Дар китобҳои нави дарсӣ дар Туркия истилоҳи "Осиёи Марказӣ" бо "Туркистон" иваз шудааст ва ин дигаргунӣ баъзе нигарониҳоро дар Тоҷикистон, ягона кишвари форсизабони минтақа ба вуҷуд овард. Мақомоти Туркия иддао доранд, ки аз ин тариқ номи таърихии минтақа барқарор карда мешавад. Шарқшинос Руслан Сулаймонов мегӯяд, Анқара бо ин роҳ мехоҳад нуфузи худро дар минтақа таҳким бахшад.
Камилла Валиева, Азаттик Азия
Ба гуфтаи Юсуф Текин, вазири маорифи миллии Туркия, онҳо мехоҳанд кӯдакони турк Туркистонро ба унвони қисмате аз ҷаҳони туркӣ қабул кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ду ҷанги ҷаҳонӣ қасдан истилоҳот ва мафҳумҳое ҷорӣ карда шуданд, ки ҷаҳони туркиро аз ҳам ҷудо карданд ва акнун китобҳои дарсии Туркия ваҳдати халқҳоро таҳким хоҳанд бахшид.
Юсуф Текин, вазири маорифи миллии Туркия
"Ин барои мо аҳамияти бисёр муҳими рамзӣ дорад. Зеро ин сарзамин сарзамини мост. Ин замин замини бародарони мост. Аз ин рӯ, мо ба ҷойи номи "Осиёи Марказӣ" истифодаи "Туркистон"-ро авлотар донистем, яъне номи аслии онро, ки дар адабиёти илмӣ сабт шудааст", - гуфт Юсуф Текин.
Китобҳои дарсӣ чигуна бознависӣ шуданд?
Пештар дар китобҳои дарсии таърихи Туркия минтақае, ки туркҳои муосир аз онҷо баромадаанд, Осиёи Марказӣ номида мешуд. Ҳоло бошад, он танҳо бо номи Туркистон ёд мешавад.
Дар китобҳои дарсии пешинаи таърих таваҷҷуҳи хонандагони турк ба он равона мешуд, ки давлатдории туркӣ чӣ гуна дар Анатоли -ҳудуди имрӯзаи Туркия ташаккул ёфтааст.
Дар китобҳои нав ривояти таърихӣ комилан тағйир ёфтааст. Акнун ба хонандагон пешниҳод мешавад, ки ба гузаштаи кишвар ҳамчун бахше аз таърихи воҳиди туркӣ — аз Туркистони бостон то Туркияи муосир назар кунанд.
Ба гуфтаи доктори илмҳои сиёсӣ аз Донишгоҳи Анқара Орҳан Ғаффорлӣ, Анқара бо ин роҳ ҳувияти минтақавиро ташаккул медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳам барои Туркия ва ҳам барои дигар кишварҳои туркзабон ин минтақа таърихан Туркистон номида мешуд. Сиёсатшинос ин равандро бозгашт ба асли худ меномад.
Орҳан Ғаффорлӣ
"Қадами аввалро дар ин самт Туркия ҳамчун кишвари пешсаф дар минтақа ва миёни давлатҳои туркзабон гузошт. Он мехоҳад паём диҳад, ки мо ҷаҳони туркиро аз нигоҳи Империяи Русия ё шарқшиносони русу ғарбӣ қабул нахоҳем кард. Ҳоло дар тамоми музокироти давлатӣ ва ҳуҷҷатгузориҳо ин минтақа дигар Осиёи Марказӣ номида намешавад, балки Туркистон гуфта мешавад. Ин бояд дар китобҳои дарсии мактабӣ низ инъикос ёбад ва ба кӯдакон омӯзонда шавад, ки ин минтақа на Осиёи Марказӣ, балки Туркистон аст", — мегӯяд Ғаффорлӣ.
Дар китобҳои дарсии ҷуғрофияи Туркия ҳар ду истилоҳ ҳамзамон истифода мешаванд, аммо бо маъноҳои гуногун. Осиёи Марказӣ ҳамчун номи ҷуғрофии минтақа истифода мешавад, дар ҳоле ки Туркистон ҳамчун номи таърихию фарҳангии он муаррифӣ мегардад.
Харитаи "Ҷаҳони туркӣ", ки соли 2025 Вазорати маорифи миллии Туркия таҳия кардааст
"Макони ташаккули фарҳанги туркӣ дар Осиё ин Осиёи Марказӣ мебошад. Азбаски ин минтақаи паҳновар, ки халқҳои турк дар он зиндагӣ мекунанд, аз нигоҳи таърихӣ, фарҳангӣ ва этникӣ сарзамини будубоши туркҳо ба шумор меравад, онро инчунин Туркистон ё Сарзамини Туркҳо меноманд", — омадааст дар китоби дарсии ҷуғрофия барои синфи 10-и Вазорати маорифи миллии Туркия, ки соли 2025 нашр шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар китоби ҷуғрофия барои синфи 12 Туркистон ҳамчун қаламраве муаррифӣ мешавад, ки нисбат ба фаҳмиши имрӯзаи Осиёи Марказӣ хеле васеътар аст. Муаллифон онро ба Туркистони Ғарбӣ, Шарқӣ, Ҷанубӣ ва Эронӣ ҷудо мекунанд.
Туркистон ва Тоҷикистон
Тағйири номи Осиёи Марказӣ ба Туркистон дар китобҳои дарсии Туркия дар дохили Осиёи Марказӣ вокунишҳои гуногунро ба бор овардааст. Аз ҷумла қарори Туркия дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки худро кишвари форсизабон медонад, норозигӣ ба вуҷуд овард. Ба гуфтаи таърихшиноси тоҷик Абдувалӣ Шарифзода, Осиёи Марказӣ на ҳамеша Туркистон номида мешуд.
Таърихшинос Абдувалӣ Шарифзода
"Ин ҷо Суғд, Бохтар, Хоразм, Фарғона буданд. Дар матнҳои китоби "Авесто" мебинем, ки дар ин қаламрав 15 давлат зикр шудааст. Номҳои ҷуғрофие, ки дар "Авесто" омадаанд, ба қабилаҳои ғайриориёӣ рабт надоранд. Онҳо ба Осиёи Марказӣ дертар омадаанд. Агар онҳо пешниҳод мекунанд, ки Осиёи Марказӣ Туркистон номида шавад, пас мо ҳам кишвари онҳоро "Рими Шарқӣ" ё "Византия" меномем", — мегӯяд Шарифзода.
Камолуддин Абдуллоев, таърихшиноси дигари тоҷик бар ин назар аст, ки гузаштаи минтақа ба қадри кофӣ ғанӣ аст ва дар сурати зарурат метавон далелҳоеро барои ҳар кадоме аз мафҳумҳо пайдо кард — хоҳ "Осиёи Марказӣ", хоҳ "Туркистон" ва ё "Эронзамин" (Эрони Бузург).
Ба гуфтаи ӯ, иқдомҳои Туркия низои ҷиддиро ба вуҷуд намеоранд, вале дар айни ҳол тоҷиконро аз фазои ягонаи минтақавӣ берун мегузоранд.
Таърихшинос Камолиддин Абдуллоев
"Мубориза бо пантуркизм дар мо қариб ба як қисми идеологияи миллӣ табдил шудааст, яъне барои мо ин як навъи роҳи ҳимояи худ аст. Мо танҳо як ҷумҳурии форсизабон дорем ва аз ин рӯ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ, забонӣ ва таърихи хоси худ барои мо хеле муҳим аст. Бинобар ин, мо намехоҳем, ки моро зери як “ҷомеаи умумии туркистонӣ” гирд оваранд», — мегӯяд Абдуллоев.
Туркия мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад
Ба ақидаи коршиносон, эҳёи истилоҳи кӯҳнаи "Туркистон" хусусияти академӣ надорад, балки бештар сиёсӣ мебошад. Шарқшинос Руслан Сулаймонов мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мехоҳад худро ҳамчун ҳомӣ ва раҳбари халқҳои турк муаррифӣ ва мавқеи худро дар ин нақш мустаҳкам кунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар минтақа аллакай мавқеи устуворро Русия ва Чин ишғол кардаанд ва барои Анқара рақобат бо онҳо осон нест.
Рустам Сулаймонов
"Масалан, Қазоқистон қариб 90 дарсад ба нафти Русия вобаста аст. Дар бораи дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва робитаҳои наздики онҳо бо Русия чӣ гуфтан мумкин аст? Ҳамзамон мебинем, ки Чин ҳар сол маблағгузории худро ба ин минтақа бештар мекунад, дар ҳоле ки Туркия то ҳол чунин имкониятро пешниҳод карда наметавонад. Бидуни чунин пояи иқтисодӣ ва дастгирии молиявии ҷиддӣ, ин гуна ташаббусҳо бештар дар рӯйи коғаз боқӣ мемонанд. Туркия ва ҷонибдорони бартарияти туркӣ дар ҷаҳони туркӣ эҳтимолан бо чунин иқдомҳо, мисли эҷоди алифбои умумӣ ё иваз кардани номҳо, қаноат хоҳанд кард", — мегӯяд Сулаймонов.
Ба назари муҳаққиқи турки минтақаи Авруосиё Оғул Туна, Анқара қасдан бо эҳтиёт ва оҳиста амал мекунад то манфиатҳои Маскав ва Пекинро халалдор накунад. Дар айни ҳол, ба таъкиди ӯ, Туркия аллакай ба марҳилаи нави таъсиргузорӣ дар Осиёи Марказӣ гузаштааст.
Оғул Туна
"Албатта, сухан дар бораи як раванди тадриҷӣ меравад. Ин нест, ки ҳама чиз дар давоми се ё панҷ сол якбора рух диҳад, балки ин як равандест, ки 10–15 сол давом мекунад. Дар марҳилаҳои баъдӣ Туркия эҳтимолан мехоҳад ҳамкориҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва ҳам низомиро тақвият диҳад", — хулоса мекунад Туна.
Коршиносон бар ин назаранд, ки иваз кардани истилоҳи "Осиёи Марказӣ" ба "Туркистон" танҳо ба хонандагони мактабҳои Туркия дахл надорад, балки як қисми стратегияи бузурги геополитикии Анқара мебошад. Туркия аллакай густариши ҳамкориҳои низомиро бо кишварҳои минтақа оғоз кардааст. Ҳамзамон нақши Созмони давлатҳои туркӣ бештар мешавад, ки Анқара онро ҳамчун яке аз абзорҳои калидии ҳамкорӣ дар минтақа мешуморад.