Садбарг барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд барои навзод, ба идораи маҳаллии сабти ҳолати шаҳрвандӣ рафт, аммо котиб аз додани санад худдорӣ кард ва гуфт, ки ин ном дар феҳристи тасдиқшудаи ҳукумат, ки ҳудуди 4000 номро дар бар мегирад, нест.
Ахиран мақомот эълон карданд, ки дар феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тағйирот ворид мешавад ва тақрибан нисфи номҳо, аксарияташон арабӣ ҳазф шудаанд.
"Ба мо гуфта шуд, ки агар мехоҳед фарзандатон соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шавад, ҳарчӣ зудтар бояд аз феҳрист номи дигар интихоб кунед",-гуфт Садбарг. "Котиб гуфт, агар исрор доред, ки номи духтаратон Таййиба бошад, бояд ба Кумитаи забон ва истилоҳот муроҷиат кунед".
Садбарг, ин сокини вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон, мегӯяд, хонавода аз рӯйхат ба навзод номи Анисаро интихоб кард, зеро наметавонист чанд ҳафтаи дигар интизори тасмими мақомот дар Душанбе шавад. Хонавода барои кӯчидан ба Русия омодагӣ медид, зеро падари хонавода дар Русия муҳоҷири корӣ буд.
"НОМНОМА" БАРОИ КӮДАКОН
Феҳристи расмии номи кӯдакон бори аввал тақрибан даҳ сол пеш ҷорӣ шуда буд ва борҳо ба он ислоҳот дароварда шуд.
Диловар Каримов, як мақоми баландпояи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, феҳристи ислоҳшуда дар моҳи феврали соли равон аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд. Вай дақиқ нагуфт, ки он кай нашр мешавад.
Tajikistan -- Book of tajik names, 14Apr2016
Каримов гуфт, ки ин ниҳод 1745 номро аз феҳристи қаблии 4056 ном берун намуд ва 965 номи нав илова кард, ки аз сӯи мақомот "номҳои зебои ориёӣ" хонда мешаванд ва реша дар мероси фарҳанги бостонии форсӣ-тоҷикӣ доранд.
Ҳукумат мегӯяд, ин маъракаест, ки фарҳангу анъанаҳои тоҷиконро дар баробари ба истилоҳ "бегонапарастӣ", тарғиб мекунад.
Бо ин ҳол, бисёре аз тоҷикҳо мегӯянд, ки ин чораҳо суннатҳои исломиро ҳадаф қарор додааст. Тоҷикистон дорои 10 миллион аҳолӣ аст ва аксари мутлақи ҷамъияти он мусалмон ҳастанд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва дигар таҳлилгарон мегӯянд, иқдоми Тоҷикистон алайҳи суннатҳои исломӣ, монанди манъи ҳиҷобу ниқоб, маҳдуд кардани ҳузур дар масҷидҳо ва танзими риш - пеш аз ҳама тарси ҳукумати худкома аз мухолифати сиёсӣ, нигарониҳо дар бораи ифротгароӣ ва тамоюл ба амалӣ кардани ҳувияти фарҳанги дунявӣ ва мавриди таъйиди ҳукумати Тоҷикистон аст.
НОМҲОИ ХОРИҶӢ "БОИСИ ИХТИЛОФ МЕШАВАД
Дар соли 2016 порлумони Тоҷикистон ба таври расмӣ ончиро, ки номҳои "хориҷӣ" бо овои арабӣ меноманд, манъ кард.
Вазири адлия он вақт бо хондани тағйиру иловаҳо ба қонуни оила ва сабти асноди шаҳрвандии кишвар, ба вакилон гуфт, ки чунин номҳо "боиси тафриқа дар ҷомеа шудааст".
Тағйирот ҳамчунин илова кардани унвонҳо ё пасвандҳои исломӣ ва арабӣ ба мисли мулло, халифа, шайх, амир ва сӯфӣ ба номи мардонро манъ кардааст.
Баъдан дар ҳамон сол, дар Тоҷикистон гузоштани насабҳои навзодон бо пасвандҳои русӣ ба мисли "-ов" ва "-ев" низ манъ шуд.
Ҳукумат ҳеч гоҳ ба таври ошкор номҳои исломиро манъ накардааст. Аммо борҳо аз шаҳрвандон хостааст, ки номҳои "соф" тоҷикӣ-форсиро интихоб кунад.
Ин иқдомот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки номҳои марбут ба чеҳраҳои барҷастаи исломӣ -- монанди Сумая, Хадиҷа, Муҳаммад ва Абубакр - ба таври чашмрас роиҷ шудаанд, ки нишондиҳандаи нуфузи рӯ ба рушди ислом дар ҷомеа аст.
Сабти номҳои тасдиқшуда, ҳамзамон бо маъракаи густурда алайҳи пушиши исломӣ пайдо шуд. Дар соли 2024 Тоҷикистон расман "либосҳои бегона ба фарҳанги тоҷикӣ"-ро ғайриқонунӣ эълон кард. Иборае, ки мақомот маъмулан аз он барои ҳиҷоби исломӣ истифода мекунанд. Манъи ғайрирасмии ҳиҷоб солҳост, ки вуҷуд дорад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ончиро, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистон манъи ғайрирасмии гузоштани риш, боздошти мардон ва маҷбуран тарошидани риши онҳо медонанд, иҷро мекунанд.
Як сокини Душанбе ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки авоили соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Туркия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз сӯи маъмурон манъ шуд ва гуфтанд, ки "ришат бисёр калон аст".
Ин марди сивучандсола гуфт, "онҳо қабл аз онки маро аз нуқтаи назорати шиноснома иҷозаи убур диҳанд, дастур доданд, ки ришамро тарошам. Ман аз тарси инки агар эътироз кунам, боздошт мешавам, итоат кардам".
Мақомот ҳамчунин даҳҳо мадрасаи исломӣ ва масҷидро бастанд, муҳассилини мадрасаҳои мазҳабии хориҷро бозпас оварданд ва мустақиман имомхатибони масоҷидро таъйин карданд.
НОМҲОИ ОРИЁӢ
Як таърихнигори муқими Душанбе, ки нахост номаш дар гузориш зикр шавад, гуфт, "мардум бояд дар интихоби номи навзод, либос ва гузоштани риш озод бошанд - инҳо масъалаҳои сиёсӣ нестанд".
Тоҷикистон дар солҳои ахир барои занон маҳдудияҳоеро дар пӯшидани ҳиҷоби исломӣ ҷорӣ кардааст.
Ӯ афзуд, "ҳукумат пеш аз ин Ҳизби наҳзати исломиро манъ карда буд, зеро онро як таҳдиди сиёсӣ медонист. Аммо ном, либос ва риш рамз ва намоди муқовимат нестанд. Ба онҳо чунин муносибат кардан душмантарошӣ аст".
Дар Фурудгоҳи Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон, як марди 35-солаи тоҷик, ки барои муҳоҷират ба Русия мерафт, гуфт, ки ӯ "муқобили номҳои зебо нест", "аммо тарҷеҳ медиҳад, ки номҳо бо пасвандҳои русӣ ҳифз шаванд".
"Ман дар Русия кор мекунам. Як миллион тоҷик дар Русия кор мекунанд",-гуфт ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. "Фарзандони мо низ эҳтимолан ҳамон ҷо кор хоҳанд кард. Номҳои хонаводагӣ ба шакли русӣ зиндагии моро осонтар мекунанд".