Сомон Маҳмадбеков дар Ҷопон нишони биринҷӣ гирифт

Somon Mahmadbekov

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи Osaka Grand Slam 2019, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ шуд ва бо 1500 доллари ИМА сарфароз гашт.

Сомон, ки дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод буд, имрӯз, 23-юми ноябр, дар даври дувум бар Бенҷамин Аксус аз Фаронса ғолиб омад. Ӯ баъдан Евгений Прокопчукро аз Русия шикаст дод, вале дар даври баъдӣ аз Масаши Ебинума аз Ҷопон мағлуб гашт.

Сомон дар даври тасаллобахш бар Жансай Смагулов аз Қазоқистон пирӯз шуд ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Паҳлавони тоҷик дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Арата Татсукаваи ҷопонӣ ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков моҳи октябри имсол дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни гуштигирони то 21-сола дар Марокаш дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали тилло ба даст овардааст.

Паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Осака дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, вале ба нокомӣ рӯбарӯ шуд. Ӯ аз Кенши Ҳарадаи ҷопонӣ шикаст хӯрд.

Дар вазни то 73 кило Масаши Ебинумаи ҷопонӣ, ки ҳамватанаш Соичи Ҳашимоторо мағлуб кард, бо медали тилло ва 5000 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Свейбйорн Лура аз Исландия дастболо шуд, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Антоин Валоис-Фортиер аз Канада бохт.

Дар вазни то 81 кило Таканори Нагасеи ҷопонӣ, ки бар ҳамватанаш Сотаро Фуҷивара ғолиб омад, бо медали тилло ва 5000 доллари ИМА сарфроз гашт.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Osaka Grand Slam 2019, ки то рӯзи якшанбеи 24-уми ноябр идома меёбад, 482 варзишгар (277 мард ва 205 зан) аз 87 кишвар ширкат дорад. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон – доир шудааст.

Рӯзи аввали мусобиқа - 22-юми ноябр, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат карданд. Рӯзи дувум - 23-юми ноябр - барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум шуданд. Мусобиқа рӯзи якшанбе, 24-уми ноябр, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Осака ба варзишгарон имкон медиҳад, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳо ба даст биёранд. Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз аз медалу имтиёз, ҳамчунин ҷоизаи молӣ супурда мешавад. Барои ҷойи аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ муқаррар шудааст.