Дар чанде аз вилоятҳои Эрон ба сабаби олудагии ҳаво мактабҳоро баста ва ё ғайриҳузурӣ ё онлайнӣ кардаанд. Дар Теҳрон бузургтарин шаҳри кишвар ба ҳадде олуда шудааст, ки ба гуфтаи баъзе аз сокинон дигар ба сахтӣ пеши чашми хешро мебинед.
Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдухтари писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Дар як моҳи охир дар шаҳри Душанбе ду занозании гурӯҳӣ ва кордкашии ноболиғон сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо як наврас ҷон бохта, як нафари дигар захмист ва чандин тан дар боздошт қарор доранд. Чаро кордкашиву занозании гурӯҳӣ миёни наврасони тоҷик бештар мешавад?
Усома ал Шаъфар, роҳбари Конфедератсияи дучархасаворони Осиё дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҳалок шудааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шаби 19 ба 20-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Шоми 14-уми ноябр пайкари як кушташудаи дигари ҷанги Украинаро дар Тоҷикистон ба хок супурданд.
Ширкати тоҷикистонии “Сомон-Эйр” бо ширкати бузурги амрикоӣ - “Boeing” барои харидории 14 ҳавопаймои пешрафтаи навъи 787 Dreamliner ва 737 MAX қарордод баст.
Зилзилаи сахте, ки шаби дуюм ба сеюми ноябр Тоҷикистонро такон дод, ба иттилои расмӣ, зарар ва талафоти ҷонӣ надоштааст. Аммо воҳимаву таҳлука сокинони зиёдро аз баландошёнаҳои шаҳри Душанбе ба берун баровард.
Полиси Аврупо ё Европол хабар дод, ки рӯзи 31-уми октябр дар амалиёти густардаи зидди зархаридони ҷанги Украина 654 узви ширкатҳои нимаҳарбии Русияро боздошт кардааст. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.
Ёфтҳои бештар