Роҳ ба сӯи қароргоҳи Мирзиёев
Даромадгоҳи деҳаи Байтқӯрғон, ҷое ки қароргоҳи истиқоматӣ барои Шавкат Мирзиёев бунёд мешавад.
Деҳа дар канори дарёи Чирчик воқеъ аст.
Маҳали сохтмон бо панҷараҳои баланд печонида шудааст.
Бархе аз манзилҳои истиқоматӣ дар Байтқӯрғон тахриб шудаанд.
Хабарнигори Озодлик мегӯяд, ки сокинони манзилҳои тахрибшуда шикоят доранд, ки барои онҳо ҷое барои истиқомат надодаанд.
Ба сокинони хонаҳои тахрибшуда ваъда додаанд, ки то 1-уми сентябр ба онҳо калиди хонаҳои нав дода хоҳад шуд.
Атрофи бинои қароргоҳ. Гуфта мешавад, ки чанд гектарро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи як масъули ҳукумати Қибрай, фармоишгари қароргоҳ дастгоҳи президенти Узбакистон аст ва корҳои сохтмониро муовини раҳбари дастгоҳ Ойбек Турсунов назорат мекунад. Турсунов шавҳари духтари калонии Мирзиёев -- Саида аст.