"Чанд бор афтоду айнакҳояш шикаст, вале маҷбур аст, бимонад”ВИДЕО

Ҳама маҷбуранд, дар як утоқи зиндагӣ кунанд.

Фирӯз сокини шаҳри Душанбе ва падари ду фарзанд аст. Фарзандон ва дунёро Фирӯзи 30-сола бо чашми дил мебинад. Падари нобинои ду тифл мегӯяд, бехонагӣ ӯро аз зану фарзандонаш тақрибан зиндаҷудо кардааст. Фирӯз ҷойи муайяни зист надорад ва ба далели тангии хонае, ки дар он ӯ ҳамроҳ бо чор бародари нобино ва падару модар зиндагӣ мекунад, маҷбур аст, кӯдаконро ҳафтаву моҳҳо ба хонаи волидони ҳамсараш фиристад.

Худи Фирӯз, ки маъюби гуруҳи аввал аст, имкони кор кардану харидани манзилро надорад. Таъмини оилаи иборат аз 16 нафараи онҳо бар дӯши падари хонавода аст, ки кори муайяне надорад ва аз ҳисоби кор дар сохтмонҳо зиндагиро пеш мебарад.

Фирӯз Исматов дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маълули модарзод аст ва талошҳояшон барои табобати чашмонаш солҳо бенатиҷа буд: "Мо аввал дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекардем. Вақте бародарам ман ва додарам, ки 5-сола шудем, дар ин синну сол ҳамагӣ ба ин беморӣ гирифтор шудем. Баъдан ду додари дигарам ҳам айни ҳамин мушкилро пайдо карданд. Вақте синнамон ба мактаб расид, моро ба мактаб-интернати нобиноёни Ҳисор бурданд. Рӯзҳои истироҳат як сол аз Ҳисор ба Панҷ мерафтем, чун дар Душанбе ҷое барои зистан набуд”.

Ба нақли Фирӯз, баъд аз марги аммааш дар соли 2007, ки дар хобгоҳи корхонаи “Тоҷикагрегат” зиндагӣ мекард, бо машварати хешовандон падару модари ӯ ҳамроҳ бо шаш фарзанд ба ин хобгоҳ кӯч бастанд: “Дар ноҳияи Панҷ мо ҳавлии калон надоштем, вақте амакам оиладор шуд, мо аз он ҳавлӣ баромадем. Солҳо боз дар ин хобгоҳ, ки як ҳуҷра дорад зиндагӣ мекунем”.

Фирӯз ва ду бародари дигараш оиладор ва соҳиби фарзанданд. Аммо ба сабаби набуди ҷойи зист келинҳои хонавода бо фарзандон дар хонаи волидон ба сар мебаранд ва назди падар фақат барои чанд рӯз меҳмонӣ меоянд. Хонаводаи Фирӯз як муддат дар таҳхонаи бинои нотамоми ширкати Мовароуннаҳр, ки падарашон онҷо посбон буд, зиндагӣ карданд. Ҳоло ин хонаводаи калон дар як ҳуҷраи тангу тори хобгоҳ зиндагӣ доранд ва аз афроди хайрхоҳ кумак талаб мекунанд.

Ба гуфтаи Фирӯз, тангдастӣ ва набуди ҷой 8 моҳи пеш бародари калонии ӯро бо вуҷуди нобиноӣ маҷбур кард ба муҳоҷират равад: “Ҳамсараш солим аст, аммо бародарам нобино мебошад. Маҷбур шуд, бо занаш равад ва онҳо дар таҳхонаи як коргоҳи дузандагӣ ба ҳайси фаррош кор мекунанд. Чашмонаш намебинанд, занаш бештар кор мекунад. Чанд бор худаш афтида айнакҳояш шикаст, вале маҷбур аст, онҷо бимонад”.

Ба гуфтаи Фируз, бародари дигараш ҳоло ҳам таҳхонаи биноҳои баланошёнаи марбут ба ширкати Мовароуннаҳр шабро саҳар мекунад. Ин хонавода иқрор мекунад, ки аз давлат кумаки ғизоӣ дарёфт мекунанд, вале: "манзиле надорем, ки онҷо зиндагӣ кунем. Борҳо муроҷиат кардем. Бори охир ба шаҳрдори Душанбе барои додани хона ба оилаи маълули худ модарам муроҷиат карда буд, аммо дар инҷо ба мо гуфтанд ки биноҳои навсохт дар шаҳрро соҳибкорон месозанд ва онҳо имкони ҷудо кардани манзил бароямонро надоранд”.

Ин ҷавон мегӯяд, бисер дидааст, ки афроди хайрхоҳ кам нестанд ва умед дорад рӯзе дасти саховатмандон ба хонаводаи онҳо ҳам, ки панҷ бародари маълул ҳастанд, дароз мешавад.