Сафҳаи хонандагон
Кӯчаҳои холӣ дар Иди Рамазон
Наворро корбарон рӯзи 24-уми май дар ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб сабт кардаанд.
Жола дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ин наворро корбарон фиристодаанд. Мегӯянд, рӯзи 16-уми май сабт карданд.
На камтар аз 45 гӯри нав фақат дар як оромгоҳи Душанбе
Як корбари Радиои Озодӣ видеоеро ба мо фиристод, ки дар он даҳҳо гӯри нав дар оромгоҳи маҳаллаи Навобод (Каленини собиқ) дар Душанбе дида мешавад. Зоҳиран болои ин гӯрҳоро бо селофан пӯшонидаанд. Рӯҳониён гуфтанд, ин корро барои пешгирӣ аз фӯру рафтани гур мекунанд.
Таҳдиди рӯдхонаи Сурхоб ба хонаҳои мардум рустои Кадучӣ
Як сокини рустои Кадучӣ дар ноҳияи Восеъ бо ирсоли ин видео гуфт, ки оби рӯдхонаи Сурхоб аз маҷрояш берун омада ба ин русто таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар саривақт соҳилро мустаҳкам накунанд, мумкин аст, хонаҳои мардум вайрон шавад.
Бархе аз сокинон мегӯянд, барои наздикони беморашон ҷой наёфтанд
Бархе аз сокинон мегӯянд, барои наздикони беморашон ҷой наёфтаанд. ВИДЕО Як гуруҳ аз сокинон дар наворе рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки наздикони беморашонро наметавонанд дар шифохонаҳо ҷой кунанд. Навор аз корбарон аст.
Мушкили дар бозорҳои ҷумҳури!
Дар бозорҳои ватани мо баъд аз расман эълон шудани гирифторони бемории Ковид-19 мушкилиҳои ҷиддӣ ба амал омад. Чи тавре ки дар навор мебинед ягон харидор дар бозори Султони Кабир нест.
Муҳоҷирони дармонда дар Внуково мунтазири кӯмак барои бозгашт
Даҳҳо муҳоҷиру мусофирони тоҷик баъди қатъи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав дармондаанд. Яке аз онҳо бо ирсоли видеое вазъро чунин тасвир кард.
Муроҷиати гурӯҳе аз мусофирони дармондаи тоҷик дар Туркия
Гурӯҳе аз муҳоҷирони дар фурудгоҳи Истанбул дармондаи тоҷик аз мақомот мехоҳанд, онро ба кишвар баргардонанд. Онҳо мегӯянд, бештар аз 100 нафар аз рӯзи 20-уми март мунтазиранд, ки ба хона баргарданд, вале посухи возеҳе намегиранд.
Муроҷиати муҳоҷири дармонда дар Маскав ба ҳукумат
Бо манъи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон, садҳо нафар дар фурудгоҳҳо дармондаанд ва мехоҳанд, ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳукумат 20-уми март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус парвозҳо ба Тоҷикистонро манъ кард. Ин видеоро муҳоҷире аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав фиристод ва чунин нақл кард.
Сел дар Хуросон ба хонаҳои мардум зарар расонд
Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 21-уми март рух дод. Борони зиёд боиси омадани сел ба ҷамоати Садриддин Айнӣ шудааст.
"Карантин ҳам кунед, моро қабул кунед"
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик аз фурудгоҳи "Внуково" ба Радиои Озодӣ навор фиристода ва гуфтанд, ки ба далели манъи парвозҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон саргардон шудаанд. Онҳо мегӯянд, бояд субҳи 20-уми март дар кишвар мешуданд. Видео ба воситаи Вотсап дастрас шудааст.
Саргардонии муҳоҷирон баъд аз манъи парвозҳо ба Тоҷикистон
Рӯзи 19-уми март. Фурудгоҳи Внуково. Ҳавопаймои мо бояд субҳи 20-уми март дар Тоҷикистон менишаст, вале ба мо гуфтанд, ки ҳоло барқия омадааст ва Тоҷикистон ҳавопаймоҳоро қабул намекунад. Инҷо бачаҳое ҳастанд, ки бо охирин пули худ билет харидаанд, хонаи иҷораашонро супурдаанд. Акнун бояд чӣ кор кунанд?
Навбат барои орд дар Тоҷикистон, дар пасманзари нигарониҳо аз коронавирус
Рӯзи 4-уми март чанд корбари Радиои Озодӣ аз шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ навор фиристоданд, ки дар онҳо навбати сокинон барои харидани орд ва маводи дигари хӯрокворӣ тасвир ёфтааст. Онҳо мегӯянд, мардум аз хабарҳо дар бораи коронавирус нигаронанд. Ин вазъият замоне рух дод, ки рӯзи чаҳоршанбе мақомот бо судури қарор намозгузорӣ дар масҷидҳо ва тамрини роҳпаймоии донишҷӯён барои ҷашни имсолаи Наврӯзро муваққатан манъ карданд. Дар ҳарду ҳолат гуфта шуд, ки ҳадаф пешгирӣ аз сироят ёфтан ба вируси хатарнок аст. Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфтанд, то ҳол дар кишвар ягон мавриди гирифтор шудан ба вируси нав сабт нашудааст ва аз мардум хостанд, ба воҳима наафтанд. (Наворҳо аз корбарон аст)
#14 Рӯзи интихобот. Интихобкунандагон дар бозор
Рӯзи интихобот. Интихобкунандагон дар бозор
#13 "Ман сирри махфии интихоботро ошкор кардам"
Саҳнае дар консулгарии Тоҷикистон дар Санкт Петербург
#10 Назари тоҷикони Маскав дар бораи интихобот
Ин наворро аз як корбар аз шаҳри Маскав дастрас кардем.
#9 Тасвири се интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон
Ин наворро хабарнигори тоҷик Далери Имомалӣ ба озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" фиристодааст
#12 Муҳоҷирон шикоят доранд, ки онҳоро маҷбурӣ ба интихобот мебаранд
Наворро аз шаҳри Маскав ба озмуни "Лаҳзаҳои интиххобот" фиристодаанд.
#8 Дар назди қуттии раъйдиҳӣ чӣ иттифоқ афтод?
Навори яке аз корбарон аз Душанбе ба гӯшаи озмуни "Лаҳзаҳои интихобот"
#4 "Ба ҷойи занам овоз медиҳам"
Ин видео дар ҳавзаи интихоботии рақами 2-и Душанбе гирифта шудааст.