Варзиши 20-дақиқаии ҳатмӣ. Талоши пешгирӣ аз бемории қанд дар Тоҷикистон 

Аз бими хатари бемории қанд, ки бо суръати баланде дар Тоҷикистон паҳн мешавад, аз ин баъд тамоми муассисаҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ҳар рӯз кормандонашонро барои муддате ба варзиш машғул кунанд.

Бар асоси Кодекси нави тандурустӣ, ки рӯзи 10-уми июн Маҷлиси намояндагон қабул кард, кормандони тамоми идораҳои давлатӣ ё хусусӣ кормандони бояд на камтар аз 20 дақиқа варзиш кунанд, ки як роҳи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва бемории диабети қанд ба ҳисоб меравад.

Дар кодекс банди нав илова кардаанд ва ба ин мазмун: “Ба масъулияти корфармоён, новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор, гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз илова карда шуд”. Риоят накардани ин талаботи кодекс мумкин аст, бо ҷазо додан ё танбеҳи онҳое анҷом ёбад, ки ин ӯҳдадории ҳатмиро иҷро намекунанд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҳузури вакилони мардумӣ гуфтааст, ҳадаф аз ислоҳи Кодекси тандурустӣ ва ворид кардани дигаргунӣ ба он пешгирӣ аз зиёд шудани бемории диабети қанд аст, ки даҳҳо ҳазор нафар чӣ пиру чӣ ҷавон дар кишвар аз он ранҷ мекашанд.

Вазири адлия гуфтааст, ба Кодекси тандурустӣ ҳамчунин шарҳи мафҳумҳои “вазни зиёди бадан”, “ғизои солим”, “диабети қанди навъи 1”, “диабети қанди навъи 2”, “индекси вазни бадан” ва “оризаҳои диабети қанд”-ро ҳам илова кардаанд.

Бар асоси Кодекси нави тандурустӣ, ҳукумат инчунин кафолат медиҳад, ки “кӯдакони бемори диабети қанд дар як сол як маротиба бо табобати ройгони санаторию курортӣ” фаро гирифта шаванд.

Афзоиши босуръат ва сабабҳои беморӣ

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, соли 2025 дар кишвар тақрибан 82 ҳазор гирифторони бемории диабети қанд сабти ном шудаанд.

Дар айни замон ин ақида низ ҳаст, ки теъдоди гирифторон метавонанд зиёдтар бошад, зеро механизми ташхиси оммавӣ дар ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст муносиб нест ва бисёре аз гирифторон баъди зуҳури оризаҳои беморӣ, аз ҷумла хирагии чашм, захми пойҳо ё фишори баланди хун огаҳ мешаванд. Камҳаракатӣ, вазни зиёд ва ғизои серравғанро, ки дар Тоҷикистон зиёд истеъмол мекунанд, аз сабабҳои аслии афзоиши беморӣ дар кишвар медонанд.

Бинобар харҷи ками ҳукумат барои шифохонаҳову соҳаи тандурустӣ мутахассисон дар ноҳияҳо ба қадри кофӣ ҳузур надоранд, то гирифторонро сари вақт муоина ва бемории онҳоро ошкор кунанд.

Беморӣ ҳоло на фақат дар байни мардуми калонсол ва ё дорои вазни зиёд, балки дар байни аҳолии ҷавон ва коргар ва ҳатто кӯдакон зиёд шудааст ва ҳукуматро маҷбур кардааст, ки чораҳои пешгириро зиёдтар созад. Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ гуфтааст, қисми зиёди беморонро ҷавонон ва мардуми миёнсол ташкил медиҳанд.