Трамп гуфт, тағйири низом “беҳтарин рӯйдод” дар Эрон хоҳад буд

Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки тағйири низом “беҳтарин рӯйдодест”, ки метавонад дар Эрон рух диҳад. Ӯ тасдиқ кард, ки дуюмин киштии бузурги ҳавопаймобари ИМА ба зудӣ ба минтақа хоҳад расид.

Трамп рӯзи 13-уми феврал дар як пойгоҳи низомӣ дар Каролинаи Шимолӣ дар посух ба саволи хабарнигорон, ки оё ӯ дар пайи “тағйири низом” дар Теҳрон аст, гуфт: “Чунин ба назар мерасад, ки ин беҳтарин рӯйдоде хоҳад буд, ки метавонад рух диҳад”.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт, 47 сол боз кори онҳо танҳо гап задан аст, вале дар ин миён “бисёриҳо ҷони худро аз даст доданд.”

Президенти ИМА дар ин суҳбаташ нагуфт, ки пас аз суқути Ҷумҳурии Исломӣ кӣ Эронро раҳбарӣ хоҳад кард, вале ишора кард, ки барои анҷоми ин кор “одамон ҳастанд”.

Ризо Паҳлавӣ, писари яке аз охирин шоҳи Эрон, аз ҷумлаи афродест, ки барои ҷойгоҳ пайдо кардан дар миёни мухолифин дар хориҷ аз кишвар ва ба қавли худаш, ба душ гирифтани раҳбарии “ҳукумати давраи гузор” талош мекунад.

Эрон соли 1979 Ҷумҳурии Исломӣ эълон шуд. Дар он сол тарафдорони Оятуллоҳ Хумайнӣ, як рӯҳонии шинохта, Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ, шоҳи Эронро, ки аз ҷониби ИМА пуштибонӣ мешуд, сарнагун карданд. Муносибати Эрону Амрико бад шуд ва ин ду кишвар аз он замон то кунун ҳеч робитаи мустақими дипломатӣ надоранд.

Охири моҳи декбари соли гузашта ва аввали моҳи январи имсол ҳазорон сокини Эрон аз гарон шудани нархи молу маҳсулот ва беқурб шудани пули миллӣ даст ба эътироз заданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ эътирози сокинонро бераҳмона саркӯб карда, бино ба бархе ҳисобҳо, аз панҷ то сӣ ҳазор нафарро куштааст.

ИМА ва Исроил Ҷумҳурии Исломиро ба он айбдор мекунанд, ки дар фикри сохтани бомбаи ҳастаӣ аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиисроилӣ дар Ховари Миёнаро бо силоҳ таъмин мекунад.

Мақомоти Эрон эълон карданд, ки омодаи музокира бо ИМА дар бораи барномаи ҳастаиӣ ҳастанд.

Трамп инчунин гуфтааст, ки созиш кардан бо Эрон дар мавриди барномаи ҳастаиаш “душвор” аст ва ишора кард, ки ба ин низом фишори бештар лозим аст.

Трамп аз ҷанги 12-рӯзаи моҳи июни соли гузашта ситоиш кард, ки дар он Исроил ва Иёлоти Муттаҳида иншооти ҳастаиӣ Эронро бомбборон карда буданд.

Ин изҳори назари охири Трамп дар ҳолест, ки бузургтарин нерӯҳои низомии ИМА дар Халиҷи Форс қарор гирифтаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар Эрон бо ИМА созиш накунад, эҳтимол Трамп аз нерӯҳои низомӣ истифода кунад.

Амин Тарзӣ, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, таҷаммӯъи нерӯҳои низомии ИМА дар атрофи Эрон бештар ба хотири даст ёфтан ба созиш аст.

Хабаргузории Ройтерс рӯзи 13-уми феврал аз қавли ду мақоми амрикоӣ хабар дод, ки низомиён барои эҳтимоли як амалиёти чандҳафтаина алайҳи Эрон омодагӣ мебинанд, дар сурате, ки Трамп фармони ҳамла диҳад.

ИМА қаблан киштии ҳавопаймобари “Абраҳам Линколн”-ро ба минтақаи Халиҷи Форс фиристода буд.

Рӯзи 13-уми феврал Трамп тасдиқ кард, ки киштии дигари ҳавопаймобар, “Ҷералд Р. Форд” ҳамроҳ бо киштиҳои муҳофизаш рӯзҳои наздик ба минтақа мерасанд.

“Ҷералд Р. Форд” бо дарозии 337 метр бузургтарин киштии ҷангии ҷаҳон ба шумор меравад ва тавоноии интиқоли пешрафтатарин таҷҳизоти низомиро дорад. Трамп гуфт, агар Эрон созиш накунад, ба он киштӣ ниёз хоҳанд дошт.

Ҳафтаи гузашта бо миёнаравии Умон намояндагони ИМА ва Эрон дар пойтахти ин кишвар ғайримустақим музокира анҷом доданд. Натиҷаҳои ин музокира маълум нест. Даври баъдии музокира дар Женева дар назар аст.

Эрон гуфтааст, ки барои барномаи ҳастаиш музокира мекунад, вале дар бораи барномаи мушакияш гап нахоҳад зад.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро барои нақзи ҳуқуқи башар ва ноором кардани минтақа таҳрим кардаанд.

Сатҳи фақр дар ин кишвар боло рафтааст ва теъдоди норозиён бештар шудааст.