Ҳомии паррандагони Беларус: "Ҳеч ҷонваре хатарноктар аз одам нест" АКС

Ин акси Владимир Ивановский, пажуҳишгари паррандагон аз Беларус аст, ки дар Доғистони Русия ба дунё омада, соли 1972 меҳру муҳаббат ба табиати нотакрори вилояти Витебск ӯро ба Беларус бурдааст.

Ин донишманди 73-сола беш аз 40 соли ҳаёти худро ба омӯзиши паррандагони дарранда бахшида, борҳо болои дарахтон баромада, барои онҳо лона сохтааст.
 

Ивановский бо истифода аз симу шох дар болои дарахтони ҷангалҳои ваҳшии Беларус лона месозад. Ин муҳандиси собиқ мегӯяд, то кунун барои паррандагон наздик ба 700 лона сохтааст. Ба қавли ӯ сохтмони лона барои он зарур аст, ки паррандагон макони зисти худро аз даст медиҳанд. 
 

Уқоби мода дар болои шохи дарахт нишастааст. Ивановский мегӯяд, 50 дарсади лонаҳои сохтааш сокин пайдо кардаанд.
 

Ивановский мегӯяд, ӯ лонаро дар ҷойе месозад, ки аснои сайр дар болои дарахтон зери чашм мекунад ва аз худ мепурсад, ки агар уқоб мебуд, дар куҷо лона месохт?
 

Ин олими паррандашинос (орнитолог) бо пойафзоли махсус ба болои дарахтон мебарояд. Ӯ чанд дафъа аз болои дарахт ба замин афтодааст. Ивановский ба ёд меорад, ки як дафъа дар болои дарахт мавриди ҳамлаи бум қарор гирифта, ба замин зад. Ӯ хуншору маҷруҳ ва бар илова гирифтори бемории сироятӣ шуд. Ба қавли табибон бум қабл аз ҳамла ҳайвони беморро тановул карда буд. 
 

Дар ин акс Ивановский чӯҷаи уқобро дар лонаи сохтааш пайдо кард. Ӯ ба як сомонаи беларусӣ гуфт, уқобро аз он сабаб дӯст медорад, ки ин парранда нерӯманд, сарфароз ва озод аст.

Ивановский қисса мекунад, ки боре аснои сайр дар ҷангал бо хирс рӯ ба рӯ шудааст. Хирс ба пойҳояш рост шуда, вале баъдан ба роҳаш давом додааст. 

Дар ин акс Ивановский ҳангоми муроқибати лонаҳо дар деҳаи шимолу ғарбии Казяни, болои дарахт баромада, лонаи уқоб ва  чӯҷаро назорат  мекунад.
 

Ивановский ҳангоми сайр дар ҷангал. Ин табиатдӯст эътироф мекунад, ки баъзан аз он хавф дорад, ки дар ҷангал бо гург ё хирс рӯбарӯ гардад. Дар айни замон ӯ мегӯяд: "Ман доим дар хотир дорам, ки ҳеч ҷонвар хатарноктар аз инсон нест!"

Як ҳомии солхӯрдаи паррандагон дар Беларус дар рӯйи дарахтони ҷангалҳои ин кишвар лона месозад, то паррандагони ваҳшӣ он ҷо насл гузоранд (Аксҳо аз Василий Федосенко/Reuters ва матн аз Амос Чапл)