Силсилабоздидҳои Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон аз кишварҳои Осиё рӯзи 22 октябр оғоз ёфт ва қарор аст, дар доираи ин сафарҳояш, ӯ нахуст ба Муғулистону Туркманистон ва рӯзи шанбеи 24 октябр аз Тоҷикистон боздид кунад. Сафари ӯ рӯзҳои баъд дар Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон идома мекунад. Ин нахустин сафари мақоми баландпояи Ҷопон ба Тоҷикистон аст ва, бинобар иттилои сафорати ин кишвар, қарор аст ҷаноби Абе нахуст бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан бо дигар мақомдорони баландпояи тоҷик дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.
Нахуствазири Ҷопонро дар ин сафар намояндагони беш аз 50 ширкату корхонаҳои азим ҳамроҳӣ мекунанд. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, Ҷопон, ки аз сарватҳои зеризаминӣ маҳрум аст, бо сармоягузории беш аз 16 миллирад доллар ба арсаҳои нафту гази кишварҳои Осиёи Миёна ва ураниуми Қазоқистон, талаботи рӯзафзуни корпоратсияҳои азимашро бо захираҳои табиӣ таъмин хоҳад кард.
Туркманистону Ӯзбакистон бо захоири азими нафту газ ва Қазоқистон бо захираҳои ураниум таваҷҷӯҳи Ҷопонро ба худ ҷалб кардаанд. Аммо Тоҷикистон сарватҳои зиёди кашфшудаи нафту газ надорад ва суоли матраҳ ин аст, ки Ҷопон дар Тоҷикистон чӣ манфиат дорад? Нашрияи Japantimes менависад, ҳадафи сафари Абе натанҳо дастрасӣ ба сарватҳои табиии Осиёи Миёна, балки ҷилавгирӣ аз густариши рӯзафзуни нуфузи Чин дар ин минтақа низ аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нашрия гуфтааст, ки нуфузи рӯзафзуни Чин дар минтақа Русияро низ нигарон кардааст. “Агар Ҷопон дар Осиёи Миёна бо Чин рақобат кунад, Русия аз ин истиқбол хоҳад кард ва дар ниҳоят Ҷопон дар даст як мӯҳраи бозӣ алайҳи Русияро хоҳад дошт”, - гуфтааст як мақоми Ҷопон ба нашрияи Japantimes. Ҷопон бо Маскав бар сари ҷазираҳои Курил баҳси марзӣ дорад ва доштани фишангҳои гуногуни таъсиррасонӣ ба Русия барояш муҳим аст.
Михаил Верхотуров, пажӯҳишгари қазоқистонӣ, ки дар Ҷопон таҳсил карда сиёсати байналмилалии ин кишварро пайгирӣ мекунад мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон аз нафту газ маҳруманд ва Ҷопон дар ин кишварҳо на манфиатҳои иқтисодӣ, балки бештар манофеи сиёсиву геополитикиашро думбол мекунад. Ӯ мегӯяд, “Чин ва Ҷопон рақибони хеле қавии ҳамдигар ҳастанд. Тоҷикистон барои ширкатҳои ҷопонӣ бозори чандон бузург нест. Барои нахуствазири Ҷопон бештар ҷанбаи сиёсиву геополитикии ин сафар муҳим аст. Ба эҳтимоли зиёд, Ҷопон бо ваъдаи расонидани кӯмак дар рушди ин ва ё он арса дар Тоҷикистон мехоҳад бо Чин рақобат кунад", - мегӯяд Верхотуров.
Аммо аз сӯи дигар, равобити иқтисодии Ҷопон бо Тоҷикистон ва Тоҷикистону Чин дар ҳоли ҳозир қобили қиёс нест. Тиҷорати байни Тоҷикистону Ҷопон дар соли 2014 ҳамагӣ 8 миллиону 964 ҳазор доллар буд, дар ҳоле, ки тиҷорати мутақобилаи Тоҷикистону Чин дар ҳамин давра ба беш аз 768 миллион доллар баробар будааст.
Муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҷопон ҳанӯз соли 1991 оғоз шуд. Таи ин солҳо Ҷопон барои сохтмони иншооти маишиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ба мисли мактабу бемористон ва бунёди хати оби ошомиданӣ беш аз 27 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, Ҷопон аз тариқи Оҷонсии рушд − JICA ва сафораташ дар Тоҷикистон 352 барномаи хурду бузургро дар Тоҷикистон иҷро кардааст, ки муҳимтаринаш таҷдиди роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа−Панҷи Поён ва сармоягузории сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аст.
Ҳоло бо сармояи ширкати “Коки”−и Ҷопон дар ноҳияи Қубодиён пойгоҳи дорусозии “Аввалин” фаъолият мекунад. Ҷопон бо Тоҷикистон дар соҳаи маориф низ ҳамкорӣ дорад ва аз соли 1993 то ҳоло 1800 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсил карда, мутахассисони зиёд курсҳои бозомӯзӣ ва тамринҳо гузаштаанд. Аз соли 2009 ба ин тараф хатмкнундаҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон таълимоти ниҳоиро дар Ҷопон анҷом медиҳанд ва соҳиби дипломи "магистр" мешаванд. Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намояндаи расмии ширктаи “Toyota” низ фаъол аст, ки мошинҳои нави ин ширкатро ба муштариён пешниҳод мекунад. Мардум дар Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти ҷопонӣ, назири телевизор, телефон, дастгоҳои наворбардориро меписанданд ва ин гуна молҳои Ҷопон дар Тоҷикистон харидори зиёд дорад.