Зеленский: Кореяи Шимолӣ барои ҷанг бо Украина ҳазорон нерӯ мефиристад

Ким Чен Ун ва Владимир Путин, раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Русия. Акс аз соли 2024

Раисҷумҳури Украина аз тасмими фиристодан ва ҷобаҷойии аз 30 то 50 ҳазор нерӯи артиши Кореяи Шимолӣ барои кумак ба Русия дар ҷанг бо Украина хабар дод, аммо шарҳ надод, ки маълумотро аз чӣ роҳе ба даст овардааст.

Владимир Зеленский, инчунин, гуфт, мушакҳои сохти Кореяи Шимолӣ дар хоки Украина пайдо шудаанд. Маҳалли кашфи онҳоро низ ошкор накард.

Ӯ ҳушдор дод, ки Кореяи Шимолӣ бо иштирок дар ҷанги зидди Украина барои ба даст овардани таҷриба дар “ҷанги модерн” идома хоҳад дод ва дар иваз аз Русия фанновариҳои бештар дарёфт хоҳад кард.

Владимир Зеленский ҳамзамон аз Кореяи Ҷанубӣ хост, ҳамкории низомии худро бо Киев афзоиш диҳад. Бавижа дар арсаи таъмини низоми дифои ҳавоӣ, ки Украина бо камбуди сахти онҳо рӯбарӯ аст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, Киев омодаи ҳамкорӣ бо Сеул дар заминаи паҳподҳо ва арсаҳои дигар аст ва дипломатҳои украинӣ дар ин замина бо мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ дар тамос ҳастанд.

Владимир Путин ва Ким Чен Ун, раҳбарони Русия ва Кореяи Шимолӣ, дар ҷараёни сафари Путин ба Пхенян дар моҳи июни соли 2024 паймони шарикии стратегӣ имзо карданд, ки шомили кумак ба якдигар дар сурати рӯбарӯ шудани ҳар яке аз ин ду кишвар бо "таҷовузи хориҷӣ" аст.

Кореяи Шимолӣ фиристодани нерӯро ба Русия кумак ба ҳампаймони худ бар асоси ҳамин созиш гуфтааст. Аз охири соли 2024 то июни соли 2025, Кореяи Шимолӣ ба таври тахминӣ байни 14 то 15 ҳазор нерӯ ба Русия фиристод, то барои муқобила бо ҳузури нерӯҳои украинӣ дар минтақаи Курски Русия, дар чорчӯби ҳамлаи Кремл ба Украина, ба Маскав ёрӣ бирасонад.

Маскав ва Пхенян дар оғоз гузоришҳоро дар бораи ҳузури нерӯҳои Кореяи Шимолӣ дар ҷанг бо Украина инкор карданд. Аммо саранҷом дар апрели соли 2025 ҳар ду кишвар ҳузури ин нерӯҳоро дар хоки Русия тасдиқ намуданд.

Як мақоми истихбороти низомии Украина низ аввалҳои моҳи ҷорӣ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфта буд, ки як воҳиди мушакии Кореяи Шимолӣ дар ҳоли ҷобаҷо шудан дар ғарби Русия аст ва мумкин аст барои ҳамла ба Украина бо 120 мушаки баллистикӣ ва шаш партобгар муҷаҳҳаз шавад.

Сафорати Кореяи Шимолӣ дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ба дархости хабаргузории "Рейтерс" барои изҳори назар дар бораи ин гузориш посух надодаанд.