Вазорати фарҳанг гуфт, ки чаро расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон кам шудаанд

Дар Тоҷикистон нашрияҳои мустақили чопӣ фавқуллода кам шудаанд.

Кам шудани шумори расонаҳои мустақил нисбат ба расонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, баҳси гармеро дар оғози нишастҳои хабарӣ дар Вазорати фарҳанг ба миён овард.

Раҳбарии вазорат ҳарчанд ин коҳишро мояи нигаронӣ надонистанд ва онро бештар ба омилҳои иқтисодӣ ва тоб наовардан дар бозор рабт доданд, аммо дар як соли ахир дастикам чанд нашрия ба далели дубора номнавис нашудан аз нашр бозмонданд ва чанде ҳам натавонистанд тоза сабти ном шаванд.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг гуфт, ки нашрияҳои “Фараж”, “Самак” ва як рӯзномаи дигари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, ба далели бо қарори Додгоҳи олӣ қатъ шудани фаъоляти Маркази тадқиқоти журналистӣ, ки муассиси нашрияҳо буд, аз нашр мондаанд.

Аммо муовини вазир инкор накард, ки дар гузашта кори бархе расонаҳо барои риоя накардани “ҳадду ҳудуди демократия” қатъ шудааст.

“Ҳамчунин рӯзномаҳое, аз доираи меъёрҳои журналистӣ, аз доираи зарфиятҳои маншаъи озодии баён агар берун баромада бошанд, ҳатман онҳо ҷавоб мегӯянд. Новобаста аз он ки мустақил аст ё давлатӣ. Яъне демократия ҳам ҳадду ҳуду дорад, озодии баён низ”, - гуфт Давлат Сафар.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки онҳо расонаҳоро танҳо ба ҳисоб мегирад, қатъ кардани фаъолияташон ба дӯши ниҳодҳои дигар аст: “Се сол як маротиба ба ҳисоб гирифта мешавад. Рақамҳое, ки мо пешниҳод кардем, маънои онро надорад, ки бо соли пешин муқоиса карда бошем”.

Аммо вазири фарҳанг аз шарҳи мушкили нашрияи “Пайк”, ки гуфта мешуд натавонистааст, шаҳодатномаи сабт дар вазоратро дарёфт кунад ва сардабираш ба шахси масъуле ришва пешниҳод кардааст, худдорӣ кард.

Аҳмади Иброҳим сардабири ин нашрияро баъдан боздошт ва бо иловаи иттиҳомоти дигар ба 10 сол зиндон маҳкум карданд.

“Ин масъалаҳо ба мо рабт надорад. Мо аз ин ҳам, ростӣ гап вай надорем. Лекин онҳое, ки муроҷиат карданд, муроҷиат рад намешавад, албатта баррасӣ мешавад”, - гуфт вазир.

Аммо дар нишасти хабарии Вазорати фарҳанг, далели дурудароз тӯл кашидани сабти номи нашрияи навтаъсиси “Фараҳ”-ро ба он рабт доданд, ки натавонистааст маълумотномаҳои лозимро пешниҳод кунад.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг гуфт, ки муассис аз ҳамон ниҳодҳое, ки бояд маълумотнома дастрас шавад ба вазорати фарҳанг маълумотнома дастрас карда натавонист. Аммо муовини вазир ва худи вазири фарҳанг ошкоро нагуфтанд, ки ин маълумотномаҳо бояд аз кадом ниҳодҳо дастрас шавад.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг гуфт, ки “номи ниҳодҳоро номбар кардан шарт нест, шумо ҳама медонед”. Вазири фарҳанг дар идомаи суханони муовинаш гуфт, ки “Тартиби баҳисобгирӣ аст. Дар асоси тартиби баҳисобгирӣ баъзе аз намунаи ҳуҷҷатҳо манзур шуданашон даркор”.

Аммо коршиносони соҳаи расонаҳо дар баробари муташанниҷ арзёбӣ кардани фазо барои фаъолият ва рушди расонаҳои мустақил, ҳамчунин талаби маълумотнома аз ниҳодҳои амниятиро ғайриқонунӣ медонанд.

“Талаб кардани маълумотнома аз Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ. Касе шакли ин маълумотномаро надидаст, вале ҳангоми ба қайд гирифтан, ин маълумотномаро талаб мекунанд. Мутассифона дар қонун ҳамин чиз вуҷуд надорад. Лекин дар зерсанади ҳуқуқие, ки барои ба ҳисоб гирифтану ба қайд гирифтани расонаҳо аз ҷониби вазорат омода карда шудааст, ин чиз вуҷуд дорад. Яъне ҳамин талабот, аслан талаботи ғайри қонунӣ аст”, - мегӯяд Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.

Солҳои ахир теъдоди расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба шиддат кам шудааст. Тибқи омори ахири вазорати фарҳанг, феълан дар Тоҷикистон 61 рӯзномаи мустақил чоп мешаванд, ки дар қиёс ба як соли пеш 7 адад камтар аст.

Аксари ин нашрияҳо минбарҳои нашаротии созмону анҷуманҳои ғайридавлатӣ мебошанд ва теъдоди нашрияҳои мустақили фаъол то 10 номгӯ намерасад. Аммо нашрияҳои давлатӣ дар ҳоли ҳозир 131 адад ҳисоб шудаанд. Ба иттилои расмӣ, дар кишвар аз 184 маҷалла 151-тои он низ давлатӣ ҳастанд.

Дар раддабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, як омили аслии коҳиши расонаҳо дар Тоҷикистон, саркӯби озодии баён, рӯзноманигорон ва расонаҳо дар чанд соли ахир будааст, аммо дар нишасти хабарии вазорати фарҳанг ба ин ишора нашуд.