Вазъи занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Сурия "бад шудааст". ВИДЕО

Паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" (Ал-Ҳол) баъд аз боронгариҳо

Бар асари сармо ва гуруснагиву беморӣ дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" (Ал-Ҳол)-и Сурия, ки занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик низ дар онҷо нигоҳ дошта мешаванд, садҳо кас фавтидааст. Ин паноҳгоҳи бузургтарин дар вилояти Ал-Ҳасака дар шимолу шарқи Сурия аст, ки дар онҷо 10 ҳазор хориҷӣ, аз ҷумла беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик қарор доранд.

Дар аксу видеое, ки занони тоҷик аз паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" фиристоданд, дида мешавад, тундбод хаймаҳоро вайрон карда, ба дохили он об даромадааст.

Марям, як зани тоҷик, ки дар паноҳгоҳи "Ал Ҳавл" қарор дорад, рӯзи 3-юми декабр вазъро "даҳшатбор" тасвир кард ва гуфт: "Зери хаймаҳои дарида ва пурнам бо кӯдакони хурдсол зиндагӣ мекунем. Ҳама бемор шудаанд. Хӯрок намерасад, дору нест. Духтурон низ ҳамаро ташхис карда наметавонанд."

Ин зан гуфт, даҳҳо кӯдак дар як ҳафтаи охир фавтидааст, вале ин иддаои ӯ ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Моҳи октябри имсол Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориши худ вазъи бошандагони паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл"-ро “ваҳшатнок” тасвир кард. Дар ин гузориш гуфта мешавад, садҳо нафар аз гуруснагӣ ва бемориҳои сироятӣ дар ин паноҳгоҳ ҳалок шудаанд. Дар чанд моҳи ахир низ ҳалокати 290 кӯдак сабт шудааст.

Паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл"

Тамосҳои телефонӣ бо занони тоҷики муқими ин паноҳгоҳ ба сахтӣ даст медиҳад, чун мавҷ дар онҷо аксар вақт хароб мешавад. Гулчеҳра, як зане, ки наберааш дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва ҳамарӯза бо занон дар тамос аст, мегӯяд, аҳволи онҳо аз он чӣ Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, бадтар шудааст.

Духтари ин зан дар Сурия нопадид шудааст, вале набераашро як зани тоҷик дар ин паноҳгоҳ нигаҳбонӣ мекунад. "Тамоми талошам ҳамин аст, ки набераамро биоранд. Ҳар рӯз аҳволашон бадтар мешавад. Барои ягона нишон аз духтарам нигарон ҳастам," -- гуфт ӯ.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, аксаран дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" кӯдакони тоҷике қарор доранд, ки волидонашон дар ҷангҳо кушта шудаанд. Аксари занону кӯдакони тоҷик аввали имсол пас аз озодсозии минтақаи Боғуз, охирин пойгоҳи ДОИШ дар Сурия ба "Ал-Ҳавл" интиқол ёфтанд.

Ҷамил Салоҳ, як намояндаи нерӯҳои курди Сурия, ки "Ал-Ҳавл" зери назорати онҳост, рӯзи 2-юми декабр дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, "вазъият хуб аст".

Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябри имсол эълон карданд, ки нақшаи баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро аз Сурия доранд. Пас аз ҳамлаи Туркия ба Сурия дар моҳи октябр ин нақша ба таъхир афтод.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт, ки масъули баргардонидани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия низ ҳаст, рӯзи 2-юми декабр гуфт, мунтазири кафолати амниятӣ аз ҷониби давлати Сурия ва нерӯҳои курд ҳастанд.

Ӯ гуфт, масъалаи баргардонидани занону кӯдакон дар болотарин сатҳи ҳукумат матраҳ ҳаст ва ҳамарӯза аз ӯ дар ин бора мепурсанд. "Мо рафтем ва бо ҳама ҷонибҳо суҳбат кардем. Ҳама чиз омода аст ва фақат интизори иҷозати расмӣ ҳастем. Мавзуъ зери назорати Вазорати корҳои хориҷӣ ва президенти кишвар аст. Мо ба ҳукумати Сурия нома кардем, ки барои мо иҷозати рафтан ва гузаштан аз қаламравашон ба ин минтақаро диҳанд. Ин масъала ҷиддӣ пайгирӣ мешавад ва иҷозат шуд, баргардонидан оғоз мешавад", -- шарҳ дод сафир.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазъи аъзои боздоштшудаи оилаҳои ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия

Дар чанд паноҳгоҳи Сурия, ки зери назари нерӯҳои курд қарор доранд, 575 зану кӯдаки тоҷик сабт шудааст. Мақомот мегӯянд, эҳтимол шумора аз ин бештар бошад.

Занони тоҷик дар ин паноҳгоҳ мегӯянд, агар барномаи бозгардонии онҳо ба дарозо кашад, эҳтимоли афзудани талафот вуҷуд дорад. Занону кӯдакони тоҷике, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳо дар Сурия қарор доранд, аз соли 2014 то 2016 бо ҳамсарони худ ба ин минтақа рафтаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайвастан ба гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки соли 2014 қисме аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро ишғол карда буд, ба Ховари Миёна рафтаанд. Бархе занону кӯдакони тоҷик дар Сурия ва Ироқ пайдо шуданд, вале сарнавишти садҳо нафари дигар маълум нест.

То кунун тақрибан сад кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. Бархеи онҳоро ба наздиконашон доданд, бахши зиёд дар мактаб-интернатҳо ҳастанд. Даҳҳо зани тоҷик дар Ироқ ба муддати тӯлонӣ ё умрбод ба зиндон маҳкум шудаанд.