Гулҷаҳон Бурҳонова, модари як донишомӯзи синфи як иддао дорад, ки писараш баъди задани омӯзгор бистарӣ шудааст ва то кунун сиҳат наёфтааст. Муаллима ӯро барои он задааст, ки ба мактаб гул наовардааст. Аммо омӯзгор ин шикоятро рад карда мегӯяд, ба шогирдаш даст набардоштааст.