18 медали Мансури 8-сола

Мансур Сабурови хурдҷусса тавонистааст, ки дар сабқатҳои зӯрозмоии универсалӣ ва муҳорибаи тан ба тан чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ 18 бор ҷои аввалро бигирад.

Мансур Сабурови 8-сола 18 кило вазн ва 18 медал дорад. Ӯ ин ҳамаро барои ҷои якум дар сабқатҳои зӯрозмоии универсалӣ ва муҳорибаи тан ба тан дар дохилу хориҷи кишвар соҳиб шудааст. Ҳоло ин дастовардҳояш як гӯшаи литсейи инноватсионии шаҳри Душанберо зеб медиҳад.

Ин навраси дар зоҳир хурдҷусса мегӯяд, хеле кам иттифоқ уфтодааст, ки бидуни дастовард аз майдони набард берун шавад. Мансури хурдсол ба гирифтани медали тилло то ҳадде одат карда, ҳатто назди худ шарт гузоштааст, ки агар дар сабқате барояш нишони ҷои дувум лоиқ дониста шуд, аз баҳри он хоҳад гузашт.

Ин варзишгари навраси дар зоҳир оромтабиат, замони вориди майдони набард шудан комилан тағйир меёбад ва бидуни пас гаштан ба рақиби худ ҳамла мекунад. Зеро ҳадаф ҳам дастболо шудан аз ҳарифӣ худ аст. Устодонаш ҳам мегӯянд, ҷасорати нуҳуфта дар ботинашро ғолибиятҳои пай дар пай бедор кардааст. Маҳз ҳамин ҳаракатҳои ба қавли устодон худодод ӯро аз толори варзишии тамрин то ба майдонҳои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бурд.

Мансур Сабуров, яке аз аввалин наврасонест, ки дар синии 8-солагӣ чемпиони ҷаҳон дар намуди варзиши муҳорибаи унверсалӣ миёни кӯдакони аз 7 то 9 сола гардид. Ӯ ин унвонро тобистони соли 2015 дар шаҳри Калугаи Русия, маҳалли баргузории мусобиқаи муҳорибаи универсалӣ миёни наврасони 40 кишвари ҷаҳон ба даст овардааст.

Дар ин мусобиқа Мансур Сабуров 4 ҳарифи худро бо ҳисоби 6 бар сифр шикаст дод ва бо гирифтани ҷои аввал – чемпиони ҷаҳон шуд. Ӯро дар ин ва дигар мусобиқаҳо, Фирдавс Шарифов, устоди риштаи муҳорибаи унверсалӣ, ҳамроҳӣ кардааст. Устоде ки ба гуфтаи Мансур чор сол ба ин сӯ ӯро тамрин медиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

18 медал -- дастовардҳои Мансури 8-сола

Мансур ҳоло дар синфи дувуми литсейи инновасионии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Омӯзгорон мегӯянд, ӯ танҳо бо тамрини варзиш машғул нест ва дар мактаб низ бо баҳои аъло мехонад. Одинамоҳ Одинаева, директори литсейи инноватсионии Душанбе мегӯяд, Мансур миёни хонандагон намунааст чунки, вақте ӯ ба синфи якум омад, аллакай соҳиби медал буд.

Аслан дар хонаводаи Сабуровҳо, ҳатто дар миёни хешовандонашон нафаре варзишгари ҳирфаӣ нест. Назира Сабурова - модари Мансур мегӯяд, танҳо завқу шавқи писараш онҳоро бетараф нагузошт ва ҳанӯз аз сини 4-солагӣ ӯро ба яке аз толорҳои варзишии Душанбе бурданд, то нерӯяшро дар роҳи нигоҳдошти солимии худ сарф кунад.

Хонум Сабурова ҳоло дар танҳоӣ ду фарзанди худ -Мансур ва Таҳминаро бузург мекунад ва талош дорад, орзуи падари хонаводаро ки мехост дасти болои писарашро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бубинад, амалӣ кунад.

Зеро Миралӣ Хоҷаев – падари Мансур ҳамагӣ 20-рӯз пеш аз сафари писараш ба мусобиқае, ки Мансур дар он чемпиони ҷаҳон шуд, аз бемории ногаҳонӣ фавтид. Ин навраси тоҷик, ки дар намудҳои гуногуни варзиши муҳорибаи универсалӣ тамрин мекунад, орзу дорад, теъдоди медалу дипломҳояшро бештар кунад ва дар мусобиқаҳои касбӣ ҳам чемпиони ҷаҳон шавад.