Пирӯзии ду муштзани ҳирфаии тоҷик дар “Шоми ситораҳо” дар Екатеринбург

Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик

Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи “RСС boxing Promotions”, ки 7-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир гардид, бори чорум камарбанди “WBC International”- ро ҳифз кард.

Рақиби муштзани тоҷик дар мусобиқаи “Шоми ситораҳо”, ки бори 35-ум доир гардид, Томас Рохаси мексикоӣ буд. Ёқубов, ки дар ҷараёни 12 раунд бартарӣ дошт, бо тасмими доварон (118-110, 119-110 ва 117-111) бар рақибаш ғолиб эълон шуд.

Зимнан, ин 16-умин пирӯзии Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Аз ин пеш ӯ дар 15 рақобат, аз он ҷумла дар 9-тоаш бо нокаут, ғолиб шуда буд. Ҳамин тариқ, ин муштзани 24-солаи тоҷик дар ҳамаи рақобатҳояш ғолиб омада, шикастнопазир боқӣ монд.

Муҳаммадхуҷа Ёқубов 31-уми марти соли 1995 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Аввалин рақобати ӯ дар бокси ҳирфаӣ 12-уми декабри соли 2015 доир гардидааст. Қадаш 1 метру 65 сантиметр, вазнаш 56,8 кг мебошад. Ӯ ба як қатор унвонҳои баланд - ғолиби мусобиқоти минтақавӣ ва ҷавонон аз рӯи WBC, WBA, IBF ва WBO даст ёфтааст. Лақабаш шер аст. Шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Феълан дар шаҳри Сургути Русия ба сар мебарад.

Муштзани дигари тоҷик Асрор Воҳидови 24-сола низ дар мусобиқаи “Шоми ситораҳо” дар Екатеринбург бар Эржан Залилов аз Қазоқистон пирӯз гардид. Ӯ аз ибтидо то анҷоми муҳориба бартарии комил дошт ва баъди хотимаи шаш раунд бар рақибаш дастболо шуд. Ин 7-умии пирӯзии Воҳидов дар бокси ҳирфаӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Асрор Воҳидов соли 2011 дар бокси ҳаваскорӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 48 кило байни наврасон даст ёфта буд. Ӯ дар даври ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон бар Владислав Красношеин аз Русия пирӯз шудааст. Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) Асрор Воҳидовро беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон карда буд.

Асрор Воҳидов, ки 20-уми октябри соли 1995 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст, инчунин дар риштаи кикбоксинг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шудааст. Қадаш 1 метру 55 сантиметр, вазнаш 56 кг мебошад. Дар комёбиҳои ӯ саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи бокс, бузург аст.