"Беҳад гарон шудааст." Рамазон, баҳси нарх ва аҳволи мардум

Як дӯкони гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

Як мавзӯи доғ дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон вазъи бозорҳо ва боло рафтани арзиши маҳсулотест, ки талабгори бештар доранд. Аз ҷумла, гӯшту тухму нону сабзавоту донагиҳо.

Баъзе аз тоҷирон дар шаҳри Душанбе иддао доранд, ки имсол ин манзара мушоҳида намешавад. Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки аз оғози моҳи Рамазон дастикам чор тоҷири гӯштро барои боло бурдани арзиши гӯшт дар пойтахт ҷазо доданд. Маълум нест, боздошту ҳабси маъмурии онҳо дар чи шароит сурат гирифтааст.

"Дар болои як кило мева ду, се ё чор сомонӣ мемонем. Баъзан месӯзем," – нақл кард Саёҳат Азизова, фурӯшандаи мева дар Душанбе.

Сироҷиддин Сатторзода, тоҷири гӯшт, гуфт, "нархи гӯшти маҳаллӣ хеле шуд, ки гарон аст. Аз Беларус ва мамлакатҳои дигар меоранд. Ҳозир мақомот сахт гирифтаанд, нархро ҷунбиданӣ намемонанд."

Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз оғози моҳи Рамазон дастикам чаҳор тоҷири гӯштро барои ба таври маснӯӣ боло бурдани арзиши ин навъи маҳсулот ҷазо додаанд. Маълум нест, боздошту ҳабси маъмурии онҳо дар чи шароит сурат гирифтааст.

Қисме аз харидорони бозорҳо бо суханони тоҷирон мувофиқанд, вале бархе рад мекунанд. Соҳиб, сокини шаҳри Ваҳдат, гуфт: "Беҳад гарон шудааст. Ҳамаи чиз даҳ дарсад гарон шудааст, ҳатто 20 дарсад. Гӯшт қимат шудааст, 105–110 сомонӣ. Тухм 38–40 сомонӣ. Одамоне, ки шароит доранд, мушкил нест. Одамоне, ки шароит надоранд, бечора як ё ним кило мегиранд."

Назди яке аз бозорҳои Душанбе

Дар Тоҷикистон, ки зиёда аз навад дарсади аҳолияш мусалмон аст, моҳи Рамазон 19-уми феврал шуруъ шуд. Мақомот, аз ҷумла раисҷумҳур дар паёмҳои худ мардумро ба меҳрубонӣ ва кумак ба ҳамдигар даъват карданд.

"Дин ин муомила аст. Агар хоҳӣ бидонӣ, ки савияи дини ту дар кадом дараҷа аст, диндорият то куҷо аст. Агар муомилаи мобайни оила, фарзандонат, ҳамсоя, хешу табор беҳтарин бошад, дилёб бошӣ, бидон, ки дини ту мукаммал аст. Лекин агар дилранҷадаву, беэътибору бемаъниву ҳаминхелӣ бошӣ, бидон, ки дину ту ноқис аст," – гуфт Муҳаммад Солеҳ, рӯҳонии тоҷик.

Шӯрои уламои Тоҷикистон шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, хост, аз 64 ҳазор сомонӣ 1600 сомонӣ закот диҳанд. Садақаи фитр аз 7 то 72 сомонӣ вобаста ба тавонмандии мардум таъйин шудааст.

Имсол дар пешорӯйи Рамазон сару садоҳое паҳн шуд, ки дар кишвар баргузории ифторӣ – маросиме, ки барои гуруҳе аз мардум дар хона ва ё тарабхонаҳо хӯрок дода мешавад, манъ шудааст. Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри изҳороте онро рад кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рамазон, баҳси нарх ва аҳволи мардум