"68 супориш". Таваҷҷуҳ ба конҳои сурма ва тилои Тоҷикистон афзудааст

Яке аз конҳои тило дар Панҷакент

Дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи конҳои нави маъдану минералҳои нодир ва омӯзиши онҳо зиёд шудааст. Намояндагони Саридораи геология дар нишасти хабарӣ гуфтанд, даҳҳо ширкати дохилӣ ва хориҷӣ ба коркарди маъдану минералҳои нодири Тоҷикистон машғуланд.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, раиси идораи геология 7-уми июл гуфт, шурӯи корҳои омӯзишӣ аз сӯйи ширкатҳо тартиби хос дорад ва вақт мехоҳад.

“Дар соли ҳисоботӣ зиёд ҳастанд. Ман фикр мекунам, бо назардошти конҳои маъмул 68 супориши геологӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 дода шудааст”, - гуфт раиси идораи геология.

Ин мансабдори тоҷик дақиқ шарҳ надод, ки кадом ширкатҳо дар ин муддат ба омӯзишу истихроҷи маъданҳо дар Тоҷикистон фаро гирифта шудаанд.

Як намояндаи ин ниҳод, ки нахост номаш зикр шавад, афзуд, муроҷиати ширкатҳо нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта 20 дарсад зиёд шуда, таваҷҷӯҳи бештар ба истихроҷи сурма ва тило равона шудааст.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афзоиши истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон

Сурмаро дар соҳаи энержии барқароршаванда, аз ҷумла дар истеҳсоли батареяҳои офтобӣ ва ҳамчунон мошинҳои ҳарбӣ ҳам ба кор мебаранд.

Истихроҷи маъдан як бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон аст, вале ба назари мақомот, рушди ин бахш бе сармоягузории хориҷӣ мушкил аст.

Ба гузориши нави Вазорати саноати Тоҷикистон, ширкатҳое, ки ба истихроҷи маъдан машғуланд, дар нимаи аввали имсол ба маблағи 13,2 миллиард сомонӣ ($ 142 млн) маҳсулот тавлид кардаанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 442 миллион сомонӣ ($ 47 млн) зиёд аст. Манбаъ мегӯяд, саҳми ин ширкатҳо дар бахши саноати Тоҷикистон 39,1 дарсадро ташкил медиҳад.

Баъзе аз иқтисоддонҳое, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, аз он нигаронанд, ки Душанбе дар ин соҳа бештар пойбанди як ё ду кишвар мондааст. Ишораи онҳо ба ҳузури густурдаи ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табиии Тоҷикистон аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Кори вазнинро мо мекунем, фоидааш дигар ҷой меравад.” Мушкилоти тарҳҳои Чин дар Тоҷикистон

Дар ҳоли ҳозир калонтарин конҳои истихроҷи маъдан дар кишвар, аз ҷумла, конҳои тило ва нуқра дар ихтиёри ширкатҳои Чин аст. Тибқи маълумоти расмӣ, 84 дарсади тилои Тоҷикистонро ду ширкати чинӣ дар Зарафшон ва Покрӯд истихроҷ мекунанд.

Ҳамчунин 5,4 дарсади тилои Тоҷикистон дар корхонаи “Талко Голд” истеҳсол мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 7-уми июл дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи металлургии сурмаро ба истифода дод, ки марбут ба ширкати “Талко Голд” аст. Ҳарчанд мақомот ошкоро намегӯянд, бахше аз саҳмияҳои ширкати “Талко Голд” аз соҳибкорони чинист. Рӯзи 7-уми июл дар канори раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз мутахассисони чинӣ ҳам дида шуданд. Вазорати саноати Тоҷикистон мегӯяд, иқтидори ин корхона коркарди то 5 ҳазор тонна сурма дар як сол аст.