Трамп гуфт, ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эронро 5 рӯз ба таъхир гузошт

Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико гуфт, баъди як суҳбати "бисёр хуб" ҳама гуна ҳамларо ба нерӯгоҳҳои Эрон то панҷ рӯз ба таъхир гузошт. Вазорати корҳои хориҷии Эрон билофосила посух дод, ки байни Теҳрон ва Вашингтон "муколамае" вуҷуд надорад.

Доналд Трамп 23-юми март дар шабакаи Truth Social навишт, "бо назардошти хусусият ва лаҳни гуфтугӯҳо" ба Вазорати дифоъ супориш додааст, ки "ҳама гуна ҳамла алайҳи нерӯгоҳҳо ва зербунёдҳои энержии Эронро ба муддати панҷ рӯз боздорад".

Трамп афзуд, "ин гуфтугӯҳо дар тӯли ҳафта идома хоҳад дошт".

Дар ҳамин ҳол, "Тасним" ва "Форс", ду хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки байни Теҳрон ва Вашингтон мустақим ё ғайримустақим "ягон музокирот" сурат нагирифтааст.

Изҳороти раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш аз поёни зарбулаҷал ба Эрон барои бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз садо дод. Аз ин оброҳа 20 дарсад аз нафту гази ҷаҳон мегузарад.

Доналд Трамп шоми 21-уми март ба Эрон ҳушдор дода буд, ки "агар дар зарфи 48 соати оянда гулӯгоҳи Ҳурмузро пурра ва бе таҳдид боз накунад, Амрико нерӯгоҳҳои ин кишварро нобуд хоҳад кард."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тангаи Ҳурмуз боз нашавад, ба нерӯгоҳҳо ҳамла мекунем". Таҳдиди Трамп ба Эрон

Тибқи гузоришҳои расида, Иёлоти Муттаҳида ҳазорҳо афсару сарбози нерӯҳои заминиро ба Ховари Миёна мефиристад. Дар вокуниш нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ таҳдид кардаанд, ки Эрон даст ба иқдоми мутақобил зада, зерсохторҳои минтақаро нобуд хоҳад кард.

Ҷудо аз он, раиси порлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф навишт, "ҳамзамон бо ҳамла ба нерӯгоҳҳо ва зерсохтори эронӣ тамоми зербунёд ва коргоҳҳои энергетикии марбут бо Амрико дар минтақа нобуд карда мешаванд."

Чунин ҳамла ба кишварҳои Халиҷи Форс, ки муштарии бузурги нерӯ ва вобаста аз коргоҳҳои обсофкун мебошанд, таъсири фавқулода хоҳад дошт.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ваъда додааст, ки дар ҳоли зарурат гулӯгоҳи Ҳурмузро комилан баста, онро замоне боз хоҳад кард, ки тамоми зерсохторҳои маҳвшуда барқарор шаванд.

Маҳдудшавии равуои киштиҳо дар Ҳурмуз боис ба афзоиши нархи маводи сӯхт ва ҳамзамон бо он болоравии қимати маводи ниёзи аввалия гардидааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зарбулаҷали Трамп бо чӣ ба анҷом хоҳад расид?