Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳи ман як пораи хоки ватан

Се видеое, ки соҳиби ҷоиза шуд:

24 видеое, ки ба озмун роҳ ёфт:

"Деҳи ман як пораи хоки Ватан" Эълони номи ғолибони озмуни Радиои Озодӣ

Ҷоизаҳои озмуни Радиои Озодӣ барои беҳтарин видеои корбарон зери унвони “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” соҳибони худро пайдо кард. Корбарони Радиои Озодӣ ба ин озмун видеоҳои зиёде фиристоданд, вале танҳо 24 навор ба озмун роҳ ёфт.

Дар маросими натиҷагирӣ аз ин озмун, ки рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, се навори беҳтарин эълон ва ба муаллифони онҳо ҷоизаҳои арзишманд тақдим шуд.

Шоҳҷоизаи озмуни "Деҳи ман як пораи хоки ватан" (видеокамера)-ро Файзалӣ Сафаров, блогери ҷавон аз ноҳияи Сангвор соҳиб шуд. Файзалӣ Сафаров, сокини 35-солаи деҳаи Лайрони Боло дар навори кӯтоҳ ба як шакли ҷолиб ва ҳам бодард дар бораи деҳаи худ ва мушкилоти он қисса кардааст. Ин блогер аз ҷумла манзараи сохтани пули муваққатиеро нишон додааст, ки одамон аз он ба самти дигари дарё мегузаранд.

Ҷоизаи дувуми озмуни Радиои Озодӣ – "Деҳи ман як пора хоки ватан" (планшет) насиби Фурӯзонфар Искандаров, барои навори “Деҳи ман: Табушн дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” шуд. Ин видео аз ҷониби доварони озмун барои наворбардории касбӣ ва ҷолиб баҳои баланд гирифт.

Ҷойи саввум дар озмуни "Деҳи ман як пора хоки ватан" (телефон) аз миёни номзадҳои хеле зиёд ба як духтари донишҷӯ барои беҳтарин навор аз ноҳияи дурдасти Ишкошим сазовор дониста шуд. Доварони озмун ҳангоми арзёбиҳо ба навори Амрина Абдулназарова, ҷойгоҳи махсус доданд. Амрина гуфт, наворро дар таътили тобистонаи худ сабт карда фиристод.

Озмуни "Деҳи ман як пораи хоки ватан" моҳи июн аз тарафи Радиои Озодӣ эълон шуд. Хоҳишмандон мебоист дар як навори 1-дақиқагӣ деҳаи худро ба ҷаҳониён нишон медоданд. Аз табиат, одамон, зиндагӣ, мушкилот -- ҳама чизи аҷоиби деҳаи худ нақл мекарданд. Навор бояд ба чанд суол посух мегуфт. Аз ҷумла инки чаро ҷаҳониён бояд деҳаи шуморо бубинанд? Чаро ба он таваҷҷуҳ зоҳир кунанд?

Эълони ғолибони озмуни Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Ҳайати доварони озмун, ҳам ки 13 нафар буданд, ин наворҳоро дар чаҳорчӯби шартҳои эълоншуда арзёбӣ карданд. Онҳо ба ҳар навор аз рӯйи чанд меъёр аз ҷумла дарозои навор, шеваи ҷолиби тасвир аз деҳаи худ, интихоби манзараҳо, пайванди сухан ва тасвир, самимияти нақл ва аҳамияти иҷтимоии навор холгузорӣ карданд.

Доварони озмун аз миёни намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла филмсозону хабарнигорон ва блогерҳо интихоб шуда буданд. Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ва раиси ҳайати доварон ҳангоми суханронӣ гуфт, зимни баҳогузорӣ бештар ба маҳорати наворбардорӣ ва муҳтавои видео аҳамият додааст. Ҳақдодов баргузор кардани чунин озмунҳоро кумаке барои ба миён омадани наворбардорони ҳирфаӣ номид.

Салими Аюбзод, кафили мудирияти Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар маросими эълони барандаҳои озмуни "Деҳи ман як пораи хоки Ватан" гуфт, ҳадаф аз ташкили озмун ҷалби ҷавонон ва видеоблогерҳои мардумӣ барои нишон додани зиндагӣ дар деҳоти имрӯзаи Тоҷикистон буд.

"Агар дар гузашта мегуфтанд, тоҷикон табиатан шоиранд, ҳоло бояд бигӯем, тоҷикон табиатан филмсозанд. Мо мебинем, дар паҳнои Ютуб чӣ қадар наворҳои зиёде аз ҷавонон нашр мешаванд. Аммо мавзуъҳои мухталифу камаҳамиятанд. Мо бо ин озмун мехоҳем ба онҳо бигӯем, ки бояд аз дунболи мавзӯъҳое раванд, ки арзиши иҷтимоӣ ва бинанда доранду мушкилеро ҳал мекунанд," -- афзуд Салими Аюбзод.

XS
SM
MD
LG