Ҳузури фаъоли иқтисодии Чин дар Тоҷикистон, ки солҳои охир густурдатар мешавад, бо эътирозҳои коргарон, мушкилоти зистмуҳитӣ ва амниятӣ рӯбарӯ шудааст.
Пас аз солҳои тӯлонии ҳамкориҳои густурда дар бахши истихроҷи маъдан, роҳсозӣ ва тарҳҳои саноатӣ, ширкатҳои чиние, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, акнун ба мушкилоти ҷомеаҳои маҳаллӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Яке аз охирин ҳодисаҳо моҳи ноябри соли гузашта дар кони тилои «Зарафшон», воқеъ дар наздикии шаҳри Панҷакент рух дод, ки яке аз бузургтарин корхонаҳои муштараки истихроҷи маъдан бо сармояи Чин дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Гурӯҳе аз коргарони тоҷик, ки аз маоши ночиз ва тавофути зиёд дар музди кор нисбат ба ҳамкорони чинии худ ноумед шудаанд, бо навиштани муроҷиатномае ба раҳбарони чинии корхона навишта, хостори зиёд кардани маош шуданд. Онҳо гуфтаанд, ки «музди кори ҳозираи кормандон ба нархҳои рӯзафзуни молу мавод мувофиқат намекунад». Барои конканҳое, ки дар як соҳаи бисёр заҳматталаби иқтисод кор мекунанд, ин нома як иқдоми нодири эътирози дастаҷамъона буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Занозании коргарони "Покрӯд" ва корпартоии якҳафтаина. Дар кони тилло чӣ гузашт?Ду корманди ширкат бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маоши моҳонаи конканҳо аз 2000 то 4000 сомонӣ (ҳудуди 215 то 430 доллар) аст. Дархости онҳо барои боло бурдани музди кор ва аз байн бурдани фарқи бузург миёни музди коргарони тоҷик ва чинӣ аз ҷониби ширкати «Зарафшон» рад шуд. Яке аз конканҳо гуфт: «Кор вазнин ва хатарнок аст. Мо интизор дорем, ки маош ба ин кори сахт мувофиқ бошад.»
Ин баҳс аз амиқтар шудани ихтилофҳо дар «Зарафшон» гувоҳӣ медиҳад. Корхонае, ки рамзи имкониятҳои сармоягузории Чин ва ҳамзамон нишонаи нобаробарии эҳтимолӣ дар байни кормандон дониста мешавад. Корхонаи муштарак аз соли 2007 инҷониб фаъолият мекунад.
Корхонаи истихроҷи тилои «Зарафшон», ки 70 дарсади тилои Тоҷикистонро тавлид мекунад, барои ҳукумат аҳамияти хос дорад. Зимни боздиди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июли соли 2023 аҳамияташ ҳам бисёр баланд арзёбӣ шуд. Дигар кормандони тоҷик, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, аз набудани шаффофият дар мудирияти корхона шикоят доранд ва иддао мекунанд, ки миёни маоши тоҷикон ва чиниҳо тафовути зиёд вуҷуд дорад.
Дар посухи хаттии ширкат ба дархости коргарон, ки нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, директори корхона гуфтааст, ки онҳо маоши асосиро зиёд намекунанд, вале низоми мукофотпулии ночизеро ҷорӣ менамоянд, ки аз соли 2026 оғоз мешавад.
Тибқи ин барнома, ба коргарон барои рӯзи таваллуд 200 сомонӣ ($21), барои Соли нав 300 сомонӣ ($32) ва барои ҷашни Наврӯз 500 сомонӣ ($53) пули изофӣ дода мешавад. Коргарон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин пешниҳод қаноатбахш нест ва таниш миёни кормандони маҳаллӣ ва чинӣ дар ҳоли афзоиш аст. Яке аз конканҳо гуфт: «Мукофотпулӣ хуб аст, вале наметавонад, зиндагии моро тағйир диҳад.»
Норозигӣ дар дохили тарҳи калидии Чин
Чин бузургтарин сармоягузори хориҷии Тоҷикистон аст. Аз соли 2007 то кунун аз он кишвар беш аз 5,1 миллиард доллар сармоя ворид шуда, зиёда аз 700 корхона бо сармояи Чин дар саросари кишвар фаъолият мекунанд. Соли 2024 вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи дуҷонибаи ҳимояи сармоягузориро бо Чин тасдиқ карданд, ки замонату кафолатҳои қонунии бештарро барои сармоягузорони чинӣ пешбинӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, тарҳҳои чинӣ ба мушкилот рӯбарӯ шудаанд.
Таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар соли 2024 зарари зистмуҳитиро дар чандин маҳалли истихроҷи маъдан ва кишоварзӣ, аз ҷумла дар «Зарафшон» ошкор кард. Сокинон аз мушкилоти саломатӣ, аз қабили таваллуди пеш аз мӯҳлат ва бемориҳои роҳи нафас шикоят карданд, вале мақомоти тоҷик ин иддаоҳоро беасос хонданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Моҳиёни мурда ва ҳавои ифлос: Ширкатҳои чинӣ тилоро мегиранд, заҳрро мемонандИн ҷанҷолҳо нишон доданд, ки нобоварӣ миёни ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои нозир дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Далелҳое вуҷуд доранд, ки ширкатҳои чинӣ сарватҳои зеризаминии кишварро истихроҷ мекунанд ва ҳамзамон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон соҳиби имтиёзҳои махсус ва соҳиби «масӯният» мешаванд.
Дар кони «Зарафшон» таниш миёни коргарони тоҷик ва шаҳрвандони Чин, ки бештар вазифаҳои техникӣ ва маъмуриро бар дӯш доранд ва маошашон ифшо намешавад, боло мегирад.
Як корманди тоҷики ширкат бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шикоятҳо дар мавриди маоши паст ва нобаробарӣ, ширкат шӯъбаи муҳосибиро ба ду қисм ҷудо кард, яъне яке танҳо барои кормандони чинӣ ва дигаре барои ҳисоб кардани маоши тоҷикон.
Ӯ гуфт, як корманди собиқи шӯъбаи молиявӣ ба вай дар бораи фарқияти бузурги маош хабар додааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: «Барои мисол, агар як муҳандиси тоҷик аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ гирад, муҳандиси чинӣ то 30-40 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Кормандони чинӣ дар як рӯз 8 соат кор мекунанд, вале баъзе коргарони тоҷик маҷбуранд, барои пули бештар то 11 соат заҳмат кашанд, ҳарчанд меъёри корӣ 8 соат аст.»
Радиои Озодӣ натавонист, ин иддаоҳоро мустақилона тасдиқ кунад ва ширкати «Зарафшон» низ ба дархостҳо барои шарҳи масъала посух надод.
Ин иттиҳомот ва набудани шаффофият боиси тақвияти ин ақида дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст, ки коргарони чинӣ соҳиби имтиёзҳои бештар ҳастанд. Ин танишҳо гоҳе то ҳадде боло мегиранд, ки дахолати мақомоти Тоҷикистонро талаб мекунанд.
Соли 2025 таҳти фишори додситонии шаҳри Панҷакент, ширкати «Зарафшон» беш аз 1000 коргари қарордодии тоҷикро ба вазифаҳои доимӣ гузаронд. Рӯзи 13-уми январ додситони Панҷакент дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ мавҷудияти «қонуншиканиҳои гуногун дар бахши ҳуқуқи кор»-ро дар кони тило тасдиқ кард, вале ҷузъиёти бештаре надод.
Бесуботӣ ва бими сармоягузорон аз он дар Тоҷикистон
Нооромиҳои корӣ ба нигарониҳои афзояндаи амниятӣ дар атрофи тарҳҳои чинӣ дар саросари кишвар ҳамроҳ шудаанд. Аз 1-уми декабр инҷониб, кор дар як бахши муҳими шоҳроҳи Душанбе – Чин пас аз ду ҳамлаи маргбор дар наздикии марз бо Афғонистон боздошта шуд.
Рӯзи 30-юми ноябр афроди мусаллаҳ дар ноҳияи Дарвоз ду коргари чиниро кушта ва ду нафари дигарро захмӣ карданд, ки ин боиси талаби Чин аз Тоҷикистон барои тақвият додани муҳофизати шаҳрвандонаш шуд.
Мақомоти тоҷик ин ҳодисаро кори дасти «гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ»-номиданд, вале ҷузъиёти бештаре надоданд. Чанд рӯз пеш аз ин, се шаҳрванди Чин дар ҳамлаи дигар ба як маҳалли заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушта шуданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ҳарду ҳамла аз ҷониби Афғонистон сурат гирифтааст.
Ин ҳамлаҳо боиси нигаронии паймонкорони чинӣ дар шоҳроҳи стратегии Душанбе – Қулма шудааст, шоҳроҳи 109-километрие, ки то ба вилояти Шинҷони Чин мерасад. Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз роҳро дар нимаи аввали соли 2025 ифтитоҳ кард, вале таъхир дар сохтмон ва чораҳои нави амниятӣ ҳоло анҷоми пурраи тарҳ дар имсолро зери суол мебарад.
Бесуботӣ метавонад, муносибатҳоро бо Пекин сард кунад ва ширкатҳои чиниро аз фаъолият ва сармоягузорӣ дилсард созад, ки ин ба навбаи худ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.
Тибқи омори расмӣ, ширкатҳои чинӣ ҳоло дар бахши истихроҷи тилои Тоҷикистон ҳукмронанд ва 84 дарсади тавлидоти онро таъмин мекунанд.
Ба ғайр аз «Зарафшон», дигар корхонаҳои бузург конҳои тилои «Покрут» дар ҷануби Душанбе ва кони 136-миллиондолларии «ТАЛКО Голд» дар ноҳияи Айниро, ки бо ширкати «Tibet Huayu Mining»-и Чин сохта шудааст, дар бар мегиранд. Густариши ин бахш ба Тоҷикистон, аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кард, ки содиротро зиёд кунад, вале ҳамзамон вобастагии онро аз сармояи Чин афзоиш дод.
Дар ҳамин ҳол, барои коргарони «Зарафшон» болоравии нархҳо ва маоши бетағйир мушкили асосӣ боқӣ мемонад. Як коргари тоҷики кони тило ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо вазнинтарин корро анҷом медиҳем, вале фоидааш ба ҷойи дигар меравад.”