Тоҷикистон дар Индекс ё Шохиси дарки фасод (2025) аз миёни тақрибан дусад кишвар бо Дар Шохиси дарки фасод ба кишварҳо аз 0 то 100 имтиёз додаанд. Имтиёз ҳар қадар поинтар – коррупсия дар онҷо зиёд ва ҳар қадар болотар – гувоҳи кам будани фасод. дар ҷойи 166-ум қарор гирифтааст. Ҳамагӣ як зина болотар аз Туркманистон ва дар гурӯҳи давлатҳои фасодзадаи ҷаҳон.
Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, ки мизони фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон "чен" мекунад, рӯзи 10-уми феврал дар гузорише ин вазъро баёнгари "сустии ниҳодҳои демократӣ" ва "сатҳи болои саркӯб" донист.
Бино ба арзёбии созмон, Қирғизистон бо 26 имтиёз дар ҷойи 142, Узбекистон бо 31 имтиёз дар ҷойи 124 ва Қазоқистон бо 38 имтиёз дар ҷойи 96 қарор доранд. Қирғизистону Қазоқистон ба маҳдуд кардани кори ҷомеаи шаҳрвандӣ танқид мешаванд. Муаллифони гузориш гуфтаанд, "бо вуҷуди ислоҳот ва баъзе аз пешрафтҳо дар Узбекистон, рӯзноманигорон ва блогерҳое, ки мавридҳои фасодро фош мекунанд, ҳанӯз бо таҳдиду фишор ва ё пайгарди қонунӣ дучор ҳастанд."
Намояндагони созмон бовар доранд, ки пойинравии сатҳи демократия дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ боис гаштааст, фасоди молӣ бештар ва фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ тангтар гардад.
"Дар бисёре аз кишварҳои Балкани Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ ислоҳоти осемасарона ё нодуруст; саркӯби рӯзноманигорон ва созмонҳои иҷтимоӣ; қабули қарорҳои ношаффоф муборизаи зидди фасодро камҳосил мегардонанд," – изҳор доштаанд онҳо. Шаффофияти Байнулмилал аз ҳукуматҳо хостааст, ҳарчи зудтар мустақилии додгоҳҳо, фаъолияти озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаффофияти ниҳодҳои давлатиро тақвият диҳанд.
Радиои Озодӣ рӯзи даҳуми феврал аз Алтиной Мирзобекова, мушовири созмони Шаффофияти Байнулмилал дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пурсид, ки нишондодҳои Тоҷикистон то куҷо аз солҳои пешина фарқ мекунанд?
Алтиной Мирзобекова: “Тоҷикистон имсол дар Шохиси дарки фасод аз 100 хол 19 хол гирифтааст. Дареғ, нишондодҳои имсола ба нишондодҳои соли гузашта монанд ҳастанд, вале мо мебинем, ки вазъ солҳои охир бадтар мешавад. Дар чанд соли гузашта Тоҷикистон чанд холашро аз даст дод. Ин ба он маъност, ки дар ин кишвар фасод мушкили решаӣ аст; бо ҳокимияти қонун мушкил вуҷуд дорад ва коррупсия дар ҳама ниҳодҳои ҳукуматӣ реша давондааст. Инчунин, манбаъҳои байнулмилалӣ хабар медиҳанд, ки дар Тоҷикистон барои назорати ҷамъиятӣ фазое вуҷуд надорад. Вақте ба вазъияти Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон нигоҳ мекунед, мебинед, ки 19 хол бисёр поин аст ва ин маънои онро дорад, ки коррупсия хусусияти решаӣ дорад.”
Алтинай Мирзобекова
Радиои Озодӣ: Оё дар дохили Тоҷикистон ҳам таҳқиқи худро барпо кардед? Умуман, маълумотро дар бораи ин кишвар чӣ гуна ба даст овардед?
Алтиной Мирзобекова: “Созмони Шаффофияти Байнулмилал дар дохили кишвар пурсиши худро барпо намекунад. Усули мо бар асоси гузориши манбаъҳои байнулмилалӣ, баҳои мутахассисони соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ таҳия мешавад, ки аллакай дар дохили кишвар кор мекунанд. Мо маълумоти ин манбаъҳоро омӯхтаву мавриди санҷиш қарор медиҳем. Бар асоси ин, аз 0 то 100 баҳогузорӣ мешавад. Ҷое, ки баҳо сифр аст, он ҷо сатҳи коррупсия аз ҳама зиёд ва агар 100 хол бошад, он ҷо сатҳи фасод камтарин дониста мешавад. Имсол дар робита бо Тоҷикистон мо чандин манбаъ аз созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳам мутахассисони соҳаи соҳибкориро истифода кардем. Онҳо ба мушкили ҳокимияти қонун, набуди низоми назорат ва тавозун, набуди фазои назорати ҷамъиятию шаҳрвандӣ ва ҷавобгӯ набудани давлат дар пеши шаҳрвандонаш ишора мекунанд”.
Радиои Озодӣ: Аз рӯи маълумоти шумо, кадом ниҳодҳо бештар фасодзада ҳастанд ва ин ба чӣ бастагӣ дорад?
Алтиной Мирзобекова: “Бисёре аз манбаъҳои байнулмилалӣ хабар медиҳанд, ки агар аз назари вазъи идораву сохторҳо нигоҳ кунед, мебинед, ки мушкил дар набуди истиқлоли додгустарӣ, кори идораҳои ҳифзи қонун вуҷуд дорад. Як мушкили ҷиддӣ дар тамаркузи қудрат ва набудани назорати шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ дар масъалаи сарфу харҷи давлатӣ мебошад. Ҳамин аст далели паст будани баҳои Тоҷикистон”.
Радиои Озодӣ: Ба мақомот дар Тоҷикистон оё машварате доред?
Алтиной Мирзобекова: “Дар робита бо машваратҳо. Пеш аз ҳама иродаи сиёсӣ лозим аст. Иродаи сиёсӣ барои мубориза бо коррупсияи решаии ҷоуфтода лозим аст. Ислоҳоти ҳамаҷониба лозим аст, танҳо маъракаҳои ҷудогона кофӣ нест. Вале барои ин ҳукумат бояд иродаи сиёсӣ дошта бошад. Агар дар бораи сохторҳо бигӯем, додгоҳҳо бояд мустақил бошанд. Ин истиқлолиятро ба онҳо бояд дод. Инчунин бояд аз болои ҳукумат назорат вуҷуд дошта бошад. Яъне ин ки пул ва захираҳои давлат бо кадом мақсадҳо харҷ мешаванд. Инчунин, бояд мустақилии сохторҳо, назорати иҷтимоӣ аз болои ҳукумат бояд таъмин шавад. Бояд матбуоте, ки дар бораи мавридҳои фасод ё коррупсия хабар медиҳанд, пуштибонӣ дошта бошанд”.