Офатҳои соли 2013

Рӯзи 9 январ дар соҳилҳои ғарбии Австралия бар фарози уқёнуси Ҳинд чанги сурхе ба мушоҳида расид.
 

Хонумҳои ҷопонӣ бо либоси кимоно дар тан рӯзи 14 январ аз хиёбонҳои барфолуди Токио гузар карданд. Дар миёнаҳои моҳ дар пойтахти Япония барфрезии шадиде мушоҳида шудааст.
 

Дар шаҳри Якутски минтақаи Сибири Русия рӯзи 16 январ ҳарорат  -46 дараҷаро ташкил  медод.

Барф дар  биёбонҳои Табуки Арабистони Саъудӣ дар рӯзи 1 феврал.  

27 феврал,  рустои Моноспитои Македония. Боронгарӣ боиси  обхезии шадид дар ҷанубу шарқи ин кишвар шудааст.

26 март дар шаҳри Киеви Украина барфи зиёд борид. Марде атрофи калисои Михайловскийро аз барф тоза мекунад

Барфи  зиёд дар таърихи 26 март  140 ҳазор манзили сокинони Ирландияи Шимолиро аз дастрасӣ ба нирӯи барқ маҳрум кард.

2 апрел атрофи шаҳри чинии Шенянгро туман фаро гирифт.
 
 
 

Пиразане дар манзили дар об ғӯтидаи худ нишастааст. Рустои Снядино, Ҷумҳурии Беларус. 16 апрел

Сокинони Мазори Шариф дар поккории рустое баъди боришоти шадиди пурқурбонӣ иштирок мекунанд. 24 апрел  

Парвози мурғе дар фазои хуршеди козиб. Ню Ҷерсӣ, 14 май

Рӯзи 19 май дуди ғализе замину осмони наздикиҳои Ҳевени Ҷанубии Канзасро пахш кард, ки бар асари тандбоди шадид ба вуҷуд омад.

Паёмадҳои гирдбоди харобиоваре дар шаҳри Оклаҳомаи ИМА, 20 май. Ин офати табиӣ ҷони 51 нафарро гирифт ва садҳо нафарро аз хонаву дар маҳрум кард
 

Жолабороне дар маркази Белград. 30 май

Обхезии шадиде дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех оби дарёи Влтаваро аз соҳил берун ва муҷассамаи рӯҳонии маъруфи ҳинд Шри Чинмойро то нисф зери об бурд.

Тӯфоне қароргоҳи низомиёни бритониёӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистонро асар кард. 3 июн
 

Деҳқони мисрӣ замини шӯразадаашро, ки дар соҳили Нил ҷойгир аст, намоиш медиҳад. 4 июн

Дар ҳарорати 43 дараҷа гармӣ ин писар худро ба канали пуроби Лоҳури Покистон андохт.

Атфоли чинӣ дар гармои шадид рӯи фарши сард мехобанд. 26 июл

4 август. Тракторе сокинони Карочиро аз об наҷот дода ба соҳили хушк интиқол медиҳад. Борони маргбори Мансун, ки дар саросари Покистон борид, беш аз 100 нафарро кушта ва  садҳо тани дигарро асар кард.  

Марде дар варзишгоҳи Ленини шаҳри Хабаровски Русия бо истифода аз обхезӣ машқи бодсаворӣ мекунад. 1 сентябр
 

Тӯфони шадиде дар наздикиҳои Лоҳури Покистон. 15 сентябр

Тӯфоне дар соҳилҳои Болонеи Фаронса рӯзи 20 октябр мушоҳида шуд. дар Бритониёву Фаронса ин рӯзҳо ду нафар кушта шуда, наздики 300 ҳазор нафар бехонаву дар монданд.  
 

10 ноябр. Боқимондаҳои тундбоди Филиппин. Дар ин офати табиӣ 10 ҳазор нафар кушта ва  660 ҳазор кас бехонаву дар шуданд.