Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нигарониҳоро дар робита ба афзоиши тундгароии динӣ дар кишвар рад карданд.
Мақомоти Кумитаи дин нигарониҳоро дар робита ба афзоиши тундгароии динӣ дар Тоҷикистон рад карданд. Вале коршиносон мегӯянд, ақидаҳои ифротӣ ҳоло дар ҷомеаҳои нисбатан бози ОМ ҳам зуҳур мекунад.
Сохтмони нотамоми нахустин парки обии маъруф ба "Аквапарки Душанбе" баъди 12 соли таваққуф дубора ба роҳ монда шуд. Масъулияти сохтмони ин аквопаркро як ширкати итолиёии мавсум ба "Престон барбиери" бар уҳда гирифтааст.
Тошбӣ Ҷавракова, шабурӯз ба по рост ва нигаҳбони се фарзанди маълулаш аст. Санавбар, Латофат ва Насиба ба бемории нодире гирифторанд ва аз рушд мондаанд. Вале худаш мегӯяд, то замоне, ки ҳаст аз ин ҷигарбандони мӯҳтоҷи кӯмакаш даст намекашад.
Дар ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат як хонаводае зиндагӣ мекунад, ки се фарзанди он ба бемории нодире гирифторанд ва бузург намешаванд. Аммо модарашон сӣ сол аст, ки худаш ғами онҳоро мехӯрад ва мегӯяд, ҷойи меҳри ӯро на интернат мегирад, на каси дигар.
Як наққоши тоҷик, ки дар ятимхона бузург шудааст, ҷоизапулии худро ки 2 миллион рубл аст ба ятимон мебахшад.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки то ин дам 1600 сокини Тоҷикистонро ба унвони афроди гумшуда сабт кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, ки теъдоди дақиқи гумшудаҳо аз Тоҷикистон маълум нест.
Бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор барои нигаҳ доштани театри русии Маяковский дар Душанбе, мақомот дастур доданд, вайрон кардани бинои он дар маркази шаҳр шурӯъ шавад. Навиштаҳо дар деворҳои театр баёнгари дарду андӯҳи ҳунарпешагонест, ки инҷо кор мекарданд.
Бар асоси тарҳи нави Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар сурати пешниҳоди ягон идеяи тиҷорат ва ё кори деҳқонӣ ба муҳоҷирон ё хонаводаашон аз 100 доллар то 5 000 доллар кумак карда хоҳад шуд.
Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон тарҳи наверо рӯи даст гирифтааст, ки қарор аст оилаҳои тоҷикро аз вобастагӣ аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон раҳо кунад.
Бад шудани фазои ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодии Тоҷикистон ва танг шудани айни фазо дар Русия теъдоди ҳарчӣ бештари тоҷикҳоро маҷбур мекунад, ки хонаводагӣ ба Аврупову Амрико ё ҳадди ақал ба Туркия кӯч банданд.
Вей Ҷин духтари 18 солаи чинӣ лолу ношунаво аст ва эҳсосашро бо рақс баён мекунад. Ӯ аз даҳсолагӣ ба рақси касбӣ рӯ овардааст ва дар 12 солагӣ ба гурӯҳи овозхону ромишгарони чинӣ пайваст
Набӣ Юсупов хабарнигор ва коршинос мегӯяд, ин ки мақомот дастрасӣ ба сомонаву торнамоҳои экстремистиву террористиро масдуд мекунанд, мантиқист, аммо бастани вебсайтҳои хабарии кишвар, ки расман фаъолият доранд, як амали бемантиқ аст.
"Сегафредо” аз қаҳвахонаҳои маъруф дар маркази Душанбе, акнун на танҳо нӯшокӣ ва қаҳваҳои гуногун, балки китобҳои ҷолибро ҳам пешниҳоди муштариён мекунад.
Ситорамоҳ Мирзохонова, сокини 50-солаи Ховалинг, ба як ҷарроҳии ҷиддӣ омодагӣ мегирад. Табибон ба дарди ӯ, ки худаш онро то як моҳи пеш як дарди одии занона медонист, саратон ташхис гузоштанд.
Ситорамоҳ Мирзохонова, сокини 50-солаи Ховалинг, ба як ҷарроҳии ҷиддӣ омодагӣ мегирад. Табибон ба дарди ӯ, ки худаш онро то як моҳи пеш як дарди одии занона медонист, саратони бачадон ташхис гузоштанд.
Аксари онҳое, ки дар моҳи шарифи Рамазон мисли сокини пойтахти Тоҷикистон Насиба ба далелҳои мухталиф рӯза намедоранд, талош мекунанд, ки дар мазҳари ом ғизо нахуранд.
Комиларо сиҳатиаш иҷоза намедиҳад, ки мисли бархе аз дигар дӯстону ҳамсабақон дар моҳи шарифи Рамазон рӯза бигирад. Вале ӯ аз оғози рӯзадорӣ баробар бо дигарон соатҳо дар дарсу кӯча чизе ба даҳон намебарад.
Ҷомеашиносон мегӯянд, ки бекорӣ ва сахтиҳои рӯзгор занонро маҷбур кардааст, новобаста аз онки кор мардона, ё занона аст, иҷрои онро ба ӯҳда бигиранд.
Таманно Мирзоева танҳо зан дар миёни мардон дар сохтмоне дар Душанбе аст, ки хишт мечинад. Ӯ ҳангоми кор дар муҳоҷират ин ҳунарро ёд гирифт ва ҳоло манбаи даромадаш хиштчинӣ аст.
Ёфтҳои бештар