Тоҷикистон дархости як вакили мудофеи хориҷиро барои ҳимоят аз ҳуқуқи Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), генерали зиндонӣ ва фармондеҳи пешини Горди президентиро рад кардааст. Мақомот гуфтаанд, қонунҳои Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеи хориҷиро дар кишвар, ба ҷуз аз баҳсҳои иқтисодӣ, иҷозат намедиҳад.
Скотт Мартин, ҳуқуқшиноси амрикоӣ, бо дархости пайвандони Ғаффор Мирзоев мехост аз ҳуқуқи ӯ ҳимоя кунад, вале бо рад шудани дархосташ Тоҷикистонро тарк кард.
Абдусалом Мирзоев, писари 31-солаи Ғаффор Мирзоев, муқими шаҳри Дубай аст. Вай рӯзи 7-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили мудофеи хориҷӣ барои беҳтар кардани шароити нигаҳдориии Ғаффор Мирзоев дар зиндон талош дошт.
Мирзоев гуфт, падараш тавассути наздикон аз зиндон иҷоза додааст, ки вакили хориҷӣ аз ҳаққи ӯ ҳимоят кунад, вале сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфтааст, вакили хориҷӣ наметавонад аз ӯ ҳимоят намояд. "Тоҷикистон бояд ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад", - гуфт Абдусалом Мирзоев.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар посухи худ ба вакили мудофеи хориҷии Ғаффор Мирзоев гуфтааст, қонунгузории Тоҷикистон барои кори ӯ дар дохили кишвар иҷозат намедиҳад. Дар посухи расмии Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳо, аз 17-уми январи соли 2020 гуфта шудааст, ки тибқи қонун дар бораи адвокатура "адвокатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият карданро надоранд, ба истиснои парвандаҳои иқтисодӣ, ба масъалаҳои ҳуқуқи давлати хориҷӣ ва дар сурати дар онҳо мавҷуд набудани сирри давлатӣ".
Скотт Мартин, ҳуқуқшиноси амрикоӣ аз ширкати Global Rights Compliance LLP рӯзи 6-уми апрел гуфт, посухи мақомотро баъди як ҳафта талоши ворид шудан ба назди Ғаффор Мирзоев дар як боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе гирифт.
Ӯ мегӯяд, "ба қонунҳои давлати мустақили Тоҷикистон эҳтиром қоил аст", вале "ин банди қонун хилоф бо ҳуқуқи байналмилалии башар аст, ки ба зиндониҳо ҳақ медиҳад аз хидмати ҳар вакили мудофеъ барои ҳимоят аз худ истифода кунанд".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Скотт Мартин афзуд, ҳадафи ӯ ва хонаводаи Ғаффор Мирзоев ин аст, ки "ҳукумати Тоҷикистон ба генерали зиндонӣ иҷозат бидиҳад, то телефонӣ вазъи ҳуқуқиашро баррасӣ кунанд; ба ӯ ҳаққи муошират бо аъзои хонаводааш тавассути телефон (ва роҳҳои дигари муошират) бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ фароҳам карда шавад".
Талаби дигари онҳо ин аст, ки "шароит ё режими нигаҳдории ӯ дар зиндон тағйир ёфта, мурофиаи додгоҳиаш ва мутобиқати он ба ҳуқуқи амалкунанда ҳамаҷониба баррасӣ шавад".
Абдусалом Мирзоев мегӯяд, наметавонад ба Тоҷикистон баргашта, аз дохил барои ҳуқуқи падараш талош кунад, чун аз амнияти худ нигарон аст ва бовар надорад, вазъи ӯ ё фарзандони дигари Ғаффор Мирзоев дар Тоҷикистон амн хоҳад буд.
Ҳамсару се писар ва як духтари Ғаффор Мирзоев дар хориҷа зиндагӣ мекунанд.
Нигаронии наздикон
Дархости вакили мудофеи хориҷӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи генерали зиндонӣ дар ҳоле рад мешавад, ки наздикони Ғаффор Мирзоев аз вазъи ӯ дар зиндон нигарон ҳастанд.
Абдусалом Мирзоев, фарзанди Ғаффор Мирзоев мегӯяд, бори охир оилаву фарзандон бо падар соли 2006, баъди ду соли боздошту ҳабсаш, телефонӣ гап зада буданд. Мирзоев ҳаққи сӯҳбати телефонӣ ва ё мукотиба бо наздиконро надорад. Танҳо дар як сол ду дафъа хоҳари Ғаффор Мирзоев метавонад бо ӯ мулоқот дошта бошад.
"Хости мо ҳамин аст, ки вазъи падарам беҳтар шавад. Бо оила иртибот надорад, наметавонад телефонӣ гап занад", -- гуфт фарзанди Ғаффор Мирзоев.
Аммо масъулони идораи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд, нигаронии наздикони генерали зиндонӣ "беасос аст", зеро "вазъи Ғаффор Мирзоев дар маҳбас хуб аст".
Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Ғаффор Мирзоев ягон шикоят надорад ва аз шароитҳое бархурдор аст, ки қонунгузорӣ барои маҳбусони якумрӣ муқаррар кардааст.
"Бар асоси он чизе, ки дар доираи қонун аст, шароитҳоро муҳайё кардем. Ҳатто ба китобхониву рӯзнома ва маҷаллаҳо обуна ҳастанд. Радио ҳаст, гӯш мекунанд. Чизе, ки дар доираи қонун аст, фароҳам овардаем", - шарҳ дод ӯ.
Ҳабси абад
Фармондеҳи пешини Горди президентии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев соли 2004 боздошт ва баъди ду сол бо гуноҳи кӯшиши табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, суиистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Мирзоеви 64-сола 16 сол боз дар зиндон аст ва наздиконаш мегӯянд, борҳо хостааст, ки парвандааш аз нав баррасӣ карда шавад.
Ғаффор Мирзоев дар гузашта ба ҳайси раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст.