2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС

Геоване Силва писараш Густаво Ҳенрикро, ки гирифтори бемории Зико шудааст, дар даст дорад. Бразилия 26 январи соли 2016. Акс аз хабаргузории Райтерз.

Як ҷавон дар шаҳри Минск, Беларус. 5 январи соли 2016.

Надежда Толоконникова, узви гурӯҳии русии Pussy Riot ҳини иҷрои мусиқии нави "Чайка" дар Маскав, 13 январи соли 2016.

Акси номзад ба мақоми президентии Амрико Доналд Трамп дар берун аз як манзил дар West Des Moines, Iowa, 15 январ.

Як зан ва фарзанди ӯ дар наздик манзили вайронаашон дар шаҳри курднишини Силопӣ дар ҷануб-шарқи Туркия дар марз бо Ироқ. 19 январи соли 2016.

Баъд аз он ки, вакилони мухолиф дар парлумони  Косова гази ашковар сар доданд, пулис бо пӯшидани моск ва ё ниқобҳои зидди гази ашковар, маҳалро тафтиш мекунанд. 19 феврал.

Аъзои Маркази фаврии вокуниши байналмилалӣ дар соҳилҳои Юнон -- ҷое, ки муҳоҷирон аз Туркия убур мекунанд. 22 феврал.

Ба як уқоб дар Ҳуланд аз сӯи як ширкати амниятӣ истифода аз "дрон" тамрин дода мешавад. 7 март.

Як духтар дар наздикиҳои як урдугоҳи муҳоҷирон дар Идоменӣ, Юнон дар марз бо Мақдуния. 10 март.

Як зан дар ҷараёни як барномаи консертӣ дар Майдони Сурхи Маскав ҳини дувумин солгарди пайвастшавии нимҷазираи Қрим ба Русия, ба ду афсари пулис назар мекунад. 18 март.

Ҳазорон нафар дар Бруссел ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористӣ як дақиқа хомӯшӣ ихтиёр карданд. 24 март.

Як писарбачаи суриягӣ аз назди манораи як масҷиди тахрибшуда дар наздикиҳои Димишқ убур мекунад. 31 март.

Як минаҷӯи русӣ дар наздикиҳои шаҳри таърихии Палмираи Сурия. 7 апрел.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Кобул. Аксари ин тазоҳургарон аз ақалияти Ҳазора буданд ва талаб доштанд, ки хатти интиқоли барқи Осиёи Миёна ба Афғонистон, аз вилояти Бомиён убур кунад.16 май.

Рӯзноманигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова рӯзи 25 май пас аз раҳоияш аз зиндон бо хабарнигор сӯҳбат мекунанд. Исмоилова дар моҳи декабри соли 2014 барои гузоришҳояш дар мавриди фасод дар Озарбойҷон, ба зиндон маҳкум шуда буд. 

Нодия Савченко дар Фурудгоҳи байналмилалии Бориспол дар Киев бо хабарнигорон суҳбат мекунад. Савченко дар моҳи июни соли 2014 дар шарқи Украина боздошт шуд ва ба Русия интиқол ёфт. Вай дар куштори ду хабарнигори рус муттаҳам мешуд. Вай дар ивази ду маҳбуси рус раҳо шуд. 25 май.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматиӣ дар Мақдуния. 31 май.

12 июл. Намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо ва тарафдорони онҳо дар наздикии Қасри Сафед хотираи қурбониёни ҳамла ба як клуби шабонаи ҳамҷинсгароҳо дар Флоридаро гиромӣ медоранд. Дар ин ҳамла 49 нафар кушта ва 53 нафари дигар захм бардоштанд.

Нигел Фараг, раҳбари Ҳизби истиқолияти Бритониё аз раъйи мардум дар робита ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо дар пайи як ҳамапурсӣ, шодмонӣ мекунад. 23 июн.

11 июн. Як зан хотираи қурбониёни наслкушии соли 1995 дар Сребренитсаро гиромӣ медорад. Дар ҷараёни ҷанги  Босния сербҳо дар ин шаҳр 8 ҳазор мусалмонро қатли омм карданд.

Мардум дар вилояти Юннани Чин обхезӣ дар дарёи Ҷиншаро мушоҳида мекунанд. 15 июл.

Мотам дар Фаронса ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар рӯзи истиқлолияти он кишвар. Дар ин ҳамлаҳо 84 нафар кушта шуданд. 14 июл.

 

Парчами Туркия ва акси раиси ҷумҳури он кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар майдони "Тақсим"-и Истанбул. 23 июл. Низомиён дар ин шаб талош карданд қудратро дар даст бигиранд. 

Як зани украинӣ хонаи тахрибшудаи худро дар минтақаи Донетск мушоҳида мекунад. Ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои Украина дар ин минтақа бо ҳам даргир ҳастанд. 1 август.

Бошандагони яке аз маҳаллаҳои пойтахти Бразил ҷараёни оғози Бозиҳои олимпиро тамошо мекунанд. 5 август.

1 сентябр. Гурӯҳҳои наҷотбахш дар деҳаи Лазио дар Аматрайс дар Италия қурбониёни зилзиларои ҷустуҷӯ мекунанд. Бар асари зилзилаи 6-дараҷаӣ, ки рӯзи 24 август рух дод, наздик ба 300 нафар ба ҳалокат расиданд.

Як уқоби шикорӣ дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо дар Қирғизистон. 6 сентябр.

Як марди суриягӣ дар яке аз минтақаҳои шаҳри ҷангзадаи Ҳалаб бо фарзанди хурдаш аз миёни биноҳои тахрибшуда убур мекунад. 11 сентябр.

Занони маҷористонӣ бо либосҳои суннатӣ ҳини раъйпурсӣ. 2 октябр.

Ҷашни суннатии Соли нави яҳудиён дар Украина. 2 Октябр.

2 октябр. Мақомоти Фаронса як урдугоҳи муҳоҷиронро тахриб мекунанд. Дар ин урдугоҳ аз 6 то 8 ҳазор нафар паноҳанда дар вазъи на чандон муносиб ба сар мебурданд.

Занони мусалмон ва сайёҳони дигар дар наздикии Баҳри Мурда дар Исроил. 18 ноябр.

7 ноябр. Дар дохили утоқи назоратии шумораи нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил. 

Як паноҳанда омодаи шустушӯ дар наздикиҳои як аз урдугоҳҳо дар Белград, Сербия. 10 ноябр.

12 ноябр. Тазоҳурот дар Ню-Йорк алайҳи раиси ҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп. Доналд Трамп дар интихоботи президентии 8 ноябр ба таври ғайримунтазира ва бо шикаст додани Ҳиллари Клинтон, раиси ҷумҳури Амрико интихоб шуд.

17 ноябр. Мардум дар шаҳри Мавсил аз ҳамлаҳои ҳавои нерӯҳои эътилоф фирор мекунанд. Нерӯҳои ироқӣ, пешмергаи курд ва ниманизомиёни шиа дар нимаи аввали моҳи ноябр бо ҳимояи ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф барои бозпас гирифтани шаҳри Мавсил аз гурӯҳи "Давлати исломӣ", амалиёти густардаро оғоз карданд. 

Нерӯҳои украинӣ алайҳи ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар наздикиҳои деҳаи Авдийивка оташ мекушоянд. 22 ноябр.

Фидел Кастро рӯзи 25 ноябр дар сини 90-солагӣ аз дунё даргузашт ва миллионҳо мардум дар кишварашро дар сӯг гузошт.

8 декабр. Як писарбача дар наздикии боқимондаҳои як ҳавопаймо дар деҳаи Саддҳа Батоли дар наздикиҳои шаҳри Абботободи Покистон. Бар асари суқути ин ҳавопаймо 47 нафар кушта шуданд, ки дар миёни онҳо Ҷунайд Ҷамшед, хонандаи сурудҳои поп, ки баъдан ба як даъватгари мусалмон табдил шуд, низ буд.

Мардум шаҳри ҷангзадаи Ҳалабро тарк мекунанд. Нерӯҳои Асад пас аз чанд соли ҷангҳои хунин бо мухолифон, ин шаҳрро ба назорати комили худ дароварданд.

Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.