Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баҳс сабаби таъхири парвоз аз Бохтар ба Маскав шуд

Акс аз бойгонӣ

Масъулони Фурудгоҳи шаҳри Бохтар таъхири ҳавопаймои ширкати русии “Нордвинд”- ро ки озими Маскав шуд, тасдиқ карданд, вале сабаби онро шарҳ надоданд.

Аммо ба қавли як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ баҳс миёни корманди фурудгоҳ ва масъули ширкати "Нордвинд" сабаби таъхири дусоата ва поён кардани мусофирон аз ҳавопаймо шудааст.

Як сокини Бохтар, ки хоҳарзодааш Рӯзибой Расуловро ба Маскав равон кард, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як даъво сабаб шуд, ки бори мусофиронро аз ҳавопаймо берун кашанд ва боз дохили ҳавопаймо кунанд.

Баъди таъхири дусоата ҳавопаймои хатсайри Бохтар -Маскав соати 5 шом ба пойтахти Русия парвоз кардааст. Ширкати русии “Нордвинд” ҳафтае се мартаба аз фурудгоҳи Бохтар ба Маскав парвоз мекунад ва қаблан таъхирҳои тулонӣ дар парвозҳои он мушоҳида нашудааст.

Таъсиси маркази нави ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Иззат Амон як фаъоли муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Дар шаҳри Маскав маркази нави ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик боз шуд. Ин марказ бо ҷалби панҷ ҳуқуқшинос кори худро аз рӯзи 29-уми апрел шурӯъ кард. Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва аз муассисони ин марказ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои кӯмак ба корафтодаҳо панҷ ҳуқуқшиноси касбӣ ҷалб мешавад. Ӯ гуфт, ки хидмати ҳуқуқшиносон дар маҷмӯъ ройгон ва ҳам бетанаффус хоҳад буд. Дар оянда нақша ин аст, ки мутахассисони марказ ба корафтодаҳо аз Тоҷикистон дар дарёфти ҷойи кор низ мусоидат кунанд. Иззат Амон гуфт, ки як ҳадафи онҳо пешгирӣ аз ҳодисаҳои фиребу тақаллуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам мебошад, ки ба хотири ноогоҳии ҳуқуқӣ ва ҳам надонистани забон аз ҷониби афроди ҷиноятпеша фиреб мехӯранд.

Дар Русия бинобар иттилои мақомоти ин кишвар 1 миллиону 200 ҳазор ва ба иттилои ҷониби Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандон кору иқомат мекунанд. Фаъолон дар дохил ва беруни Русия аз мавридҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик интиқод мекунанд. Дар ҳолатҳои зиёд ходимони ҳифзи қонун ҳам ба поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ҳам даст мезнанд ва дар ин ҳолатҳо бисёри муҳоҷирон намедонанд аз кӣ ва чӣ гуна кӯмак дарёфт кунанд.

Дар Русия созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик зиёд нест ва худи фаъолон ҳам ба зарурати афзоиши шумори чунин ташкилот даъват мекунанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон зидди кони уран раҳпаймоӣ карданд

Дар ин иқдом наздики 200 сокини маҳаллӣ ширкат кард. Онҳо талаб карданд, ки корҳои иктишофӣ ва истихроҷи уран дар саросари Қирғизистон манъ шавад.

Пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Балиқчӣ роҳпаймоии эътирозӣ то шаҳри Бишкекро манъ, аммо гирдиҳамоиро иҷозат дода буд.

Эътирозҳо зидди истихроҷи уран дар Қирғизистон баъди он сар заданд, ки хабари коркарди кони уран дар вилояти Иссиқкӯл расонаӣ шуд. Фаъолони маданӣ ба ҷамъоварии имзо шуруъ ва тасмими баргузории эътирозҳоро эълом карданд.

Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд.

Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.

Додгоҳи Швейтсария фурӯши мошинҳои Гулнора Каримоваро манъ кард

Се мошини гаронарзише, ки аз духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова мусодира гаштаанд, фурӯхта нахоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Le Temps, арзиши се мошини Каримова - Mercedes-Benz SLR2DR, Bentley Arnage ва Range Rover Sport V8 1 миллион франк (ҳудуди 1 миллион доллар) муайян шудааст.

Ба навиштаи Nashagazeta.ch, Додгоҳи федеролии Швейтсария дар робита ба қазияи духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон ду қарореро содир карда, ки яке аз онҳо фурӯхтани мошинҳои Каримоваро манъ мекунад. Ин мошинҳо соли 2013 мусодира гашта, то ҳол дар робита ба тақдири онҳо қароре содир нашудааст.

Додситонии кулли Ӯзбекистон 5 март хабар дод, ки Гулнора Каримова бо қарори додгоҳ аз ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол дода шудааст.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Макрону Меркел Косовову Сербистонро дубора сари мизи гуфтугӯ даъват мекунанд

Қитъаи марзии миёни Косово ва Сербистон

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел қарор аст рӯзи 29 апрел дар як нишасти минтақавӣ дар Берлин мавзӯи зарурати азсаргирии гуфтугӯҳои миёни Сербистон ва Косоворо баррасӣ кунанд. Дафтари матбуотии президенти Фаронса дар як баёния рӯзи 28 апрел эълон кард, ки ин нишаст ба "устувории минтақа ва таваҷҷӯҳи вижа ба дарёфти роҳи гуфтугӯи миёни Сербистон ва Косово" нигаронида шудааст.

Гуфтушунидҳо миёни Сербистон ва Косово бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо соли гузашта, пас аз гузорише дар бораи эҳтимоли табодули қитъаҳои марзии миёни ду кишвар, ки боиси танқиди зиёд шуд, барҳам хӯрд.

Моҳи ноябр Косово ба молҳои Сербистон молиёти 100-дарсадӣ ҷорӣ кард ва нахуствазири Косово Ромуш Ҳарадинаҷ гуфт, то замони эътирофи истиқлолияти Косово аз ҷониби Белград, ин қарор бекор намешавад. Белград дар навбати худ гуфт, ки то вақте ки тарофа бардошта нашавад, ҳеҷ музокироте бо Косово аз сар гирифта намешавад.

Ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз фаъолони ҳабсшудаи қазоқ

Дар пойтахти Қазоқистон шоми 28 апрел даҳҳо ҷавон ба ҷонибдорӣ аз фаъолони мадание ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд, ки дар ҷараёни марафони Алмато барои шиори "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест" боздошт шуданд.

Ҷамъомадагон дар даст лавҳаеро бо акси фаъолони боздоштшуда -- Осия Тулесова, Бейбарис Толимбоев, Суинбике Сулаймонова, Айдос Нурболатову Ойгул Нурболатова ва навиштаи "Қаҳрамонҳои мо" доштанд. Яке аз онҳо пироҳанеро бо навиштаи "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест. Ман интихоб дорам" ба бар карда буд.

"Вакили дифоъ дар додгоҳ бегуноҳии фаъолонро собит кард, вале бо ин вуҷуд онҳоро 15 рӯз ҳабс карданд. Кормандони пулис дар санад фаъолонро туҳмат задаанд, ки гӯиё дар даст шиори "Пешвои миллат - таҳқири миллат"-ро доштанд. Вале дар асл дар лавҳаи онҳо "Аз ҳақиқат ҷойи гурез нест. Ман интихоб дорам" навишта шуда буд. Додрас ва маъмурони пулиси мо чеҳраи воқеии худро нишон доданд", - гуфт яке аз иштирокдорони ҳамоиш.

Ёдрас мешавем, пулиси Қазоқистон 21 апрел дар ҷараёни марафони Алмато панҷ фаъоли маданиро барои лавҳаи дасташон бо шиори "Аз ҳақиқат наметавон гурехт" боздошт кард. Фаъолон дар риоя накардани банди "Нақзи тартиби ташкил ё баргузории ҷамъомадҳо"-и Кодекси маъмурии Қазоқистон айбдор шуданд.

Додгоҳи шаҳри Алмато 22 апрел фаъолон Айдос Нурболатов, Ойгул Нурболатова ва Суинбике Сулаймоновароро 20 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда - 2 525 танга) ҷарима кард.

Фаъолон Осия Тулесова ва Бейбарис Толимбоев бо ҷурми нақзи қисми 3-и банди мазкур худи он рӯз 15-рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Вакили дифои Тулесова 26 апрел хабар дод, ки шахси зери ҳимояи ӯ аз 23 апрел дар эътироз ба қарори ҳабсаш гуруснанишинӣ эълом кардааст.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ва Amnesty International фаъолони боздоштшударо "маҳбусони озодии баён" номида, аз мақомоти қазоқ даъват карданд, ки онҳоро озод кунанд.

"Avengers: Endgame" дар нахустин рӯзҳои истироҳат рекорд гузошт

Филми "Интиқомҷӯён: Поёни бозӣ" (Avengers: Endgame) - чаҳорумин ва охирин силсилафилми "интиқомҷӯён"-и абарқаҳрамонони дунёи Marvel аст, ки дар нахустин рӯзҳои ба фурӯш баромаданаш рекорд гузошт.

Нашрияи Walt Disney, ки ҳаққи фурӯши филмро дорад, хабар дод, филми мазкур дар нахустин рӯзҳои фурӯшаш 1 миллиарду 200 миллион доллар ҷамъ овард.

Дар ИМА ва Канада "Интиқомҷӯён: Поёни бозӣ" 350 миллион ва дар Чин 330 миллион доллар ҷамъ кард.

Бино ба пешгӯии Bloomberg, филми мазкур эҳтимол дорад, бештар аз 2,5 миллиард доллар ҷамъ оварад. Даҳ соли пеш филми "Аватар" бештар аз 2 миллиарду 700 миллион доллар аз ҳисоби фурӯшаш ҷамъ карда буд.

Дар шарқи Туркманистон кишоварзонро ба пиллапарварӣ маҷбур мекунанд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон кишоварзонро ба пиллапарварӣ маҷбур мекунанд.

Ба гуфтаи як шоҳид, кишоварзон ба далели камдаромад будани абрешим, намехоҳанд даст ба ин кор зананд. Аммо мақомоти маҳаллӣ аз равишҳои мухталиф кор мегиранд, то кишоварзон ва сокинони маҳаллиро ба ин кор маҷбур кунанд.

"Соли гузашта одамонро фиреб карданд. Ваъда дода буданд, ки дар ивази ҳар пилла даҳ кило беда медиҳанд. Аммо бисёре аз пиллапарварон беда дарёфт накарданд. Имсол ҳам ҳамон ваъдаро доданд, вале сокинон дигар бовар накарданд. Мақомот ҳоло таҳдид доранд, ки замини кишоварзонро бозпас мегиранд", - хабар дод як сокини маҳаллӣ.

"Пиллапарварӣ кори душворе аст. Як моҳ бояд чанд утоқи хонаро холӣ ва аҳли хонаводаро дар берун бояд ҷо кард. Ба ҷуз ин барги тут кам аст, ба ҳама намерасад", - гуфт сокини дигар.

Моҳи январ ҳукумати Туркманистон хабар дод, ки соли ҷорӣ ҳосили пилларо то 2030 тонна мерасонад.

Ӯзбекистону Қазоқистон ҷузъиёти "Silk Visa"-ро ҳал мекунанд

Ӯзбекистону Қазоқистон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ тасмим доштанд, намунаи Шенгени Аврупоӣ - визаи ягонаи "Silk Visa"-ро роҳандозӣ кунанд, ки дар оянда мумкин аст, кишварҳои дигари минтақа фаро гирифта шаванд.

"Мақомоти масъули Ӯзбекистону Қазоқистон ҳоло ин тарҳро фаъолона омоде мекунанд. Сабаби аслии то кунун роҳандозӣ нашудани тарҳ дар он аст, ки ду кишвар равишҳои мухталифи низоми бевизаро бо кишварҳои хориҷӣ дар пеш гирифтаанд. Қазоқистон рӯйхати алоҳидаи кишварҳоеро дорад, ки бо онҳо равуои бевизаро ба роҳ мондааст, мо рӯйхати худро дорем", - гуфт Улуғбек Қосимхоҷаев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷаҳонгардии Ӯзбекистон.

Коршиносон гуфтанд, як масъалаи дигар арзиши виза аст. "Қазоқистон як нархгузориро муайян кардааст, мо нархи дигарро. Мо бояд нархро ҳамсон кунем. Аз ҳамин хотир, ҳоло мо ин ҷузъиётро баррасӣ дорем", - гуфт вай.

Қосимхоҷаев дар мавриди замони роҳандозии раводиди мазкур гуфт, иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар дар робита ба Silk Visa ҳаст ва бештари корҳо дар ин замина кайҳо иҷро шудааст. Дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои дахлдор бо масъалаҳои боқӣ машғуланд.

Пештар хабар дода буданд, ки Қирғизистону Тоҷикистон низ омодаанд, ба тарҳи Silk Visa пайванданд ва Туркманистон дар ин замина фикр дорад. Имкони пайвастани Озарбойҷону Туркия низ дар оянда баррасӣ мешавад.

Лоя Ҷирга бо ҳузури президенти Афғонистон ва бидуни доктор Абдулло шурӯъ шуд

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 29 апрел Лоя Ҷиргаи машваратии сулҳро ифтитоҳ кард, ки дар он беш аз 3 ҳазор намоянда аз берун ва дохили кишвар ба хотири баррасии мавзеи муштарак дар гуфтушуниди сулҳ бо Толибон гирди ҳам омаданд.

Лоя Ҷирга , ки сиёсатмадорон, бузургони қабила ва шахсони дигари барҷастаро якҷо овардааст, аз сӯи чандин мақоми баландпоя, аз ҷумла раиси ҳукумати иҷроия Абдулло Абдулло, ҳамкори Ғанӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ ва Ҳомид Карзай президенти пешин таҳрим карда шудааст.

Умар Довудзай, фиристодаи вижаи Ашраф Ғанӣ гуфт, ки намояндагони паноҳандагони афғон дар Эрон ва Покистон, аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин нишаст ҳастанд, ки таҳти чораҳои сахти амниятӣ дар Кобул мегузарад. Ғанӣ гуфт, ки хостори “мақеи ягона” барои сулҳи Афғонистон аст. Вай ширкаткунандагонро “сафирони сулҳ” дар Афғонистон номид ва гуфт намояндагони Лоя Ҷирга “самтгириҳои” ҷараёни сулҳро муайян хоҳанд кард.

Дар Кӯлоб модари ҷавоне сегоник таваллуд кард

Tajik triplets

Дар шаҳри Кулоб нимаи моҳи апрел як зани ҷавон сегоник ба дунё овард. Мавзуна Мадисоева сокини 26-солаи шаҳр сегоникро рӯзи 14-уми апрел дар шифохонаи марказии ноҳия ба дунё овардааст ва ҳамаи онҳо ба гуфтаи амакашон сиҳату саломатанд.

Қурбоналӣ Одинаев, амаки тифлони навзод рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи сиҳатии ду писару як духтари Мавзуна ва сиҳатии худаш хуб аст. Ӯ афзуд: “Кӯдакон рӯзи 14-уми апрел соати 2 дар ҳафтмоҳагӣ таваллуд шудаанд ва табибон рӯзи 20-ум онҳоро ҷавоб доданд.

Кӯдакон дар хона ҳастанд, аз тариқи лӯлае, ки дар биниашон гузоштаанд, ба онҳо шир медиҳанд.” Ба қавли Қурбоналӣ Одинаев, табибон гуфтаанд, азбаски шароит дар таваллудхона нест, метавонанд, онҳоро дар хона нигоҳубин кунанд.

Ҳоло ба кӯдакон ном нагузоштаанд. Модари кӯдакон парастор аст ва як духтари 3-солаи дигар ҳам дорад. Падари навзодон айни ҳол кори муайян надоштааст ва мисли бисёре аз ҷавонони дигари тоҷик барои кор ба Русия мерафтааст.

СБП гуфт, вазъи иқтисоди Эрон хуб нест

Бозори марказии Теҳрон. Акс аз бойгонӣ

Гузориши нави Сандуқи байналмилалии асъор мегӯяд, ки соли ҷорӣ эҳтимол дорад иқтисоди Эрон то шаш дарсад коҳиш ёфта, мизони таваррум 40 дарсадро ташкил диҳад. Эрон дар шароити муқобила бо таҳримҳои иқтисодии ИМА ба сар мебарад, ки моҳи ноябри соли гузашта дубора ба кор андохта шуданд. Вашингтон гуфт, ки аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 имзо шуда буд, берун мешавад ва дубора таҳримҳои иқтисодӣ нисбати ин кишварро ҷорӣ хоҳад кард. Рӯзи 21 апрел Кохи Сафед гуфт, ки тасмими аз таҳрим озод кардани харидорони нафти Эронро бозбинӣ нахоҳад кард. Ҷиҳод Азур, раиси барномаҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар Сандуқи байналмилалии пул рӯзи 29 апрел гуфт, ки пешгӯиҳои вазъи иқтисоди Эрон хушҳолкунанда нест.

"Лукойл" сармояҳояшро дар Ӯзбекистон ба $10 млрд мерасонад

6

Ширкати русии "Лукойл" тасмим дорад, барои рушди тарҳҳои кунунии Ӯзбекистон 2 миллиард доллари дигар сармоягузорӣ кунад.

Дар ин бора президенти ширкат Вагит Алекперов 25 апрел дар ҷаласаи сайёри Шӯрои мудирони "Лукойл" дар Бухоро хабар дод.

Сармояҳо ба пешгирӣ аз коҳиши истихроҷ дар конҳои Ҳисор ва Қандим равона хоҳад шуд.

Бино ба хабарҳо, ин ширкати Русия тайи 15 соли ахир дар Ӯзбекистон 8 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Моҳи марти соли равон хабар дода шуд, ки ҳукумати Ӯзбекистон аз ҳисоби пули интиқоли газ дар соли 2018 аз "Лукойл" ҳудуди 600 миллион доллар қарздор шудааст.

Ширкат тасмим дорад, то соли 2020 дар Ӯзбекистон 18 миллиард метри мукааб газ истихроҷ кунад.

Ёвари як додситон дар Узбекистон пиёдагардеро пахш кард ва фирор намуд

Садамаи маргбор бо ширкати ёвари додситон 25 апрел дар ноҳияи Марҳамати Узбекистон рух дод. Марди 45-сола зери чархи мошини корманди додситонии ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон монд.

"Садама хеле ваҳшатангез буд. Вақте одамон ба ҷои ҳодиса омаданд, ронандаро пайдо накарданд. Марди 45-соларо ба бемористон бурданд, вале табибон хабар доданд, ки вай аллакай мурдааст",-гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Мақомоти Узбекистон тасдиқ карданд, ки пӯшти фармони мошин ёвари додситони ноҳияи Марҳамат Б.П. қарор дошт. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот шуруъ шудааст.

Таҷлил аз солгарди таъсисёбии пойтахти Қирғизистон

Шаҳри Бишкеки Қирғизистон 29 апрел 141-сола мешавад. Бахшида ба Рӯзи пойтахт шаҳрдорӣ барномаи ҷашнӣ омода кардааст.

Чаробиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ дар саросари шаҳр занӯз аз 19 апрел шуруъ шуданд. Чорабинии асосӣ дар рӯзи ҷашн дар майдони марказии пойтахт - "Ала-Тоо" баргузор мешавад.

Дар консерти бахшида ба Рӯзи пойтахт ҳунармандони хориҷӣ ширкат мекунанд. Дар поёни ҷашн мушакпарронии 6-дақиқаӣ сурат мегирад.

Имрӯз аз соати 4 шом хиёбони марказии Бишкек барои убури нақлиёт баста мешавад.

Номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон 9 кас шуданд

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи 9 июни соли равон ба поён расид. Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) гуфт, номзадии 9 нафарро ба қайд гирифтааст.

Ба огаҳии КМИҚ, рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта рӯзноманигор Содибек Тугел низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Номзадии ӯ аз сӯи ҳаракати "Ұли дала Қирандари" пешбарӣ шудааст.

23 апрел иштирокдорони анҷумани Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон низ аз номзадии Қосимҷомарт Тоқаев ба мақоми президентӣ ҷонибдорӣ карданд. Номзадии ӯро президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод карда буд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ҳам 24 апрел номзади худ Амонкелдӣ Таспиховро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Ҳизби "Оқ жол" ​Дания Еспаева, ҳизби "Ауил" Толеутай Рахимбеков, Ҳизби коммунистии Қазоқистон Жамбил Аҳмадбеков, Иттиҳоди сохтмончиёни Қазоқистон Талгат Ергалиев ва ҳаракати "Улт тагдири" Амирҷон Косановро пешбарӣ кардаанд.

Ҳизби мухолифи умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон эълом кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентиро таҳрим мекунад.

Дар Қазоқистон солҳои 1991, 1999, 2005, 2011 ва 2015 интихоботи президентӣ баргузор шуда, се тои ахири онҳо пеш аз муҳлат буданд. Дар ҳамаи ин интихоботҳо Нурсултон Назарбоев баранда эълом гаштааст. Нозирони Ғарб ягон бор интихоботи президентии Қазоқистонро мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф накардаанд.

Президенти Туркманистон боз имиҷи худро иваз кард

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боз бо имиҷи нав дар мазҳари ом зоҳир шуд. Ӯ 25 апрел дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон бо айнак иштирок кард.

Пас аз намоиши президенти Туркманистон бо айнак дар телевизиони давлатӣ тамоми расонаҳои расмии ин кишвар, аз ҷумла "Туркманистон" ва "Туркманистони бетараф" 26 апрел акси Бердимуҳаммадовро бо айнак нашр карданд.

Президенти Туркманистон пайваста имиҷи худро бо тағйири ранги мӯй ё либос иваз мекунад, вале ин бори нахуст аст, ки бо айнак ба мазҳари ом зоҳир мешавад.

Тавре аз таҷрибаҳои пешин маълум аст, пас аз тағйир ёфтани имиҷи раҳбари Туркманистон тамоми аксҳои ӯ дар муассисаҳои давлатӣ, таълимгоҳу кӯдакистонҳо аз ҳисоби кормандон иваз карда мешавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки моҳи феврали соли 2007 қудратро дар Туркманистон ба даст гирифт, дар маросими савгандёдкунӣ мӯйи хокистарӣ дошт. Бо гузашти вақт мӯйҳои ӯ сиёҳ гаштанд. Вале 26 июли соли 2018 дубора бо мӯйи хокистарӣ дар мазҳари ом ҳозир шуд.

Чин Назарбоевро бо ордени "Дӯстӣ" қадр кард

Роҳбари Чин Си Ҷинпин бо президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот ва ӯро бо ордени Дӯстӣ қадр кард. Ордени Дӯстӣ - олитарин ордени Чин барои шаҳрвандони хориҷӣ аст. Дар мулоқот бо Син Ҷинпин Назарбоев гуфт, "барои он талош кардааст, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳо бо Чин ба чунин сатҳи олӣ бирасанд".

Президенти пешини Қазоқистон дар остонаи баргузории саммити "Як камарбанд - як роҳ" дар Пекин пешниҳод кард, ки "воқеияти нави геополитикӣ" таъсис дода шавад.

Саммити "Як камарбанд - як роҳ", ки дар кори он 37 роҳбари давлат ширкат карданд, ба амалисозии лоиҳаи фарогири Чин бахшида шуда буд, ки триллион доллар арзиш дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур беҳсозии бахши энержӣ, роҳи оҳан ва роҳи баҳрии байни Чин ва кишварҳои Африқо, Аврупо ва бархе минтақаҳои Осиё дар назар аст.

Аз ин лоиҳа ИМА ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо танқид карданд. Ба гуфтаи мунтақидон, ҳангоми амалисозии лоиҳаи мазкур бархе аз кишварҳои узви он қарздор мешаванд, ки дар дар ниҳоят имкони баргардонидани қарзро нахоҳанд дошт.

Зеленский ба Путин гуфт, "вақташро талаф накунад"

Vladimir Putin Volodymyr Zelenskiy combo photo

Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури нави Украина ба Русия гуфтааст, ки “бо пешниҳоди шиносномаҳои русӣ барои ҷалби украиниҳо вақти хешро талаф накунад”.

Аз ин пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки мумкин аст, Русия меъёрҳои гирифтани шаҳрвандии кишвар барои тамоми украиниҳоро осонтар кунад.

Володимир Зеленский рӯзи 27-уми феврал дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, украиниҳо медонанд, ки шаҳрвандии Русия чӣ маънӣ дорад: “Яъне боздошт шудан барои тазоҳуроти осоишта, маҳрум будан аз интихоботи озоду рақобатӣ.”

Айни замон ӯ ишора кардааст, ки барои музокирот бо Русия омода аст. Зеленский гуфтааст, “ба эътидол овардани ҳамкориҳо замоне метавонад сурат бигирад, ки ишғоли Донбас ва Қрим аз байн равад.”

Владимир Путин рӯзи 24-уми апрел қарореро ба имзо расонд, ки бар асоси он меъёрҳои қабули сокинони манотиқи шарқии Украина ба шаҳрвандии Русия осонтар карда мешавад. Ду минтақаи ин қисмати Украина аз ҷумла Донетск зери назорати ҷудоиталабони тарафдори Маскав аст.

Медведев хост, сабаби олудагии "Дружба"-ро маълум кунанд

"Дружба" аз тариқи қаламрави Беларус мегузарад.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ба вазоратҳои энержӣ ва тиҷорат амр додааст, дар муддати як ҳафта маълум кунанд, сабаби олудагӣ дар лӯлаи нафти Дружба чӣ буд. Олудагӣ дар лӯлаи мероси замони шӯравӣ бо номи “Дружба” сабаби боздошти интиқоли нафт ба Аврупо шуд.

Ҳукумати Русия рӯзи 27-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, натиҷаҳои тафтиш бояд ба додситони кулли Русия фиристода шавад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 27-уми апрел дар Пекин гуфт, пеш аз ҳама тафтишро бояд ширкати давлатии “Транснефт” муттасадии истифодаи лӯлаҳои нафт анҷом бидиҳад.

Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ки бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар бораи олуда шудан ва қатъи интиқоли нафт ба Аврупо суҳбат кардааст. Омехта шудани таркиби номаълум сабаби олуда шудани нафт дар лӯла шудааст.

Афғонистон мунтазири нишасти Лоя Ҷирга

Акс аз бойгонист.

Қарор аст, рӯзи 29-уми апрел дар шаҳри Кобул ҷаласаи Лоя Ҷирга, маҳфили қабиласолорон, рӯҳониён ва шахсиятҳои шинохта дар Афғонистон сурат бигирад ва дар он талошҳои сулҳ ба раҳбарии Амрикоро баррасӣ кунанд. Ба ин ҷаласа ду ҳазор нафар аз саросари кишвар даъват шудаанд.

Умар Довудзай, намояндаи хоси Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 28-уми апрел гуфт, Лоя Ҷирга заминаро барои “гуфтугӯҳои байнулафғонӣ” бо Толибон фароҳам мекунад. Чанде аз мақомоти баландпояи Афғонистон, аз ҷумла Абдулло Абдулло, раҳбари ҳукумати иҷроия аз ширкат дар ҷаласаи мазкур даст кашидаанд.

Ба қавли Довудзай, гуфтугӯҳо бо Абдулло Абдулло ва дигар афроди баландпоя барои мутақоид кардани онҳо ба ширкат дар ҷаласаи Лоя Ҷирга идома дорад. Ба гуфтаи ӯ дар ин нишаст, мавқеи ҳукумати Афғонистон барои ҳаргуна гуфтугу бо Толибон дар оянда таъйин мешавад.

Маккензи: "Намегузорем Эрон амали хатарнок анҷом диҳад"

Кеннет Маккензи

Кеннет Маккензи, раиси ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Амрико мегуяд, кишвараш “манобеи зарурӣ” дар ихтиёр дорад, ки монеи ҳаргуна амалҳои “хатарнок”- и Эрон дар Халиҷи Форс шавад.

Генерали амрикоӣ зимни сафараш ба минтақа рӯзи 27-уми апрел ба телевизиони Скай Нюс Арабия гуфт, ки Амрико бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс ҳамкорӣ мекунад, то ҷабҳаи ягона ба зидди Теҳронро ташкил кунанд.

Телевизиони мазкур дар Дубай қароргоҳ дорад ва Кеннет Маккензӣ ба он гуфтааст, “Ман бовар дорам, ки мо тамоми манобеи заруриро дорем, ки иҷоза надиҳем, Эрон ягон амали хатарноке анҷом диҳад. Мо қодир ба посухи муассир ҳастем.” Баъди ба қудрат расидани Доналд Трамп дар соли 2017 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фишор ба Эронро афзоиш дод.

Шикасти сахти духтарони футболбози тоҷик аз Лаос (0:6)

Акс аз бойгонист.

Дастаи занони футболбозони Тоҷикистон дар бозӣ дар мусобиқоти байналмилалии футбол аз Лаос бо ҳисоби бузурги 6 бар сифр шикаст хӯрданд.

Бозии футболбозони то 19-сола рӯзи 27-уми апрел дар варзишгоҳи миллии Бангабандҳу дар пойтахти Бангладеш сурат гирифт. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар Мусобиқоти Байналмилалии Ҷоми Тиллоӣ, ки аввалин бор аст, бо ташаббуси Бангладеш сурат мегирад, дар гуруҳи А бозӣ мекунад.

Иқболи духтарони футболбози тоҷик рӯзи 23-уми апрел ҳам баландӣ накард, ки ба дастаи Муғулистон бо ҳисоби 3 бар сифр бохтанд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар умум 6 даста, Бангладеш, Қирғизистон, Лаос, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Муғулистон ширкат меварзанд.

Тирандозе дар канисаи Сан-Диего чанд танро захмӣ кард

Сан-Диего.

Шахси номаълум дар каниса ё масҷиди яҳудиён дар канораи шаҳри Сан-Диего, иёлати Калифорния тирандозӣ кард.

Хабар дода мешавад, ки дар ин ҳодиса чандин нафар захмӣ шудаанд. Расонаҳо маҳаллӣ аз ҷароҳат гирифтани на камтар аз чаҳор нафар иттилоъ додаанд.

Раиси пулиси Сан-Диего гуфт, дар робита ба тирандозӣ як нафар боздошт шудаст. Ҷузъиёти дигари воқеа маълум нестанд.

Яҳудиён ин ҳафта иди Песахро ҷашн мегиранд.

Як қатор аз шореҳон қайд мекунанд, ки ним сол пеш дар натиҷаи ҳамла ба каниса дар Питтсбург 11 одам кушта шудаанд.

Табибон маъракаи зидди фалаҷи атфолро дар Покистон боздоштанд

Мақомоти тандурустии Покистон маъракаи мубориза зидди фалаҷи кӯдаконро дар саросари ин кишвар боздоштаанд.

Тасмим баъди он гирифта шуд, ки дар камтар аз як ҳафтаи охир як пизишк ва ду маъмури милиса дар маъракаи ваксинзании кӯдакон кушта шуданд.

Мақомоти беҳдоштии Покистон рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки маъракаи густурдаи ваксинзанӣ барои пешгирӣ аз фалаҷи атфол мутаваққиф шудааст. Бо вуҷуди онки, ба гуфтаи онҳо, ду мавриди нави гирифторӣ ба ин беморӣ дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ, шимоли ғарби он кишвар, сабт шудааст.

Покистон яке аз се кишвар дар ҷаҳон аст, ки бемории фалаҷи атфол зиёд мушоҳида мешавад.

Аммо таҳдиди ситезаҷӯёна ва мухолифати бархе аз рӯҳониёни маҳаллӣ сабаб шудааст, ки бисёре аз волидон аз табобати кӯдакони худ даст кашанд.

Мақомот тасдиқ мекунанд, ки афроди мусаллаҳи ношинос ба табибон ва маъмурони милиса ҳамла кардаанд. Ҳамлаҳо дар рустоҳои Покистон, аз ҷумла дар наздикии марз бо Афғонистон сурат гирифтааст. Ҷое, ки хатарии бемории фалаҷи атфол ҳамчунон зиёд боқӣ мемонад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG