Тоҷикистон аз Чин ним миллиард доллар қарзи нав мехоҳад

Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо як ҳайати Бонки давлатии рушди Чин дархости Душанбе барои 500 миллион доллар қарзи боимтиёз аз Пекин баррасӣ шудааст.

Чин имкони додани ним миллиард доллар қарзи нав ба Тоҷикистонро воқеӣ хондааст, вале мегӯяд, қарордоди ниҳоӣ дар ин бора «баъди муҳокима ва таҳлили тамоми паҳлуҳои ҳамкориҳои минбаъда” баста хоҳад шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи 2 июл дар мулоқот бо як ҳайати Бонки давлатии рушди Чин ба раҳбарии Лю Тао, муовини президенти шӯъбаи ин ниҳоди молӣ дар вилояти Шинҷон гуфтааст, Тоҷикистон барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна ба ҷалби тақрибан 500 миллион доллар қарзи дарозмуддати боимтиёз ниёз дорад. Ҳайати Чин гуфтааст, як ҳадафи асосии сафари онҳо ба Душанбе, баррасии ҳамин масъалаи дархости ним миллиард доллар қарз аз сӯи Душанбе буд.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “музокирот ба хотири ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Бонки давлатии рушди Чин аз моҳи май ба ин тараф идома

Абдуғаффор Қурбонов

доранд. Ҷаноби Нурмаҳмадзода дар дидор бо Лю Тао бори дигар ин мавзӯъро матраҳ кард ва Лю Тао ба навбати худ гуфт, ки баъди муҳокима ва таҳлили тамоми паҳлуҳои ҳамкориҳои минбаъда имконияти воқеии бастани шартнома оид ба ҷудо намудани ин 500 миллион доллар қарз вуҷуд дорад.”

Тарафҳо дар ин мулоқот ҷиҳати дар Пекин идома додани музокироти гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин тавофуқ кардаанд.

Бонки рушди давлатии Чин (China Development Bank) бузургтарин бонкҳои давлатии он кишвар аст, ки мустақиман ба Шӯрои давлатӣ – ниҳоди олии раҳбарии Чин – итоат мекунад. Ин бонк соли 1994 бо 50 миллиард юан, муодили 8 миллиард доллар, сармояи аввалия таъсис ёфта, асосан ба таъмини молии рушди соҳаҳои асосии саноат ва минтақаҳои алоҳидаи Чин, ҳамчунин ба анҷоми пардохтҳои марбут ба ниҳодҳои байналмилалии молӣ машғул мебошад.

Дархости Тоҷикистон барои боз ним миллиард доллар қарзи боимтиёз аз як ниҳоди молии Чин дар ҳолест ки қарзи хориҷии ҳукумати Тоҷикистон аз марзи 2 миллиард доллар гузаштааст. Беш аз 1 миллиард доллар аз қарзҳои Тоҷикистон қарзҳоест ки аз Пекин гирифтааст.

Чин дар солҳои охир ба яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, дар ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷрои тарҳҳое, чун бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, танҳо масири мошингард байни манотиқи шимол ва маркази Тоҷикистон, бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, тармими шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Узбакистонро асосан ширкатҳои Чин анҷом медиҳанд.

Бо онки бо аллакай 1 миллиард доллар қарзи додааш Чин мақоми бузургтарин қарздиҳандаи Душанберо дар даст дорад, моҳи сентябри соли 2014 раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Сӣ Ҷинпин зимни анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ба ин кишвар дар зарфи 3 соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар қарзу кӯмаки бештар дод.

Беш аз 3 миллиарди он, қарор аст, барои сохтани 400 километр қисмати тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин сарф шавад. Ин лӯлаи газ конҳои гази Туркманистонро ба вилоятҳои ғарбии Чин мепайвандад, вале тибқи тавофуқ, Тоҷикистон танҳо пули транзити газро мегирад ва ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯла барои таъмини иқтисодашро надорад.

Тоҷикистон ба далели кӯмакҳои саршори иқтисодиаш Чинро кайҳо боз аз ҷумлаи шарикони стротегии худ мешиносад ва зимни анҷоми сафари давлатии Сӣ Ҷинпин, ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба таври бесобиқа барои Сӣ Ҷинпин ва ҳамсари ӯ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиёфат орост.

Аммо бархе иқтисоддонҳо дар пасманзари афзоиши босуръати саҳми Чин дар таркиби қарзҳои хориҷии Душанбе ва дархости боз ним миллиард доллар қарзи дигар аз Бонки давлатии рушди Чин изҳори ташвиш мекунанд, ки агар Душанбе дар пардохти ин қарзҳои афзояндааш дасткӯтоҳӣ кунад, маҷбур мешавад, шартҳои Пекин, аз ҷумла дар мавриди дар бозори кораш пазируфтани шумори бештари коргарон аз он кишварро бипазирад.

Мавзӯи ҳузури шаҳрвандони Чин дар бозори кори Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақизеро ба бор овардааст. Бо онки беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол барои таъмини рӯзгори худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд, бино ба ҳисобҳо, дар Тоҷикистон ва асосан дар сохтмони роҳҳо ва дар бозорҳояш то 5000 нафар аз Чин кор мекунанд. Дар айни замон онҳое ҳам зиёданд, ки аз меҳнатдӯстии чиноиҳо ситоиш мекунанд ва мегӯянд, чиноиҳо бахусус дар бахши кишоварзӣ заминҳоеро, ки солҳо боз истифода намешуд, аз нав ба кор дароварданд.