Лағви парвозҳо зиндагии муҳоҷиронро ба ҳам зад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек кор мекунанд ва лағви парвозҳо барномаҳои зиндагии бисёре аз онҳоро ба ҳам зад. Садҳо нафари онҳо ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳҳо дармонданд. Мақомоти сафорати Тоҷикистон рӯзи 26-уми март гуфтанд, бахше аз муҳоҷиронро ба ватан фиристоданд. Ба қавли онҳо, бархе аз муҳоҷирон, ки дар фурудгоҳҳо бепул монда буданд, ройгон ба ватан бурда шудаанд. Қаблан муҳоҷирони бандмонда аз гаронии нархи билети бозгашт шикоят доштанд.