Соли 2012 ба ривояти аксҳо
Пули Ада бар фарози рӯдхонаи Сава дар Белград аз оғози соли 2012 ба истифода дода шуд (AFP/Andrej Isakovic)
Наққоши афғон ва шогирдони ӯ саҳифаҳои нусхаи азими Қуръонро дар китобхонаи Носири Хусрави Кобул варақгардон мекунанд. 12 январ (AFP/Shan Marai)
Дар назди муҷассамаи сарбози ношинос дар пушти деворҳои Кремлин. Маскав, 12 январ (AFP/Kirill Kudryavtsev)
Бахше аз киштии ғарқшудаи "Costa Concordia" дар соҳилҳои Итолиё пайдо шуд. 16 январ (AFP/Filippo Monteforte)
Мухолифини Қазоқистон коғази таблиғотии ҳизби ҳокими Нуротанро оташ мезананд. Ин ҳизби президент Назарбоев барандаи интихобот шуд. Алмаато, 17 январ (Reuters/Shamil Zhumatov)
Аъзои гурӯҳи мусиқии Pussy Riot таронаи эътирозиро дар Лобное Мест иҷро мекунанд. Маскав, 20 январ (Reuters/Denis Sinyakov)
"Ихвон-ул-Муслимин" дар интихоботи Миср пирӯз шуд. 23 январ (Reuters/Suhaib Salem)
Писарбачаи суриягӣ дар назди мошини сӯхтаи артиши Сурия дар Ҳумс қарор дорад. 23 январ (Reuters/Ahmed Jadallah)
Шаҳрванди Ӯзбакистон барои нақзи муқаррароти муҳоҷирати Русия ба боздоштгоҳи муваққати Роҳи оҳани Қазон дар шаҳри Маскав андохта шудааст. 24 январ (AFP/Andrey Smirnov)
Дар маъракаи интихоботии Русия аксҳои Владимир Путин дар чароғакҳои раҳнамо ҳам гузошта шудаанд. Маскав, 10 феврал (Reuters/Sergei Karpukhin)
Миллиардери рус Михаил Прохоров ҳунарнамоии донишҷӯёни донишгоҳи Молияи Маскавро мушоҳида мекунад. 14 феврал (Reuters/Denis Sinyakov)
Собиқадорони ҷанги Афғонистон ба нишони эътироз аз ҳукумати президенти Украина ба ҳангоми маросими гулгузории Виктор Янукович пушти худро ба ӯ гардониданд. Киев, 15 феврал (REUTERS/Gleb Garanich)
Раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори дуюм савганди президентро ёд мекунад. 17 феврал, Ашқобод (AFP/Igor Sasin)
Шаҳрвандони Афғонистон дар Ҷалолобод ба нишони эътироз аз оташзании саҳифаҳои Қуръон дар яке аз пойгоҳҳои НАТО дар Афғонистон раҳпаймоӣ карданд. 22 феврал (Reuters/Parwiz)
Ин шаҳрванди Эрон барои раъйдиҳӣ омодагӣ мебинад. Санадҳои ӯ бояд нахуст сабтином шаванд. Теҳрон, 2 март (Reuters)
Владимир Путин дар муроҷиат ба тарафдоронаш шоми 4 март дар майдони Манежная дар Маскав ашки чашмонашро пинҳон намедорад. Ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд (Reuters/Denis Sinyakov)
Дар як ҳодисаи куштори ҷамъии сокинони рустое дар Қандаҳор ин пирамард ва духтарча низ қурбон шуданд. Як сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи мусаллаҳонае 16 сокини мулкиро ба ҳалокат расонд. 11 март (AFP/ Mamoon Durrani)
Сокинони Афғонистон фарорасии Наврӯзро шодбош мегӯянд. 20 март, Кобул (AFP/Massoud Hossaini)
Як сокини Миянмар раҳбари нирӯҳои демократи кишвар Аун Сан Су Чиро ба оғӯш мекашад
Тарроҳони қирғиз дар Ҳафтаи мӯди Бишкек намунаҳои либоси сохтаи худро муаррифӣ мекунанд. 4 апрел (Reuters/Vladimir Pirogov)
Экстремист Андерс Бейринг Брейвик дар куштори 77 нафар моҳи июли соли 2011 дар Норвегия айбдор дониста шуд. Акс дар назди додгоҳи Осло - 16 апрел (AFP/Heiko Junge)
Юлия Тимошенкои зиндонӣ паи лату кӯби масъулини зиндонро дар танаш намоиш медиҳад. Апрел, зиндони занона Качановская дар Харков (AFP/Ukrayinska Pravda)
Ин мардон дар болои харобаҳои манзиле акс мегиранд, ки солҳои охир дар он Усома Бин Лоден ба сар мебурд. Дар як амалиёти нирӯҳои вижаи амрикоӣ дар шаҳри Абботободи Покистон 2 маи соли ҷорӣ раҳбари Ал-Қоида кушта шуд. (Reuters/Mian Khursheed)
Президенти нави Фаронса Франсуо Оллан аз болои рақибаш Николя Саркозӣ пирӯз шуд. 6 май, Фаронса (AFP/Jeff Pachoud)
Президенти Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳурии собиқ Дмитрий Медведев ҳамсарони худро ба оғӯш мекашанд. Маросими савгандёдкунии президенти Русия, 7 май, Маскав (AFP/Alexander Zemlianichenko)
Раҳбарони мухолифини Русия Иля Яшин ва Ксения Собчак дар миёни эътирозгарон дар маркази Маскав. 10 май (Reuters/Denis Sinyakov)
Мақомот ва тарафдорони рӯҳонии маъруф Мавлавӣ Арсало Раҳмонӣ, яке аз раҳбарони собиқи Толибон дар маросими хоксупории ӯ ширкат мекунанд. 13 май Раҳмонӣ, ки яке аз раҳбарони баландпояи Шӯрои Олии сулҳ буд, аз ҷониби тири Толибон кушта шуд. 14 май, Кобул (Reuters/Mohammad Ismail)
Тӯби азими футбол - рамзи Euro 2012. Истгоҳи Роҳи Оҳани шаҳри Киев, 29 май (Reuters/Gleb Garanich)
Тарафдорони президенти собиқи Миср Ҳусни Муборак дар беруни толори додгоҳ қарор доранд. Муборакро дар судури амри куштори эътирозгарон дар соли 2011 айбдор донистанд (Reuters/Mohammed Salem)
Мурофиаи пӯшидаи додгоҳии муттаҳамони хунрезиҳои Жанаозен. Қазоқистон, 4 июн
Бонувони пайрави мазҳаби Салафӣ дар Доғистон дар маҳалли махсуси соҳил офтоб мехӯранд. Махачқалъа, 8 июл (Reuters/Maria Turchenkova)
Наққош ва фаъоли сиёсии чинӣ Ай Вейвей дар интизори вакили дифоъ. Пекин, 20 июл
Занҳои афғон зидди куштори ваҳшиёнаи зане дар рустои дурдасти Афғонистон раҳпаймоӣ мекунанд. Зане, ки дар бадахлоқӣ айбдор шудааст, зери навори видео ба таври ваҳшиёна тирборон шуд. Ин ҳодиса бори дигар ба беҳуқуқии занони Афғонистон таъкид кард. 11 июл, Кобул (RFE/Sabawoon)
Сокинони шаҳри Аврора (Колорадо, ИМА) ба хотири 12 қурбонии куштори ҷамъие дуо мекунанд. 22 июл, Аврора (AFP/Joshua Lott)
Президенти Русия Владимир Путин ва нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон сабқати дзюдоро дар бозиҳои Олимпии Лондон тамошо мекунанд. 2 август (AFP/Franck Fife)
Овозхони амрикоӣ Мадонна дар концерти Санкт-Петербург, 9 август (AFP/ Olga Maltseva)
Бори аввал ин атфоли чечен ба мактаби нави назди деҳаи худ мераванд. Рустои Дышны-Ведено. 1 сентябр (RFE/RL, North Causacus Service)
Полиси Лос-Анҷелес Накоула Басселей Накоуларо аз хонааш боздошт карда ба идораи полис интиқол медиҳад. Ӯро барои сохтани филми баҳсбарангези "Бегуноҳии мусалмонон" айбдор мекунанд. 15 сентябр, ИМА (Reuters/Bret Hartman)
Овозхони Пен Лиюан, ҳамсари муовини президенти Чин Си Ҷинпин таронаеро аз намоишномаи "Роҳи мубориза" иҷро мекунад. Пекин, август (AFP/Imaginechina)
Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ раҳбари эътилофи "Орзуи гурҷӣ" ва нахуствазири оянда Бидзина Иванишвилиро истиқбол мекунад. Тифлис, 9 октябр (Reuters/David Mdzinarishvili)
Паёмадҳои тӯфони Сенди дар соҳилҳои Нию-Йорк. 30 октябр (Reuters/Shannon Stapleton)
Президент Барак Обама ва ҳамсараш Мишел рӯзи интихоботи президентии Амрико духтарони худ Малая ва Сашаро ба оғӯш мекашанд. 6 ноябр, Чикаго (Reuters/Larry Downing)
Мактабхони покистонӣ Малола Юсуфзай дар касалхонаи Бирмингем муолиҷа мешавад. Ин духтари 15-сола барои таблиғи таҳсили духтарҳои покистонӣ мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт. 8 ноябр (Reuters/Queen Elizabeth Hospital Birmingham Handout)
Барандагони ҷоизаи Нобел дар зиёфати идона дар Стокҳолм. Барандаи имсолаи ҷоизаи Сулҳи Нобел Иттиҳодияи Аврупо шуд. 10 декабр (Reuters/Jessica Gow/Scanpix)