Занони зиндониро дар Украина ба ҷабҳаи пеши ҷанг мебаранд

Акс аз бойгонӣ

Дар Украина дар баробари мардони зиндонӣ баъзе аз занони маҳбус низ барои ҷанг дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ изҳори омодагӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз хатарҳо огоҳанд, вале умед доранд, ки ин амал барои сабуктар шудани ҳукмашон ёрӣ медиҳад.

"Муҳим он аст, ки бо мо ба мисли одамони одӣ муносибат мекунанд. Ҳатто раҳми моро мехӯранд," – гуфт яке аз ин занон бо номи Текила. Вай дар зиндон ҳукми сесолаашро адо мекард. Вақте пешниҳоди рафтан ба ҷангро гирифт, баъди андешаронӣ ба хидмати пурхатари низомӣ розӣ шуд.

Хабарнигор: Шумо дар бахши ҳамлаварон ҳастед. Оё ягон бор аз пайвастан ба артиш пушаймон нашудед?

Текила: Бале, шудам, аммо агар ҳамин ҳоло ба ман фармон шавад, ки бояд ба амалиёти ҳамла ҳамроҳ шавам, ман меравам.

Хабарнигор: Лаҳзае, ки аз зиндон берун шудед, чӣ ҳис доштед?

Текила: Нафаси чуқур кашидам. Берун аз зиндон ҳатто ҳаво дигар аст.

Рӯзҳои дарози Текила дар зиндон бо дӯзандагӣ мегузашт. Биноан, пас аз берун шудан аз он ҷо бояд ҷисмашро обутоб медод. Ба мисли ӯ беш аз сад зани маҳкумшуда дар Украина барои сабук кардани ҷазо ё озодии пеш аз муҳлат хидмат дар артишро интихоб карданд.

То имрӯз артиши ин кишвар талош дошт аз ҳисоби ҳазорон марди зиндонӣ камбуди нерӯро ҳал кунад. Онҳое, ки ба ҷиноятҳои сангин маҳкум шудаанд ё ба амнияти миллӣ хатар доранд, аз чунин имкон баҳравар нестанд.

Як зани зиндонии дигар дар артиши Украина гуфт, "ман дар маркази фармондеҳӣ ҳастам. Бо коргузорони ҳавопаймоҳои бесарнишин, қисмҳои миномётӣ, пулемётӣ ва гурӯҳҳои ҷангӣ дар хати ҷабҳа робита дорам."

Маҳбусони дигар ҳам худро дар артиш номнавис мекунанд. Онҳо умедворанд, ки ҳаёташон дигар мешавад. Галина, яке аз ин занон, мегӯяд, "мехоҳам ба ҷанг равам, зеро писарам дар 25-солагӣ ва баъди се моҳ шавҳарам дар Бахмут дар ҷабҳа ҳалок шуданд."

Галина барои дуздӣ ба 6 сол зиндон маҳкум шудааст.

Хабарнигор: Дар ҷабҳа чӣ кор карда метавонед?

Галина: Ман метавонам дар ду ҷо кор кунам. Панҷ сол дар омӯзишгоҳи Киев духтурӣ хондам. Дар мошини Ёрии таъҷилӣ кор мекардам. Таҳсили қаннодиро низ гузаштаам. Мехоҳам, ки Украина ва фарзандони ояндаамонро дифоъ кунам, мубориза барам, ба бачаҳо мадад расонам.

Фармондеҳони украинӣ мегӯянд, маҳбусони собиқ сарбозони ҷасур ва ангезадор ҳастанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занони зиндонии Украинаро ба ҷабҳаи пеши ҷанг мебаранд