Ӯзбакистон дар остонаи интихоботи президентӣ
Ошпазе дар як минтақаи канори Тошканд. Иттилоъ дар бораи интихоботи қарибулвуқӯъ дар девор зада шудааст
Дар девор варақаҳои таблиғотии ҳама номзадҳо часпонда шудааст. Тошканд, 21 ноябри соли 2016.
Дар назди ибодатгоҳи масеҳӣ дар назди бозори Мирободи шаҳри Тошканд. 30 ноябри соли 2016.
Вилояти Тошканд. 27 ноябри соли 2016
Шаҳри Тошканд
Таблои таблиғотии номзади интихоботӣ Сарвар Отамуродов. Яке аз шиорҳои ӯ мегӯяд: "Насли солим - такягоҳи миллат". Отамуродов номзади як ҳизби рӯ ба ҳукумати «Миллий тикланиш».
Назди бозори ноҳияи Мирободи Тошканд. 30 ноябри соли 2016.
Таблиғот ба тарафдории номзади дигари интихоботӣ Ҳотамҷон Кетмонов. Шиори ӯ - "Ба ҳар инсон - ҷои кори муносиб"
Марде бо варақаҳои таблиғотии номзадҳо шинос мешавад
Қитъаи интихоботӣ дар мактаби № 145
Дар даромадгоҳи бозоре дар вилояти Тошканд таблиғот мегӯяд: "Соҳибкорон - тарафдори Шавкат Мирзиёев"
Таблиғот дар дармонгоҳи Тошканд
Ҳукумат ва парлумони Ӯзбакистон дар майдони Мустақиллики Тошканд
Номзади интихоботӣ Наримов Умаров ба "Адолат. Озодӣ. Ҳамоиш" даъват мекунад
Дар мусофирбарҳои Тошканд ғолибан таблиғоти номзади президентӣ ва нахуствазири кишвар Шавкат Мирзиёев мушоҳида мешавад
Шишаи қаҳвахонае дар хиёбони Дӯстии халқҳои шаҳри Тошканд
Таблиғоти номзади интихоботӣ Ҳотамҷон Кетмоновро бо таблиғоти Рӯзи Конститутсия иваз мекунанд. Ин ид рӯзи 8 декабр, чор рӯз баъди интихобот таҷлил мешавад
Даъват: "Ҳама дар интихобот иштирок кунед!"