хушкида буд.
Чин аз соли 2007 то аввали 2025, ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин оморро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон 30-юми июн дар ҷаласаи порлумон эълон кард.
Фарҳод Неъматов, як паноҳҷӯи тоҷик, ки ахиран аз Шветсия ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи “Ҳизби таҳрир” ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд охири моҳи май баромадааст.
Вазорати корҳои дохилии Литва қарор кард, марказе, ки дар Тоҷикистон барои хоҳишмандони кор дар ин кишвар иқомати муваққатии зист медиҳад, тирамоҳи имсол баста шавад.
Ёфтҳои бештар