Тоҷикистон бо беш аз 1300 кӯли табиӣ ва ҳазорҳо километр пиряхҳо бузургтарин махзани об дар Осиёи Марказӣ ба шумор мебояд , вале миллионҳо сокини он ба оби пок дастрасӣ надоранд.
Ба гуфтаи коршиносон, вазъ, ба вижа дар Хатлон, нигаронкунанда аст. Бар пояи омори расмӣ, ҳамагӣ 20 дар сади мардуми вилоят бо оби пок таъмин шудаанду халос. Дигарон маҷбуранд аз оби ҷӯйборҳои ифлос ва аз каналҳое, ки бо заҳрҳои кимиёвӣ олуда шудаанд, истифода баранд.
Сафармо Каримова дастрасӣ надоштани сокинони ноҳияи Вахшро ба оби пок умдатарин мушкили ноҳия мехонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамсар ва ду фарзандаш аз чанги маризии домана раҳо шуданд, аммо чандин нафар аз ҳамдеҳаҳои онҳо ба ин маризӣ гирифоранд. Табибони маҳаллӣ мутмаинанд, ки сабаби беморӣ - истифода аз оби ифлос аст. Сафармо Каримова меафзояд, ки дар деҳаи онҳо лӯлаи об ё водопровод нест, аз ин рӯ онҳо маҷбуранд, ки бо сатилҳо аз деҳаи ҳамсоя об кашонанд. Ӯ аз солҳои шӯравӣ ёд меоварад, ки ба деҳаи онҳо бо мошин ҳар рӯз ройгон оби пок меоварданд.
Аз қаламрави Хатлон ду рӯдхонаи бузург – Панҷ ва Вахш убур мекунанд, вале бештари рустоҳо дур аз онҳо ҷойгир шудаанд. Бунёди лӯлаи интиқоли об барои рустоҳои Хатлон замони шӯравӣ шурӯъ шуда буд. Бо суқути шӯравӣ ин тарҳ нимкола монд ва ҳоло, ба гуфтаи мутахассисон, барои бунёди хатти интиқоли оби пок ҳукумати Тоҷикистон бояд дасти кам 100 миллион доллар харҷ кунад.
Холназар Муҳаббатов, корманди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, «мо бояд низоми нави таъмини обро созем, ё ки дар ҳар ҷое, ки имкон дорад, аз зери замин обро берун кашем ва мардумро бо он таъмин намоем». Ба гуфтаи донишманди тоҷик, барои захираи об дар фаслҳои баҳору тобистон бояд дар кишварҳо обанборҳо бунёд шаванд. Аммо як мансабдори маҳаллӣ, бидуни ифшои ному насабаш, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар хазинаи давлат барои ин кор маблағи зарурӣ мавҷуд нест ва мақомоти вилоят хуб мефаҳманд, ки солҳои наздик мушкили таъмини мардум бо оби покро ҳал карда наметавонанд”.
Сангалӣ Раҳимов, устоди иқтисод дар Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки «ҳукумати маҳаллӣ ва намояндагони раисиҷумҳур дар минтақа дар фикри ҳалли ин масъала нестанд, агар фикр мекарданд, дар 20 соли истиқлолият ҳатман сармоя пайдо мекарданд».
Дар ҳамин ҳол Мирзо Ашуров, раиси шабакаи оби вилоят, мегӯяд, ки бо вуҷуди камбуди маблағ, ҳукумат тайи се-панҷ соли ахир барои берун шудан аз бӯҳрони феълӣ чанд гоми муҳим бардоштааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла, шабакаи таъмини об дар шаҳри Қӯрғонтеппа пурра таъмир шуд. Обанбор барои поксозии об дар шаҳри Сарбанд, ки навоҳии атрофро бо об таъмин мекунанд, навсозӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ оби чашмаҳоро тавассути лӯлаҳо то ба манзили мардум расониданд.
Нурулло Бояков, сардухтури бемористони минтақаӣ, мегӯяд, солҳои ахир теъдоди онҳое, ки аз оби ифлос ба бемориҳои сироятӣ мувоҷеҳ мешаванд, аз ҷумла, маризии домана, хеле коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, табибон талош доранд то соли 2015 бемориҳоеро, ки аз оби ифлос сар мезананд, аз байн бубаранд. Онҳо аз тариқи радиову телевизион ва дар сӯҳбатҳо бо мардум тавсия медиҳанд, ки аз истифодаи оби ифлос парҳез кунанд ва обро фақат ҷӯшонида истеъмол намояд. Аммо мардуми маҳаллӣ мутмаинанд, то он замоне, ки онҳо ба оби пок дастрасӣ пайдо накунанд, хатари гирифторӣ ба маризиҳои сироятӣ боқӣ хоҳад монд.
Авзоъ дар дигар манотиқи Тоҷикистон ҳам беҳтар нест. Ҳоло фақат сокинони шаҳрҳои бузург ва мавзеъҳои кӯҳии воқеъ дар шарқи кишвар – Бадахшон ва водии Рашт бо оби пок таъминанду халос, зимнан, сокинони мавзеъҳои кӯҳӣ бештар аз оби чашмаҳо истифода мебаранд. Ва бештари мардуми Тоҷикистон, ки «диёри обҳои мусаффо» тавсиф мешавад, ташналабанд, зеро об дар кӯза аст ва кӯза хеле дур аз манзили онҳо...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад