Музокироти пур аз ҷанҷоли 4 вазир дар Берлин сари бӯҳрони Украина

Вазирони умури хориҷии кишварҳои музокиракунанда барои барқарории оташбас дар Украина аз афзоиши хушунатҳо дар рӯзҳои ахир дар атрофи Донетск нигаронӣ кардаанд.

Вазирони хориҷии кишварҳои музокиракунандаи чаҳорҷониба барои барқарории оташбас дар Украина, рӯзи душанбе дар Олмон ҷамъ омаданд, то таҳаввулоти пас аз тавофуқномаи оташбас дар Минскро баҳс намояд. Ҳамзамон ҳар чаҳор кишвар "нигаронии амиқ"-и худро аз шиддат гирифтани хушунатҳо иброз кардаанд. Олмон Фаронса, Украина ва Русия аъзои музокироти чаҳорҷониба ҳастанд.

Гирдиҳамоии чаҳор вазир дар Берлин дар ҳоле сурат мегирад, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки бар иҷрои тавофуқи оташбаси чандмоҳ пеш назорат мекунанд, мегӯяд, танҳо тайи рӯзҳои шанбе ва якшанбе ва дар муддати 6 соат, дар атрофи Донетск, беш аз 1160 таркиш рух додааст.

Бино бар тафовуқи оташбаси Минск, қарор шуда буд, ки ҷудоиталабон ва артиши Украина таҷҳизоти вазнини худро аз минтақаҳое, ки дар онҷо ҷанг идома дорад, ақиб бикашанд. Аммо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мегӯяд, дар набардҳои ахир аз аслиҳаи вазнин истифода шудааст. Сухангӯи артиши Украина мегӯяд, ки як сарбоз кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории Франс-пресс аз раҳбарони ҷудоиталабони тарафдори Русия нақл кардааст, ки чаҳор ғайринизомӣ дар минтақаи ҷангзада захмӣ шудаанд. Вазири умури хориҷии Олмон ба хабарнигорон гуфтааст, ки музокирот панҷсоата дар Берлин, бисёр тӯлонӣ, бисёр фишурда ва ҳамзамон ҳамроҳ бо ҷанҷоли фаровон будааст.

Ба гуфтаи ин узви музокиракунандаи чаҳоргона, "мо бояд итминон ҳосил кунем, ки оташбас ба таври бисёр ҷомеътаре амал шавад". Дар баёнияи ниҳоӣ, чаҳор вазири хориҷӣ, "нигаронии амиқи худро аз набарҳои ахири дар рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта" иброз карданд.

Тайи як соли гузашта бар асари даргириҳо миёни артиши Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия, беш аз 6 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Вазирони умури хориҷии чаҳор кишвар, ки дар мулоқоти Берлин ширкат доштанд, бори дигар бар аҳамияти ақиб кашидани таҷҳизоти вазнини низомӣ аз минтақаҳои аслии ҷангҳо, таъкид кардаанд. Ҳамзамон бо ин дидор, рӯзномаҳои олмонӣ навиштанд, ки ба бовари НАТО, Русия нерӯ ва силоҳҳои бештаре барои ҷудоиталабони фиристодааст.