АКС: Ҳодисаҳои муҳими соли 2023 дар ҷаҳон

1-уми январи соли 2023. Ҷангҷӯни "Толибон" маҳалли таркишеро дар назди Вазорати корҳои дохилии Афғонистон месанҷанд. "Толибон" гуфтанд, таркиш дар наздикии як посгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Кобул иттифоқ уфтод 

8-уми январ, шаҳри Теҳрон. Карикатураи президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар рӯйи девори сафорати Фаронса дар Теҳрон. Занҳои эронӣ дар намоиши эътирозии бознашри карикатураи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар нашрияи фаронсавии Charlie Hebdo иштирок карданд

13-уми январ, Украина. Хонаву пули вайроншуда дар соҳилҳои дарёи Сиверский Дотетс. Деҳаи Богородичнеи Украина, ки нав озод карда шудааст

20-уми январ, наздикиҳои шаҳри Вишегради Босния. Ахлоту партов дар дарёи Дрина аз обҳои се кишвари Балкани Ғарбӣ то ин ҷо расида, ҷамъ мешаванд

23-юми январ, студияи рақсие дар шаҳри Монтерей Парки Калифорния, Амрико. Зане дар гӯшаи хотираи қурбониёни як тирандозӣ дуо мекунад

1у-уми феврал, Пешовари Покистон. Хешовандони қурбониёни як ҳамлаи маргталабона (интиҳорӣ) дар масҷиди маҳаллӣ. Дар ҳамла ба масҷид 101 нафар, асосан ходимони полис кушта шуданд

8-уми феврал, ноҳияи Элбистони шаҳри Қаҳрамонмашари Туркия. Дар пайи ду зилзилаи пуршиддати 6-уми феврал, ки инчунин дар қаламравҳои Сурия эҳсос шуд, беш аз 9 ҳазор кас куштаву ҳазорҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд

20-уми феврал, Киев, Украина. Президентони Амрико ва Украина - Ҷо Байден ва Владимир Зеленский аз назди калисони Михаили Муқаддас мегузаранд

7-уми март, Тбилиси (Тифлис). Полис бо эътирозгарони зидди қабули тарҳи қонун дар бораи агенти хориҷӣ вориди задухӯрд шуд. Полис нисбат ба эътирозгарон, ки парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо дар даст доранд, гази ашковарро ба кор бурд

23-юми март, наздикиҳои шаҳри Бахмути Украина. Сарбози маҷрӯҳро ба ҷои амн мебаранд

2-юми апрел, Литтл Рок, Арканзас, Амрико. Тӯфони пуршиддат боми хонаро нобуд кард

10-уми апрел, Теҳрон. Мақомоти Эрон гуфтанд, барои сахттар кардани назорати либоси занон ва сабти духтарону занони беҳиҷоб дар ин ҷумҳурӣ дар кӯчаву хиёбонҳо дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд. Чунин тадбир дар вокуниш ба эътирозҳои саросариву фаровон аз ҳиҷоби маҷбурӣ гирифта шуд, ки баъд аз марги Маҳсо Аминӣ тамоми Эронро пахш кард

11-уми апрел, ноҳияи Уст-Каменогорски минтақаи Камчатка, Русия. Баъд аз партоби оташ аз вулқони Шивелуч, ки яке аз бузургтарин вулқонҳои "зинда" гуфта мешавад, гарди зиёди  хокистар масоҳати беш аз 20 километри атрофи онро фаро гирифт

4-уми май, Белгради Сербистон. Гулу бозичаҳо дар назди мактабе, ки дар он шогирди 13-солае ба сӯи ҳамсинфону омӯзгоон оташ кушод ва чанд нафарро кушт. Ҳамлагарро полис боздошт кард

23-юми май, Кобул. Занҳои Афғонистон интизори тақсими ёрии башардӯстонаи байнулмилалӣ истодаанд. Як ҷангҷӯйи "Толибон" ин навбатро назорат мекунад

28-уми май, нуқтаи марзии Беловежа, Лаҳистон (Полша). Муҳоҷирон дар назди деворҳои хати сарҳад ҷамъ шудаанд

29-уми май, назди маъмурияти шаҳри Звечани Косово. Задудӯрди сарбозони нерӯҳои посдори сулҳи НАТО бо сербҳои маҳаллӣ. Эътирози сербҳои маҳаллӣ аз пирӯзии албаниҳо дар интихоботи маҳаллӣ сар зад

31-уми май, София, Булғористон. Дар муҷассамаи сарбозони Шӯравӣ, ки ба хотири қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гузошта шудааст, ранги сурх дида шуд. Ин ранг рамзи пуштибонӣ аз Украина дар ҷанги беасосе арзёбӣ мешавад, ки Русия дар соли 2022 сар кард

7-уми июн, шаҳри Херсони Украина. Баъд аз хароб шудани обанбори Каховка кӯчаву хиёбонҳои Херсон зери об монд

20-уми июн, деҳаи Бандлии минтақаи Кашмири зери назари Покистон. Тазим Парвоз аз сарнавишти писараш нигарон аст. Эҳтимол писари ин зан ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми ҳаракат ба сӯи Юнон дар обҳои Баҳри Миёназамин ғарқ шудаанд

20-уми июн, Будапешт, Венгрия (Маҷористон). Дар гармои шадиди он рӯз баъзе аз сокинон дар фаввораи маркази шаҳр худро сард мекарданд

22-юми июн, ҷаласаи Додгоҳи олӣ аз рӯи даъвои раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний. Худи сиёсатмадор аз дохили зиндони Мелехово дар вилояти Владимир ба ҷаласаи додгоҳӣ тавассути интернет пайваст карда шудааст

14-уми июл, Андра Прадеш. Сокинон дар назди истигоҳи кайҳонии Ҳинд ба кайҳон рафтани киштии "Чандраяк 3"-ро мушоҳида мекунанд

15-уми июл, деҳаи Довҳенкеи Харков, Украина. Миколаи 41-сола бо фарзандонаш ба назди хоҳараш омадааст, ки хонааш дар ҷанги артиши Русия ва Украина хароб шудааст

17-уми июл, минтақаи Аттиқаи Юнон. Дар пайи сӯхторҳои шадиди ҷангалҳои Юнон, марде талош дорад сӯхтори манзилеро хомӯш кунад

29-уми июл, Бухарест, Руминия. Раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо бо талаби ҳуқуқи бештар дар қонун

12-уми август. 320 акси рақамии бориши шаҳобҳои Персеӣ, ки дар фазои шаҳри Кумановои Мақдунияи Шимолӣ дида мешавад. Ин падида ҳар сол моҳи август такрор мешавад

17-уми август, маҳаллаи масеҳиён дар ноҳияи Файсалободи Покистон. Полис пас аз ҳуҷуми издиҳоми мусалмонон ба ин маҳалла омадааст, ки баъди гуё беэҳтиромии сокини он нисбат ба Қуръон сар зад

19-уми август. Марди маҷрӯҳе аз майдони сурхи шаҳри Черниҳови Украина мегузарад. Дар пушташ театри ба номи Тарас Шевченко

22-юми август, Будапешт, Маҷористон (Венгрия). Барандагони медалҳои мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба атлетика

24-уми август, Санкт-Петербург. Як ҷангҷӯи гурӯҳи зархаридони "Вагнер" бо ниқоб аз макони ёдгории Евгений Пригожин дидан мекунад

6-уми сентябр, маркази шаҳри Константинивка, Украина. Низомиён дар назди ҷасади кушташудаҳо аз дасти мушаки русӣ

6-уми сентябр, Арапия, Булғористон. Дар пайи обхезиҳо мошини ин нафарон дар об ғарқ шуд ва ин ду мард талош доранд онро берун кашанд

26-уми сентябр, деҳаи Корнидзори Арманистон. Муҳоҷирон аз Қаробоғи Кӯҳӣ ба сӯи Арманистон ҳаракат мекунанд

29-уми сентябр, Берлин, Олмон. Як эътирозгар ба пешвози сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромадааст

28-уми октябр, Қарағанда, Қазоқистон. Хешовандони конканҳои бандмонда дар кони ангишт интизори хабар аз азизонашон ҳастанд. Дар сӯхтор дар як кон 32 нафар ҷон бохт

30-юми октябр, сарҳади Нангарҳор бо Покистон. Садҳо паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба ватан бармегарданд. Исломобод амр кард, ки то 1-уми ноябр 1,7 миллион паноҳҷӯйи бесанад кишварро тарк кунанд

31-уми октябр баъд аз ҳамлаҳои Исроил дар урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинии Ҷабалия дар навори Ғазза

21-уми ноябр, шимоли Исроил. Акси духтари рабудашуда аз тарафи "Ҳамос" дар девори як хона. 7-уми октябр ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба хоки Исроил ҳамлаи маргборе анҷом доданд

2-юми декабр, Лвов, Украина. Романи 8-сола, ки соли гузашта дар пайи ҳамлаҳои мушакии Русия ба Виннитсаи Украина осеб дид, 30 амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Талош дорад ба зиндагии маъмулӣ баргардад

Даргирӣ, таркиш, офатҳои табиӣ, кӯчокӯч ва эътирозҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон дар соли 2023 низ идома кард. Баъзе аз ин лаҳзаҳоро дар аксҳо бинед.