Тими миллии футзали Тоҷикистон аз Ҷопон шикаст хӯрд

Тими футзали Тоҷикистон

Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии дувумаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи "С" аз дастаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Рақобати футзалбозони тоҷику ҷопонӣ 30-юми январ дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир гардид. Ҷопониҳо дар нимаи аввали дидор як гол ва дар нимаи дувум ду гол ба самар расонда, бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “С” 30-юми январ дастаҳои мунтахаби Австралия ва Узбекистон рақобат карданд. Ин бозӣ ҳам дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и Ҷакарта сурат гирифт. Футзалбозони узбек бо ҳисоби 4:2 ғолиб омаданд.

Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ҷопониҳо бошанд, дар бозии аввали худ тими миллии Австралияро бо ҳисоби 6:2 мағлуб карданд.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. Дастаи Узбекистон бо чаҳор имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. Тоҷикистон бо як имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Австралия бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок дорад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Мунтахаби Ҷопон, ки бори ҳаждаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад, чаҳор бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст ва пас аз Эрон дувумин дастаи серунвонтарини қора ба шумор меравад. Аммо дар мусобиқаи соли 2024 ҷопониҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашта буданд.

Бояд зикр намуд, мунтахаби Ҷопон соли гузашта дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” ғолиб шуда, аз тимҳои миллии Тоҷикистон, Камбоҷа ва Макао пеш гузашта буд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифтааст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол ҳафт дастае, ки пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дувум дар гурӯҳҳо ба плей-офф баромаданд, муайян шуданд. Инҳо тимҳои миллии Индонезия ва Ироқ аз гурӯҳи “А”, Тайланду Ветнам аз гурӯҳи “В”, Ҷопон аз гурӯҳи “С” ва Эрону Афғонистон аз гурӯҳи “D” мебошанд, ки ҳар кадом дар ду бозӣ шашимтиёзӣ гирифтаанд.

Соҳиби як роҳхати дигар аз гурӯҳи “С” пас аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюм муайян хоҳад шуд. Дар даври охирин 1-уми феврал Тоҷикистон бо Австралия ва Ҷопон бо Узбекистон бозӣ мекунанд. Футзалбозони тоҷику узбек барои роҳхати дуюм талош доранд, аммо австралиягиҳо аз ҳаққи ширкат дар плей-офф маҳрум гаштанд.

Дар бозиҳои даври сеюм 31-уми январ Индонезия бо Ироқ, Тайланд бо Ветнам, 1-уми феврал Эрон бо Афғонистон барои ғолиб шудан дар гурӯҳҳои худ мубориза мебаранд.

Ҷоми футзали Осиё-2026

Гурӯҳи “А”

Даври якум

Индонезия - Кореяи Ҷанубӣ – 5:0

Ироқ – Қирғизистон – 4:2

Даври дуюм

Қирғизистон – Индонезия – 3:5

Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ – 2:3

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Индонезия2200 10-36
2Ироқ22007-46
3Қирғизистон20025-90
4Кореяи Ҷанубӣ20022-80


Даври сеюм

31-уми январ (шанбе)

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ (17:00)

Индонезия – Ироқ (17:00)

Гурӯҳи “В”

Даври якум

Ветнам – Кувайт – 5:4

Тайланд – Лубнон – 2:0

Даври дуюм

Кувайт – Тайланд – 1:6

Лубнон – Ветнам – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Тайланд2200 8-16
2Ветнам22007-46
3Лубнон20020-40
4Кувайт20025-110

Даври сеюм

31-уми январ (шанбе)

Кувайт – Лубнон (13:00)

Тайланд – Ветнам (13:00)

Гурӯҳи “С”

Даври якум

Ҷопон – Австралия – 6:2

Узбекистон – Тоҷикистон – 0:0

Даври дуюм

Австралия – Узбекистон – 2:4

Тоҷикистон – Ҷопон – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Ҷопон2200 9-26
2Узбекистон21104-24
3Тоҷикистон20110-31
4Австралия20024-100

Даври сеюм

1-уми феврал (якшанбе)

Тоҷикистон – Австралия (13:00)

Ҷопон – Узбекистон (13:00)

Гурӯҳи “D”

Даври якум

Эрон – Малайзия – 4:1

Афғонистон - Арабистони Саудӣ - 3:0

Даври дуюм

Арабистони Саудӣ – Эрон – 0:2

Малайзия – Афғонистон – 0:7

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1Афғонистон2200 10-06
2Эрон22006-16
3Арабистони Саудӣ20020-50
4Малайзия20021-110

Даври сеюм

1-уми феврал (якшанбе)

Арабистони Саудӣ – Малайзия (17:00)

Эрон – Афғонистон (17:00)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.