Таъхир дар пӯшиши хабарии сафари президенти Ӯзбакистон ба вилояти Қашқадарё боиси аз кор ронда шудани муовини якуми телевизиони давлатӣ Олим Тошбоев шуд. Ба иттилои бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ, гуноҳи Тошбоев ин будааст, ки дар баробари таъхири пахши гузориш, матлабе дар бораи боздиди Каримов аз Қашқадарё фарогиру ҳамаҷониба набуд. Мақомот гуфтанд, ки сафари президент ба минтақа бо ҳадафи шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ҷараён гирифт.
Дар гузориши расмие, ки ахиран дар худи телевизион пахш шуд, гуфта шуд, ки Олим Тошбоев ба «бемасъулиятӣ роҳ дода, аз пӯшиши саривақтии хабари сафари президент ба минтақа, аз ҷумла, боздиди ӯ аз хоҷагии деҳқонии «Камол Султон» худдорӣ ва ин матлабро танҳо дар рӯзи дигараш пахш кард". Гуфта шуд, ки Ислом Каримов баъди бозгашт аз сафар шахсан барномаи хабарии «Ахборот»-ро тамошо кард ва бо чашми худ дид, ки сӯҳбатҳои ӯ дар майдони кишти ин хоҷагӣ дар хабарҳо пахш нашуд.
Як манбаъ дар телевизиони давлатии Ӯзбакистон ба радиои Озодлик гуфтааст, ки мушкил дар сатҳи пасти сабти телевизионӣ буд ва муовини аввали раис, баъди дидани иштибоҳҳои фаннии наворҳо, онҳоро ба пахш иҷозат надод ва ба хона рафт. «Чунон шӯру валвала хест, ки Тошбоевро баъди ин аз рӯи як парванда аз кор пеш карданд ва ба кори ӯ баҳои сиёсӣ дода ин амали ӯро «як хатои сиёсӣ» арзёбӣ карданд», гуфт манбаъ.
Олим Тошбоев дар муддати 44 соли охир дар вазифаҳои раис ва ҳам муовини аввали раиси телевизиони «Ӯзбакистон» кор кардааст. Апрели соли 2014 радиои Озодлик дар бораи шурӯи санҷишу тафтишҳои фаъолияти молии ширкати радиову телевизиони Ӯзбакистон хабар дода буд, ки аз рӯи иттиҳоми сарфаи ғайримақсадноки пулҳои давлатӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи иттилои охир, санҷишҳои тӯлонӣ собит кардааст, ки чанд миллион сӯм пулҳои ширкати давлатӣ ғайримақсаднок истифода шудааст. Баъди ин, яке аз раҳбарони ширкат аз ҳисоби худ 50 миллион сӯм (11 ҳазор доллар) маблағро бозпас гардонидааст. Санҷишҳо идома дорад.
Ширкати давлатии радиову телевизиони Ӯзбакистон шабакаи муҳими пахши иттилои расмӣ ва дастгоҳи таблиғотии идеологияи ҳукумат буда, дар тамоми манотиқи ин кишвари иборат аз 30 миллион аҳолӣ аз пуртамошобинтарин манобеи иттилоотиву хабарӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумат, ки фаъолияти мухолифинро дар кишвар ғайримумкин кардааст, аз ҷумла, бо истифодаи ин шабака, таблиғи сиёсати президент Ислом Каримовро тақвият медиҳад.