Аксҳои ҳафта. Хӯшае аз ҳар гӯшае

Пас аз он ки ҳукумати Покистон маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бекор кард, мардум дар шаҳри Карочи ба соҳили баҳр рехтанд. 18-уми август. Акс аз Шоҳзеб Акбар (Хабаргузории байналмилалии Испания)

Як афсари нерӯҳои интизомии Белорус ҷараёни эътирозҳои мухолифон ба зидди натиҷаҳои интихоботи президентиро мушоҳида мекунад. Минск. Акс аз Василий Федошенко, (Хабаргузории "Ройтерс")

Эътирозҳо дар хиёбонҳои Минск алайҳи дигарбора интихоб шудани Александр Лукашенко. 23-юми август. Акс аз Радиои Озодӣ.

Майдони Сурхи Маскав. Акс аз хабаргузории ТАСС.

Раҳпаймоии мухолифони Белорус алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ. Майдони Истиқлоли Минск. 20-уми август. Акс аз Сергей Гапон (Хабаргузории Франс-пресс).

Яке аз бозорҳои қадимии шаҳри Карочии Покистон ҳини ғуруби офтоб. Акс аз Шоҳзеб Акбар. (Хабаргузории байналмилалии Испания).

Як зан дар соҳили баҳр дар Қрим, Украина. Акс аз Сергей Малдавко (Хабаргузории ТАСС).

Як зан дар яке аз кӯчаҳои марказии Маскав қадам мезанад. Акс аз Юрий Кадобнов (Хабаргузории Франс-пресс).

Як мушак аз сӯи Эрон дар як ҷойи номаълум партоб шуд. 20 август. (Хабаргузории "Ройтерз").

Осорхонаи кайҳоннавардон дар Маскав. Акс аз Юрий Кочетков (Хабаргузории байналмилалии Испания)

Кишоварзон ҳини ҷамъоварии себ дар ноҳияи Красногвардейскии Қрим. Акс аз Сергей Малдавко (Хабаргузории ТАСС).

Як писарбача парчами миллии Афғонистонро дар Рӯзи истиқлоли он кишвар дар шаҳри Ҷалолобод дар даст дорад. 18 август. Акс аз Ғуломуллоҳ Ҳабибӣ (Хабаргузории байналмилалии Испания). 

Ҷашнвораи байналмилалӣ дар минтақаи Рязани Русия. 17 август. Акс аз хабаргузории ТАСС.

Эътирозгарон аксҳои раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ба даст аз коргарони яке аз корхонаҳо талаб доранд, ки ба эътирозҳо пайванданд. Минск, 18 август. Акс аз Татяна Зенкович (Хабаргузории байналмилалии Испания) 

Ҳироти Афғонистон. Акс аз Ҷалил Ризоӣ (Хабаргузории байналмилалии Испания).

Минтақаи Чеченистон. Акс аз Елена Афонина (Хабаргузории ТАСС)

Парчами сафед-сурх-сафеди Белорус дар тазоҳуроти шаҳри Прага зидди натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус. 16 август. Акс аз хабаргузории "Ройтерз".

Тазоҳуроти тарафдорони Александр Лукашенко дар Минск. 16 август. Акс аз Татяна Зенкович (Хабаргузории байналмилалии Испания).

Ҷамъоварии гандум дар минтақаи Рязани Русия. Акс аз хабаргузории ТАСС.